Азия-Плюс тоҷикӣ

Азия-Плюс тоҷикӣ Ҳамаи хабарҳои Тоҷикистон аз Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс"

Дӯстони арҷманд, сипосгузорем, ки бо мо ҳастед ва хабарҳои моро пайваста мехонед.

Ҳамзамон аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки бо қоидаҳои ин саҳифа шинос шавед.

Дар ин саҳифа МАМНӮЪ аст:

1. Таблиғи дидгоҳ, гурӯҳ ва равияҳои ифротӣ, барангехтани бадбинию хусумати миллӣ ва динӣ;

2. Даъват ба амалҳои зӯроварӣ, аз ҷумла, сарнагун кардани ҳукумат;

3. Навиштани шарҳе, ки шаъну эътибори одамонро п

аст мезанад;

4. Истифодаи дашном, таҳқир ва таҳдид нисбат ба кормандони “Азия-Плюс” ва дигар корбарони ин саҳифа;

5. Танқиди беасоси маҳсулот ва хизматрасонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ширкату корхонаҳо), ки ба эътибори тиҷоратии онҳо осеб расонида метавонад;

6. Таблиғи тиҷоратӣ (реклама) зимни шарҳнависӣ.

Риоя накардани қоидаҳои ин саҳифа боиси масдуд (блок) шудани корбар бидуни ҳушдор мешавад.

Барои дарку фаҳмиш сипос.

“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ...
17/01/2025

“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён

Дар ҷараёни ин сафар ва дидору суҳбатҳои сарони ду давлат, суханҳои берун аз расмият зиёд гуфта шуд.
______
Муаллиф: Шаҳноз Ализода, Азия-Плюс

Имрӯз, 17-уми январ, сафари давлатии Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ба анҷом расид. Ӯ Душанберо бо мақсади сафар ба Маскав тарк намуд.
Дар ин сафаре, ки ду рӯз идома кард, Масъуд Пизишкиён бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот ва гуфтугӯи расмӣ намуд. Миёни ду давлат 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар ҷараёни ин сафар ва дидору суҳбатҳои сарони ду давлат, суханҳои берун аз протоколи расмӣ зиёд гуфта шуд.

Масалан, Эмомалӣ Раҳмон ба тоҷирони эронӣ гуфт, “сармоягузорӣ мекунед ё не, ҳар вақт ва бо оилаатон биёед ба Тоҷикистон”.
Масъуд Пизишкиён ҳам бо хитоб ба тоҷикон таъкид кард, ки “эҳсос кунед, ки Эрон як сарзамини дигаре аст, ки метавонед дар онҷо зиндагӣ кунед”.

Мо суханҳои ҷолибу самимии раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Эронро дар як мавод гирд овардем.

“Ба хонаи худатон хуш омадед”
Бояд зикр кард, ки ин аввалин сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон пас аз интихобаш ба курсии раиси ҷумҳури Эрон буд. Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.

Баъдтар, зимни вохӯрии расмӣ дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Масъуд Пизишкиён гуфт: “Ба хонаи худатон хуш омадед”.
“Сафари Шумо қувваи нав дар равобити гуногунсамти Тоҷикистону Эрон мегардад. Сафари шумо сафари бобаракат хоҳад буд. Хуш омадед!”,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҷавоб Масъуд Пизишкиён зикр кард, ки аз сафар ба Тоҷикистон “хеле хушҳол аст”.

“...эҳсоси ғурбат ҳам намекунам, мисли кишвари худамон аст. Хиёбонҳо, сохтмонҳо, майдонҳо ҳамааш ошност барои мо. Ҳамаи исмҳое, ки шумо дар хиёбонҳо, майдонҳо гузоштаед, ҷузъи китобҳои мост. Мехонем ва эҳсос мекунем, ки воқеан дар Эрон ҳастем, хеле барои ман ҷолиб ва қашанг аст, чун дар ҳеҷ нуқтае аз дунё чунин ҷойро мо суроғ надорем”, - гуфт Пизишкиён.

