Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
(2)

ЭЪЛОН:Шаҳрвандони муҳтарам!Бинобар сабаби боридани боришод дар рӯзҳои охир дар ноҳияи Варзоб ва баланд гардидани тирагии...
16/10/2024

ЭЪЛОН:

Шаҳрвандони муҳтарам!
Бинобар сабаби боридани боришод дар рӯзҳои охир дар ноҳияи Варзоб ва баланд гардидани тирагии об дар канали деревиатсионии Варзоб ФИШОРИ ОБ дар истгоҳҳои обтаъмикунии “ХУДҶОРЕЪ” ва “ФИШОРӢ” ПАСТ КАРДА мешавад. Ҳолати мазкур МУВАҚҚАТӢ БУДА, ба хотири чораандешӣ ҷиҳати коркарду безараргардонии об андешида мешавад. Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем ба таҳлука наафтанд ва вазъиятро то МУЪТАДИЛ ГАРДИДАНИ ТИРАГИИ ОБ дар дарёи ВАРЗОБ дуруст дарк намоянд.

11/10/2024
ИМРӮЗИ ДУШАНБЕ!!!
09/10/2024

ИМРӮЗИ ДУШАНБЕ!!!

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ВОБАСТА БА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТИИ РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ    ш.Душанбе. 08.10.2024. Имрӯз дар толори ...
08/10/2024

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ВОБАСТА БА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТИИ РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

ш.Душанбе. 08.10.2024. Имрӯз дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Рустам Раҳим ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласа таъмини дастуру супоришҳо ва иҷрои Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба Барномаҳои давлатии рушди соҳаи кишоварзӣ, самаранок истифода гардидани заминҳои кишоварзӣ, таъмини рафти кишти тирамоҳӣ, ҷамъоварии ҳосили кишти такрорӣ ва инчунин иҷрои саривақтии супоришҳои гуруҳи кори оид ба дақиқсозии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ки шурӯъ аз санаи 09 октябри соли 2024 ба кори худ оғоз менамояд, баррасӣ гардид.
Дар фарҷом муовини Раиси шаҳр Фақерзода Рустам вобаста ба ислоҳи камбудиҳо ва иҷрои дастуру ҳидоятҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ, БА М...
05/10/2024

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ, БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Ҳамватанони азиз!
Сокинони муҳтарами пойтахт!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари арзишҳои маънавӣ ва оинаи ибратбахши рӯзгори мо - тоҷикон аст, самимона табрик мегӯям.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доираи истифодаи забони нобу шоиронаи тоҷикӣ ба таври куллӣ вусъат гирифта, он дар бахтномаи миллат – Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид.
Забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ буда, чун ҷисми зинда барои афзудани тавонмандии худ ба ғамхориву пуштибонии пайвастаи давлату ҷомеа ниёз дорад.
Мавриди зикри хос аст, ки далели бостонӣ будани миллати тоҷик ва забони тоҷикӣ ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни ориёӣ дар осори зиёди илмиии донишмандону олимони баландпояи ҷаҳонӣ исботи худро ёфтааст.
Давлат бе забон вуҷуд дошта наметавонад ва забон шиносномаи давлат ва гузашта аз ин, яке аз муқаддасоти асосии он мебошад.
Аз ин рӯ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ - ин эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни кулли башар ва омили муҳимми таҳкими ҳамгироиву ҳамкорӣ миёни халқҳои гуногун мебошад.
Бори дигар Рӯзи забони давлатиро ба кулли мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ самимона табрик гуфта, орзуманди он ҳастам, ки минбаъд низ ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯсти Тоҷикистони азиз тамоми саъю талоши худро барои ҳифзу нигоҳдорӣ ва рушду инкишофи забони давлатӣ равона менамояд.
Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони гиромӣ!

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ БА МУНОСИБАТИ "РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" ВА "РӮЗИ ОМӮЗГОРОН" ДАР ПОЙТАХТ   ш.Душанбе...
04/10/2024

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ БА МУНОСИБАТИ "РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" ВА "РӮЗИ ОМӮЗГОРОН" ДАР ПОЙТАХТ

ш.Душанбе. 04.10.2024. Имрӯз дар толори Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим бахшида ба "Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Рӯзи омӯзгорон" ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарону кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони мақомоти қонунгузорӣ, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аҳли илму маорифи пойтахт, собиқадорони соҳа, иштирочиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ҷашни фархундаи Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ табрику муборакбод намуданд.
Қайд гардид, ки забони давлатӣ дар тӯли таърих миллати тоҷикро аз нестшавӣ эмин нигоҳ дошта, муҳимтарин унсури давлатдорӣ дар замони муосир маҳсуб мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз касби Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ мақоми давлатиро касб намуд.
Бояд қайд намуд, ки ҳамасола Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Ба муносибати ҷашнҳои мазкур як қатор омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф ва илм, собиқадорон ва ҷавонон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе, нишони Аълочии маориф ва илм ва сипосномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар идомаи ҳамоиш барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар пешкаши иштирокчиён карда шуд.

02/10/2024

ИҶЛОСИЯИ НУЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ВА МАРОСИМИ БОТАНТАНАИ ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН  БА ХИЗМАТИ МОДАР ВАТАН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ    ш.Душан...
01/10/2024

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ВА МАРОСИМИ БОТАНТАНАИ ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН БА ХИЗМАТИ МОДАР ВАТАН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ш.Душанбе. 01.10.2024. Дар робита ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2024, №856 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 4 сентябри соли 2024, №615 «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ» маросими ботантанаии гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид.
Ба ин муносибат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе санаи 1 октябр дар Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии “Аҳорун” чорабинии тантанавӣ ва маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, раиси ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи кор бо ҷавонон, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, роҳбарони комиссариатҳо ва қисмҳои ҳарбӣ, падарону модарони даъватшудагон иштирок намуданд.
Дар қисмати расмии чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб ва муовини Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ барномаи консертӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”   ш.Душанбе. 28.09.2024. Имрӯз дар пойтахт маросими ҷамъ...
28/09/2024

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

ш.Душанбе. 28.09.2024. Имрӯз дар пойтахт маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмунҳо, ҳайати ҳакамон, ғолибони даври шаҳрӣ аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ширкат намуданд.
Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар баромад намуда, қайд намуданд, ки «Ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” аз ташаббусҳои навбатии беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳавасмандгардонии қишрҳои гуногуни ҷомеа ба омўзишу донишандӯзӣ, навҷӯиву навоварӣ ва истифодаи имкониятҳои илм дар амал маҳсуб меёбад.
Дар идома 66 нафар ғолибони ҷойи сеюми даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» аз рӯйи ҳафт номинатсия бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 44 нафар бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ ва 22 нафар ҷойи якум бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

БАРГУЗОРИИ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ ДУШАНБЕ - 2024 ш.Душанбе. 26.09.2024. Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ д...
26/09/2024

БАРГУЗОРИИ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ ДУШАНБЕ - 2024

ш.Душанбе. 26.09.2024. Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) оғоз гардид, ки то 27 сентябр идома меёбад.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар баргузории намоишгоҳро яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва сармояи мустақим, инчунин ба таври беҳтар пешкаш намудани хизматрасонӣ барои тавсеаи ҳамкорӣ байни шаҳрҳо ва пойтахтҳо, субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ ва доираҳои манфиатдор арзёбӣ намуд.
Дар DITE-2024, ки дар Маркази Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (Dushanbe Expo) баргузор шуд, субъектҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, инчунин бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики он, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ маҳсулот ва хизматрасонии худро муаррифӣ намуданд.
DITE-2024 бо мусоидати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии «Сомон Тревэл», «Кинг Тур» ва «Диёр Тревэл» бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ баргузор карда шуд.