Пас аз суханҳои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон Масъуд Пизишкиёнро ба ҷашни Наврӯз даъват карда, гуфт, “ҷашни Наврӯзи мо ҷашни хонаводагӣ нест, ҷашни умумимиллӣ аст. Ҳама хурсандӣ мекунанд, 12 рӯз не, 1 моҳ тамоми гӯшаву канори мамлакат хурсандӣ мекунад”.

“Маблағгузорӣ мекунед, намекунед бо хонаводаатон ба Тоҷикистон биёед”
Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Масъуд Пизишкиён баъди нисфирӯзӣ дар бинои “Маркази ош”-и шаҳри Душанбе дар ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ду кишвар иштирок ва суханронӣ карданд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҳамоиш аз соҳибкорон ва меҳмонон низ даъват кард, ки дар ҷашни Наврӯз бо аҳли оилаашон ба Тоҷикистон ташриф оранд.

“Биёед, маблағгузорӣ мекунед, намекунед, ҳамчун хонаи худатон ҳамроҳи хонаводаатон дар фасли баҳору тобистону тирамоҳ, ҳар вақте, ки барои худатон қуллай бошад, ба Тоҷикистон биёед. Рафту омад кунед, мо таърихи миллии гузаштаи худро бояд дубора эҳё кунем”,- афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сӯҳбати худ гуфт, ки “мо як мардум ҳастем, фарҳанги муштарак дорем”.

“Мо мегӯем, ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ моли мост, бародарони эронӣ мегӯянд, ки сардафтари адабиёти форс аст. Мо хафа намешавем, бигзор бошад. Мо мегӯем, ки Фирдавсӣ моли мост, мо “Шоҳномахонӣ”-ро эълон кардем, бародарони эронӣ низ ҳамин корро сар карданд....мо якдигарро пур кардем, нагузоштем, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ равад”, - иброз дошт ӯ.

“Мо дар Тоҷикистон, шумо дар Эрон”
Масъуд Пизишкиён дар ин ҳамоиш гуфт, ки Эрон омодааст, ки ҳамаи монеаҳое, ки дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ мавҷуд аст, аз байн бардорад.

“Ҳеҷ монеа барои он ки бо Тоҷикистон робита барқарор кунем, тиҷорат кунем, илму санъату фанноварию кишоварзӣ ва таҷрибаҳои мухталиф дар ин робитаро бо ҳамдигар табодул кунем, намебинем. Балки истиқбол мекунем, ки бо ҳамдигар ин робитаҳоро самимонатар бикунем”, - зикр намуд ӯ.

“Яъне эҳсоси ғурбат накунем, шумо дар Эрон, мо дар Тоҷикистон. Агар битавонем чунин сохтореро дуруст кунем, яқинан ҳам шумо баранда хоҳед буд, ҳам мо”,- гуфт Пизишкиён.

Дар поёни суханронӣ, вақте ҳарду президент аз минбар мехостанд поён шаванд, Масъуд Пизишкиён шеъри машҳури Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро қироат намуд:

“Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дуруштиҳои ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.

Сахтии роҳ осон аст, дидору ёру дӯст ғанимат аст”, - гуфт Пизишкиён.

“Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон”.

“Мо аз ҳар ҷанг ва зуроварӣ нафрат дорем”
Масъуд Пизишкиён дар идомаи сафари худ ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино рафт ва бо донишҷӯёну табибон вохӯрӣ кард. Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба Масъуд Пизишкиён унвони профессор ва дипломи фахрӣ эҳдо кард.

Ӯ зимни суханронӣ бо донишҷӯён гуфт, ки “мо аз ҳар ҷанг ва зӯроварӣ нафрат дорем ва бо нигоҳи саломат ба мардум менигарем, мо бо нигоҳи кинаву душманию интиқом ба касе нигоҳ намекунем”.

“Мо пизишкҳо мехоҳем мардум саломат зиндагӣ кунанд, аз ҳар танаффур, ҷангу хушунат мутанаффир ҳастем. Аз нигоҳи тиб касе, ки ҷанг мекунад, дар майнааш мушкил дорад. Чун агар мушкил надошта буд инсон бо инсон ҷанг намекунад”,-таъкид кард Пизишкиён.