ОМОДАГӢ ҶИҲАТИ ДАР САТҲИ БАЛАНД ТАҶЛИЛ НАМУДАНИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ      ш.Душанбе. 26.09.2024. Имрӯз б...
26/09/2024

ОМОДАГӢ ҶИҲАТИ ДАР САТҲИ БАЛАНД ТАҶЛИЛ НАМУДАНИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ш.Душанбе. 26.09.2024. Имрӯз бо мақсади таъмини иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 4 сентябри соли 2024, №615 "Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006" ба хизмати ҳарбӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи даъватшаванда дар шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии фарҳангтю фароғатии "Аҳорун" бо роҳбарии раиси Комиссияи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе, муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон ҷаласаи корӣ доир гардид.

Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Маҷлиси...
26/09/2024

Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Маҷлиси Олӣ - Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!
Шуморо ба муносибати санаи фархундаи Рӯзи Маҷлиси Олӣ - Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҷлили он ба 26 сентябр рост меояд, самимона табрик мегӯям.
Зери сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи амалӣ намудани ислоҳоти конститутсионӣ дар кишвар, ки 26 сентябри соли 1999 ба вуқӯъ пайваст, дар ҷумҳурӣ ба таъсиси Маҷлиси Олии дупалатагӣ – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон замина гузошта шуд, ки он шурӯъ аз соли 2000 то имрӯз фаъолияти самараноку муназзам дорад.
Мақоми олии қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олӣ дар радифи иҷрои рисолати қонунэҷодкунӣ ва намояндагӣ аз халқ, танзими пояи ҳуқуқӣ ва қолаби қонунии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тавонист низоми ҳуқуқии кишварро ба низоми ҳуқуқии давлати комилан мустақили миллӣ табдил диҳад.
Парламенти Тоҷикистон дар баробари истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ роҳи таърихии ҳуқуқэҷодкунии мамлакатро дар пайвастагӣ бо манфатҳои миллӣ таҳия намуда, бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар таҳияи низоми ҳуқуқии кишвар, тавсеаи демократия, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаклгирии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷик нақши муҳим мебозад.
Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ҳувият ва ифтихори миллӣ дар масири пешбурди сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқонаву софдилона фаъолият менамоянд ва тавассути қабули қонунҳои пурсамар дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ саҳми босазо мегузоранд.
Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз, хосатан кулли вакилону намояндагони интихобнамудаи мардумро ба муносибати Рӯзи Маҷлиси Олӣ - Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва иқболу хушбахтӣ орзу менамоям.

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ РОҲИ ОҲАНИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ  ш.Душанбе. 25.09.2024. Имрӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Саид...
25/09/2024

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ РОҲИ ОҲАНИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ

ш.Душанбе. 25.09.2024. Имрӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс бо ҳайати Корпоратсияи роҳи оҳани миллии Ҷумҳурии Корея бо роҳбарии Бханг Мун Ҷинг - сардори Департаменти лоиҳаҳои байналмилалии ин ниҳод мулоқот намуданд.
Дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳои мубрами рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои шаҳри Душанбе ва Корпоратсияи роҳи оҳани миллии Ҷумҳурии Корея мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ ДУШАНБЕш.Душанбе. 25.09.2024. Бо иқдоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳур...
25/09/2024

БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ ДУШАНБЕ

ш.Душанбе. 25.09.2024. Бо иқдоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 25-27 сентябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition (DITE)-2024») баргузор гардид.
Дар маросими расмии ифтитоҳи DITE-2024 намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони бародаршаҳрҳо ва аъзои ташкилоту созмонҳое, ки ба онҳо шаҳри Душанбе шомил аст, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, сохторҳои шаҳрӣ, субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, хизматрасонии нақлиётӣ, истеҳсоли армуғонӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ ва фарҳангиву таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар DITE-2024, ки дар Маркази Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (Dushanbe Expo) баргузор шуд, субъектҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, инчунин бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики он, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ маҳсулот ва хизматрасонии худро муаррифӣ намуданд.
DITE-2024 бо мусоидати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии «Сомон Тревэл», «Кинг Тур» ва «Дёир Тревэл» бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ баргузор карда шуд.
Дар ҳошияи Намоишгоҳ Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе низ баргузор карда шуд. Иштирокчиёни форум доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии Тоҷикистон, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ суханронӣ ва табодули андеша намуданд.
Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои намояндагони ширкатҳои сайёҳиву роҳбаладон ва ҳайати хизматрасонҳо дар тарабхонаву меҳмонхонаҳо машғулиятҳо (мастер классҳо) доир карда шуда, аз рӯи натиҷаи онҳо ба ба хатмкунандагон дар вазъияти тантанавӣ гувоҳномаҳо тақдим гардиданд.
Дар доираи DITE-2024 инчунин дар шакли B2B (соҳибкор бо соҳибкор) вохӯриҳо баргузор гардида, санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки ба рушди соҳаи сайёҳии ҷонибҳои иштирокдор мусоидат менамоянд.
Барои иштирокдорони DITE-2024 cайри шомгоҳӣ ба мавзеъҳои сайёҳии пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва боздид аз «Маҷмааи Истиқлол» ташкил карда шуд.
Дар назди Шаршараи Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ чорабинии фарҳангиву фароғатӣ, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил гардид, пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд.
Баргузории чунин намоишгоҳҳо яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва сармояи мустақим, инчунин беҳтар пешкаш намудани хизматрасонӣ буда, барои тавсеаи ҳамкорӣ байни шаҳрҳо ва пойтахтҳо, субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ ва доираҳои манфиатдор заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳҳои бузурги сайёҳӣ дар аксар кишварҳои олам ҳамасола ташкил гардида, дар онҳо зиёда аз 5000 ширкати марбут ба соҳаи сайёҳӣ аз давлатҳои ҷаҳон иштирок ва маҳсулоти худро муаррифӣ менамоянд.

МУЛОҚОТ БО МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ШЕРОЗ ЧОУБИНИ МУҲАММАДАЛӢИмрӯз дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ша...
24/09/2024

МУЛОҚОТ БО МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ШЕРОЗ ЧОУБИНИ МУҲАММАДАЛӢ

Имрӯз дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо муовини раиси шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон Чоубини Муҳаммадалӣ, ки ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо маҷмӯи масоили ҳамкорӣ миёни Душанбеву Шерозро баррасӣ намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе аз рушду тавсеаи назарраси равобити бародаршаҳрӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо шаҳри Шероз ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо омодаем минбаъд низ барои тақвияти он тадбирҳои муштараки амалӣ андешем.
Ба густариши муносибатҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоду тиҷорат, тақвияти равобити илмию омӯзишӣ ва рушди ҳамкории фарҳангӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ҷоиз ба зикр аст, ки муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни ду шаҳр 16 феврали соли 1992 бо имзои Шартнома оид ба бародаршаҳрии шаҳрҳои Душанбе ва Шероз истиқрор гардида, он самтҳои асосии ҳамкориҳои тарафайнро дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ, сохтмону шаҳрсозӣ, саноат, ҷавонон, сайёҳӣ ва ғайра муайян мекунад.

ҲАМОИШИ ТАНТАНАВИЮ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ КАСБУ КОРИ ГУНОГУНИ ПОЙТАХТ, ТАҲТИ УНВОНИ “ҶАВОНОН МЕРОСДОРИ АРЗИШҲОИ СОҲИБИСТИҚЛО...
20/09/2024

ҲАМОИШИ ТАНТАНАВИЮ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ КАСБУ КОРИ ГУНОГУНИ ПОЙТАХТ, ТАҲТИ УНВОНИ “ҶАВОНОН МЕРОСДОРИ АРЗИШҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР”