Дар ҷараёни ин сафар раиси ҷумҳури ҳарду кишвар ба бекор шудани раводид ишора карданд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “тарзе кор кунем, ки таваҷҷуҳамон бештар ба тарбияи кадрҳо, ба илм, маориф, технология ва фанҳои дақиқ бошад. Ихтироъкорон, муҳандисон дошта бошем, муҳтоҷу пойбанди дигарон набошем” ва таъкид намуд, ки “аввалин шуда раводид миёни Тоҷикистон бо Эронро аз байн бурд то робитаи дӯстии ду кишвар қавитар гардад”.

Масъуд Пизишкиён ҳам дар мулоқот бо эрониёни муқими Тоҷикистон гуфт, ки “пеш аз сафари худ ба Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумати Эрон раводид бо Тоҷикистонро бекор кардам”.

“То ҷое ки имкон дорад, мо кӯшиш хоҳем кард раванди ҳаракат байни Эрон ва Тоҷикистонро соддатар созем, ки ин ба манфиати ҳар ду кишвар хоҳад буд”, - иброз дошт раиси ҷумҳури Эрон.

Аммо ҳоло расман маълум нест, ки раводид миёни ду кишвар пурра бекор шудааст ё бо маҳдудиятҳое, ки қаблан вуҷуд дошт.
Ҳамин тавр, Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, пас аз анҷоми сафари давлатиаш ба Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 17-уми январ, ба Русия сафар кард.

Масъуд Пизишкиёнро Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар шахсони расмӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гусел карданд.

⚡️Раиси ҲХДТ дар Суғд нав шудаастҶаҳонгир Салимзода раиси Ҳизби халқии демократӣ дар вилояти Суғд интихоб гардидааст. Да...
17/01/2025

⚡️Раиси ҲХДТ дар Суғд нав шудааст

Ҷаҳонгир Салимзода раиси Ҳизби халқии демократӣ дар вилояти Суғд интихоб гардидааст.

Дар ин бора хадамоти матуботи раиси вилояти Суғд хабар дода, навиштааст, ки Салимзода дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ин вилоят, ки рӯзи 15-уми январ баргузор гардидааст, ба вазифаи раисӣ пешниҳод ва бо ҷонибдории аъзои он раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб шуд.

Гуфта мешавад, раиси нави ҲХДТ дар Суғд 42 сол дошта, қаблан сардори Оҷонсии назорат дар соҳаи маорифи кишвар будааст.

Бояд гуфт, то ин вақт раёсати ҲХДТ дар Суғдро Мирзоқосим Каримзода бар дӯш дошт. Ӯ чанде пеш муовини раиси ҲХДТ интихоб шуд.

17/01/2025

#Якхабар

Рӯзҳои истироҳатӣ ҳаво дар Тоҷикистон сард шуда, дар баъзе минтақаҳо фаромадани тормеғ пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар (КҲФ) иттилоъ додааст.

Ҳамин тавр, дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар манотиқи кӯҳии Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ то -10º, дар ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе то -2º сард шуда, дар баъзе манотиқи ВМКБ аз -13º то -42º сардӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар робита ба ин, Кумита шаҳрвандонро аз хатари сангрезӣ, яхбандӣ ва фаромадани тарма дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Рашт-Лахш, Нуробод-Сангвор ва Душанбе-Хоруғ ҳушдор дода, даъват кардааст, ки қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳои гармидиҳиро риоя карда, аз сайругашт дар маконҳои хавфнок худдорӣ кунанд.

————
Таблиғ: Бастаҳои алоқаи солона аз ZET-MOBILE - дастрас, муфид ва қулай. Ба яке аз 4 бастаи ZET-MOBILE - MINI, MAX, PRO ва ULTRA пайваст шав ва давоми сол аз алоқаи баландсифат ҳаловат бар.

ZET-MOBILE

#тоҷикистон #бодуҳаво #барф #борон

⚡ МАҶЛИСИ СОЛОНАИ ҲУКУМАТ. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?_____Муаллиф: Шаҳноз Ализода, Asia-PlusИмрӯз, ...
17/01/2025

⚡ МАҶЛИСИ СОЛОНАИ ҲУКУМАТ. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
_____
Муаллиф: Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имрӯз, 17-уми январ дар бинои нави ҳукумати Тоҷикистон ҷаласаи солонаи ҳукумати кишвар баргузор шуд. Дар ҷаласа натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соли 2024 баррасӣ шуда, вазифаҳо барои соли 2025 муайян шудаанд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳур, дар маҷлис аъзои ҳукумат, роҳбарону ниҳодҳои давлатӣ, раисони вилоятҳову шаҳру ноҳияҳо, инчунин намояндагони бонкҳо ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.
Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар дар робита ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2024 щшисобот дод.