ш.Душанбе 20. 09. 2024. Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифти ҳуқуқӣ” аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, роҳбарият ва устодони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, сарбозону афсарон, мураббиён ва варзишгарони муассисаҳои варзишӣ, федератсияҳои варзишӣ, фаъолҷавонони касбу кори гуногун ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Қабл аз оғози Ҳамоиш иштирокчиён филми ҳуҷҷатии "Душанбе шаҳри ҷавонӣ”-ро дастаҷамъона тамошо намуданд.
Қисмати тантанавии ҳамоиш бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сарбозони Гвардияи миллии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар идома муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим аз таваҷҷӯҳу дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ба рушду нумӯи бемайлони сиёсати давлатии ҷавонони ва соҳаи варзиш дар заминаи тадбирҳо ва чорабиниҳои илмиву маърифатӣ ва фарҳангиву варзишии сатҳи шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ асос гузоштанд, ибрози андеша намуд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии имрӯза пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ҳуввияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва дар ин замина таҳкими зиракии сиёсии ҷавонон, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, риояи одоби шаҳрнишинӣ маҳсуб ёфта, барои ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва тозагиву хуррамгардонии кишварамон, махсусан пойтахти он - шаҳри Душанбе маънидод гардид.
Ҳамчунин дар Ҳамоиш нависандаи халқии Тоҷикистон, иштирокчиии Иҷлосияи 16 – уми Шурои Олии Тоҷикистон Ато Ҳамдам, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадизода Нозим Давлатмурод, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурдаззозода Ораз дар мавзӯъҳои вобаста ба “Истиқлоли давлатӣ – ҳамчун омили ташаккули давлати демократӣ дар Тоҷикистон”, "Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва адабӣ" ва "Ҷавонон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар марҳилаи муосири инкишофиа Тоҷикистон” баромад намуданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо пешниҳоди сурудҳои ватандӯстона аз ҷониби аҳли фарҳангу санъат анҷомбахшӣ чорабинӣ гардид.

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ТАДОРУКОТ    ш.Душанбе. 19.09.2024. Имрӯз дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давл...
19/09/2024

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ТАДОРУКОТ

ш.Душанбе. 19.09.2024. Имрӯз дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили сазовори Рӯзи забони давлатӣ ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Зимни ҷаласа қайд гардид, ки бахшида ба ин ҷашнҳои муҳимми давлатӣ дар шаҳри Душанбе баргузории чандин чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва илмии сатҳи баланд дар назар дошта шудааст.
Вобаста ба ин ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас оид ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва 30-юмин солгарди қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуданд.

14/09/2024

НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ ДУШАНБЕ-2024

ВОХӮРИИ МУОВИНОНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ ЧИНӢш.Душанбе. 13.09.2024. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳоки...
13/09/2024

ВОХӮРИИ МУОВИНОНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ ЧИНӢ

ш.Душанбе. 13.09.2024. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва Раҳимзода Толиб бо роҳбарияти ширкати чинии «Xiongan times Technology Group Co., LTD Abit investment (Hong Kong) Co., LTD» мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар навбати худ, роҳбарияти ширкати хитоӣ лоиҳаи сохтмони корхонаи коркарди партовҳоро пешниҳод кард ва зарурати чунин корхонаҳоро барои коркарди дуюми партовҳои сахти маишӣ қайд намуданд. Дар мулоқот масъалаҳои барои ҳарду ҷониб манфиатбахш мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

ДУШАНБЕИ ГУЛБАДОМОН!!!
13/09/2024

ДУШАНБЕИ ГУЛБАДОМОН!!!

МАЙДОНИ ГУЛИСТОНИ ИСТИҚЛОЛ
10/09/2024

МАЙДОНИ ГУЛИСТОНИ ИСТИҚЛОЛ

ТАНТАНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ   ш.Душанбе. 09.09.2024. Шоми имрӯз дар Майдони Истиқлол барномаи консертии бо...
09/09/2024

ТАНТАНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ш.Душанбе. 09.09.2024. Шоми имрӯз дар Майдони Истиқлол барномаи консертии бошукуҳ бо иштироки ҳунармандони саршиноси кишвар баргузор гардид.
Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед баромад намуда, табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли кишвар ба кулли сокинони пойтахт ва меҳмонони он расониданд.
Қайд гардид, ки даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 33 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.
Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.
Сипас чорабинии ҷашниро ҳунармандони намоёни кишвар бо суруду таронаҳои саршор аз тараннуми Ватану Меҳан зиннати хосае бахшиданд.
Дар охир мушакпарронии зебое пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахти кившар-шаҳри зебои Душанбе гардонида шуд.

09/09/2024

33-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК, ҲАМВАТАНИ АЗИЗ!!!

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ, БА М...
09/09/2024

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ, БА МУНОСИБАТИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Ҳамватанони азиз!
Сокинони шарафманди пойтахт!

Истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин дастоварде мебошад, ки миллати сарбаланди мо онро ҳамасола 9 сентябр бо ифтихору сарфарозӣ ва шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирад.
Ба ин муносибат тамоми сокинони ватандӯсти кишварамонро самимона табрик мегӯям.
Боиси ифтихормандист, ки сокинони сарбаланди мамлакат дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, пойдевори давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гузошта, баҳри пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ талош варзиданд.
Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, имрӯз ҳамчун кишвари пешоҳанги сулҳҷӯ тавассути ташаббусҳои созанда дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра саҳмгузорем.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат бо бунёди роҳу пулҳо, нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ ва садҳо корхонаи бузурги саноатӣ - Тоҷикистон ба як қаламрави воҳид ва кишвари транзитӣ мубаддал гардид.
Маҳз истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик гардонид ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти маҳбуби кишвари мо боиси болоравии бесобиқаи нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.
Истиқлоли давлатӣ барои кишвари ҷавони мо як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, моро зарур аст, ки баҳри таҳкиму устуворӣ ва рушди минбаъдаи он дар ҳамбастагӣ тамоми нерӯи зеҳнии хешро равона созем.
Имрӯзҳо ҳар яки мо вазифадорем, ба арзишу дастовардҳои истиқлоли давлатӣ арҷ гузорем ва дар роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои давлати озоду соҳибистиқлоламон саъю талоши бештар намоем.
Мо таҳкиму тақвияти истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти кишварро рисолати муқаддаси худ меҳисобем.
Дар фарҷом, бо ибрози ниятҳои нек ҷашни муқаддаси миллӣ – 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро ба тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, саодати рӯзгор, комёбӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона ва ояндаи дурахшонро орзу менамоям.

Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

БАРГУЗОРИИ ПОЙГАИ АСПДАВОНӢ ДАР ПОЙТАХТ  ш.Душанбе. 08.09.2024. Дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 авгу...
08/09/2024

БАРГУЗОРИИ ПОЙГАИ АСПДАВОНӢ ДАР ПОЙТАХТ

ш.Душанбе. 08.09.2024. Дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 августи соли 2024, №582 мусобиқаи пойгаи аспдавониро бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пойгаи аспдавонӣ доир гардид.
​Мусобиқа дар ҳамкорӣ бо Федератсияи “Пойга ва бузкашӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар он чобуксаворон ва аспҳои хоҷагиҳои асппарварӣ, ҷамъиятию хусусии вилоятҳо, шаҳрию ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд, ки маблағи умумии ҷоизаҳо 279750 сомониро ташкил медиҳад.
Қобили қайд аст, ки мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ байни аспҳои зоти тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинии синну солашон аз 2 то 4 сола дар 8 марҳила ва дар масофаҳои аз 1200 то 1800 метр баргузор гардида, ғолиби мақоми аввал ба 10000 сомонӣ, ҷойи дуюм ба 7000 сомонӣ ва зинаи сеюм ба 5000 сомонӣ, инчунин диплом, медал ва ҷом қадрдонӣ карда шуданд.
Мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба намудҳои миллии варзиш хусусан, пойгаи аспдавонӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Address

Tajikistan, Street Rudaki 40
Dushanbe

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

Videos

Share