Ба таъкиди сарвазир, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2024-ум 154,3 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 22,6 миллиард сомонӣ бештар аст.

Даромади буҷети давлатии кишвар дар соли оянда 46,9 миллиард сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамҷунин ба иттилои сарвазири кишвар дар соли 2024 нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо пурра иҷро шудааст.

Аз ҷумла, нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо аз ҷониби Кумитаи андоз 20,4 миллиард сомонӣ ё 105,3 фоиз иҷро шудааст, ки нисбат ба нақша18 миллион сомонӣ зиёд аст.

Даромади суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз андози иҷтимоӣ 3,8 миллиард сомонӣ иҷро шудааст, ки нисбат ба нақша 9,4 фоиз зиёд аст.
Ба иттилои Қоҳир Расулзода дар соли 2024-ум 740 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла 528 корхонаи саноатӣ бо 20 ҳазор ҷойи кори нав ба истифода дода шудааст.

Сармояи хориҷӣ воридшуда ба кишвар дар соли 2024 - 4,9 миллиард доллар расидааст, ки нисбат ба соли 2023 - 2,1 миллиард доллар бештар аст.

Лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар соли 2024 - 90 адад бо маблағи 51,9 миллиард сомонӣ аст;

Гардиши савдо дар соли 2024 - 65,8 миллиард сомонӣ, ки нисбат ба соли 2023 - 13,6 фоиз афзоиш ёфтааст;

Шумораи муассисаҳои томактабӣ дар умум - 744 адад, ки дар муқоиса ба соли 2023-юм - 27 муассиса зиёд аст;

Гуфта мешавад, ки дар соли 2024 тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ 22 ҳазору 500 нафар дар Тоҷикистон бо кор таъмин шудаанд. Дар соли 2024-ум 247 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ дар идомаи маҷлис Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз, Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук ва Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз фаъолияти ниҳодҳояшон ҳисобот додаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои самти иқтисод ва молия дар пайи ҳисоботашон доир ба дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ба буҷети давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин, дар робита ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии қонуншиканиҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи кишвар Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб ҳисобот додаанд.

Дар идома, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода, Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, Раиси Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк Алиҷон Салимзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа оид ба рафти иҷрои супоришҳои ҳукумати Тоҷикистон ва вазъи рушди соҳаҳо ба сарвари давлат гузориш доданд.

Ҳисоботи Рустами Эмомалӣ ва раисони вилоятҳо ба Эмомалӣ Раҳмон

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе зимни ҳисоботи худ иттилоъ додааст, ки соли 2024 маҷмуи маҳсулоти пойтахт ба 31,3 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз афзоиш ёфт. Ҳиссаи пойтахт дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 20,4 фоизро ташкил кардааст.

Корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба маблағи 5,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд ва суръати рушд нисбат ба соли гузашта 25 фоиз афзоиш ёфт. Ҳаҷми содироти корхонаҳои шаҳр ба хориҷи кишвар ба беш аз 170 миллион сомонӣ расонида шуд.

Ба таъкиди раиси шаҳр соли гузашта дар пойтахт 141 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бо беш аз 7600 ҷойи кории нав ба фаъолият шуруъ намуд.

Соли 2024 дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии шаҳр аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо зиёда аз 43 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Таъкид гардид, ки соли 2024 дар корхонаҳои барқу гармидиҳӣ 1,7 миллиард киловатт - соат неруи барқ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 31 фоиз зиёд мебошад. Барои эҳтиёҷоти шаҳр 4,2 миллиард киловат-соат неруи барқ истифода гардид, ки ин нишондиҳанда, нисбат ба соли гузашта 535 миллион киловатт-соат зиёд аст.

Маблағи умумии барқи истифодашуда 1,5 миллиард сомониро ташкил дода, ҷамъоварии маблағи он ба 96 фоизи нақша баробар гардид.
Соли 2024 беш аз 635 ҳазор метри мураббаъ ва дар ҳашт соли охир зиёда аз 3 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ва марказҳои савдову хизматрасонӣ ба истифода супорида шуд.

Соли сипаришуда барои иҷрои корҳои сохтмону лоиҳакашӣ 927 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардида, як қатор иншооту инфрасохтори соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва шабакаҳои муҳандисӣ ба таври замонавӣ тарҳрезӣ ва навсозӣ гардиданд.
Давоми соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар шаҳри Душанбе 32 километр роҳҳо ба маблағи 617 миллион сомонӣ сохтмону навсозӣ шуд.

Бо мақсади гузариш ба «иқтисоди сабз» соли 2024 30 электробус ба истифодаи сокинон қарор дода шуд ва харидории боз 60 электробус дар назар аст. Барои татбиқи консепсияи нақлиёти барқӣ якҷо бо ширкатҳои кироякаш ва соҳибкорон 4350 мошини барқӣ ворид гардида, парки нақлиётии ширкатҳои кироякаш пурра ба нақлиёти барқӣ гузаронида шуд.

Буҷети шаҳр дар соли 2024 ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ ё 11 фоиз барзиёд иҷро гардид, ки нисбат ба нақша 452 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Соли 2024 ба иқтисоди пойтахт 4,7 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, дар ҳашт соли охир ин рақам ба 30 миллиард сомонӣ расид.

Ба ин хотир соли 2024 дар шаҳри Душанбе 7 муассисаи таълимӣ бо 13 ҳазору 620 ҷойи нишаст ва 3 муассисаи томактабӣ барои беш аз 500 тарбиятгиранда сохта, ба истифода дода шуд.

Дар 8 соли охир, 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 96 700 ҷойи нишаст ва 25 муассисаи томактабӣ барои 4 ҳазору 800 тарбиятгиранда бунёд карда шуд.

Ҳоло дар шаҳр сохтмони боз 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 40 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст ва 60 муассисаи томактабӣ барои беш аз 12 ҳазор тарбиятгиранда бомаром идома дорад.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2024 ҳисобот доданд.
Таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи буҷети маҳаллии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯи даромадҳои худӣ ба андозаи 107,9 фоиз иҷро шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ диққати зарурӣ дода шуда, 43 коргоҳи саноатӣ ба истифода дода шуд.

Дар вилояти Суғд бошад, тибқи нақша дар соли 2024 166 корхонаву коргоҳи нав бо 2060 ҷойи корӣ ба фаъолият шуруъ кард. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят ба 30 миллиард сомонӣ расонда шуд.
Дар вилояти Хатлон давоми соли 2024 155 иншоот ба истифода дода шуд, ки 58 адади он бо маблағи умумии 90 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Гуфта шуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1663 иншоот сохта шуд, ки 134,1 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар барои густариш бахшидани раванди омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои паёми Тоҷикистон, зери назорат гирифтани раванди таълиму тарбияи насли наврас, баррасии саривақтии арзу шикоятҳои мардум, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид_____Муаллиф: Шоираи...
17/01/2025

“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
_____
Муаллиф: Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Чӣ гуна тариқи он метавон таҳсил кард?

Соли 2025 барои таҳсил дар хориҷи кишвар ба ҷавонони тоҷик 170 стипендияи президентии “Дурахшандагон” пешниҳод гардид. Дар ин бора Тоҷиддини Баҳриддин, муовини директори Маркази барномаҳои байналмилалии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ӯ таъкид кард, ки ҳар сол шумораи довталабон барои таҳсил тариқи квотаи президентӣ афзоиш меёбад.

“Агар соли 2022 ҳамагӣ 73 квота пешниҳод шуда бошад, пас дар соли 2023 ин шумора ба 94 ва дар соли 2024 ба 130 адад расид”, - гуфт ӯ.

Ин чӣ гуна стипендия аст?
“Дурахшандагон” ба шаҳрвандони болаёқату боистеъдооди Тоҷикистон барои таҳсил ва коромӯзии мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ таъин карда мешавад. Он инфиродӣ буда, ҳамасола аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар хориҷи кишвар муқаррар карда мешавад.
Номгӯи касбу ихтисосҳо заруриро барои ҷумҳурь Вазорати рушди иқтисод муайян мекунад. Стипендия аз ҳисоби Фонди махсуси президенти Тоҷикистон пардохт мешавад.

Қабули ҳуҷҷатҳо барои квотаи президентии “Дурахшандагон” аз моҳи ноябри соли 2024 оғоз шудааст. Довталабон тариқи ин барнома метавонанд дар зинаҳои гуногун, бакалавриат, магистратура, аспирантура ва докторантура таҳсил кунанд.

Қаблан аз Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба “Азия-Плюс” номгӯи ҳуҷҷатҳои лозимаро пешниҳод карда буданд, вале миқдори довталабони бо ин стипендия қабулшаванда ва номгӯи ихтисосҳо ҳанӯз маълум набуд.

Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Ба иттилои намояндаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ номгӯйи ҳуҷҷат барои донишгоҳҳои кишварҳои гуногун фарқ мекунад. Вале ин марказ барои сабук сохтани кори довталабон рӯйхати ҳуҷҷатҳои ягонаро тартиб додааст, ки ин феҳристро дар зер меорем:

- Нусхаи шиносномаи довталаб ва волидайн;

- Маълумотнома дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ;

- Маълумотномаи тиббӣ 038 (068);

- Маълумотномаи наркологӣ;

- Маълумотномаи ҳолати равонӣ (аз беморхонаи бемориҳои равонӣ);

- Маълумотнома дар бораи олуда набудан ба Вируси норасоии масъунияти одам (ВИЧ/СПИД);

- Тавсифномаи мақомот ё ташкилот (характеристика аз ҷойи таҳсил, кор ва ғайра);

- Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот барои идомаи таҳсил аз рӯйи зинаи таҳсилоти интихобшуда (табели баҳо, аттестати таҳсили миёнаи пурра, диплом);

- Расид бо 120 сомонӣ аз “Амонатбонк”;

- Сертификат (IELTS, TOEFL, DUALINGO, GOETHE, H&C);

- 1 дона расми 3/4.

Гуфта мешавад, ки маркази барномаҳои байналмилалӣ бо зиёда аз 40 донишгоҳ дар 184 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад. Аз ҷумла дар донишгоҳҳои давлатҳои Русия, Чин, Қазоқистон, ИМА ва дигар кишварҳои Аврупо донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд.

Бояд гуфт, дар панҷ соли охир – солҳои 2019-2024 тибқи стипендияи президентии “Дурахшандагон” 71 донишҷӯи тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсилро ба охир расониданд.

Бо тартиби қабул ва номгӯйи санадҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа дар маводи "Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?" мутолиа кунед.

17/01/2025

🇹🇯🇮🇷Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба тоҷирони эронӣ гуфт, “сармоягузорӣ мекунед ё не, ҳар вақт ки хостед бо оилаатон ба Тоҷикистон биёед”.

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ҳам бо хитоб ба тоҷикон таъкид кард, ки “эҳсос кунед, ки Эрон як сарзамини дигаре аст, ки метавонед дар онҷо зиндагӣ кунед”.

Ҳар ду раиси ҷумҳур шеър ҳам хонданд. Аз “ёди ёр”-у “дидори дӯстон” гуфтанд.

Дар ин сафари раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон роҳбарони ду давлат берун аз расмиёт ё протокол боз чӣ гуфтанд?

Суханҳои ҷолибу самимии раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Эронро давоми рӯз дар сомона ва саҳифаҳои “Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ мутолиа кунед.

17/01/2025

Дар Душанбе ҳисобкунакҳои худкори ҳушманд насб карда истодаанд. Низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ алакай дар ноҳияи Синои пойтахт пурра ҷорӣ шудааст. Ин низом имкон медиҳад, ки истифодаи нерӯи барқ 24 соат бе дахолати инсонӣ таҳти назорат қарор дода шавад. Дар ҳолати сари вақт пардохт накардани ҳаққи истифодаи нерӯи барқ, он ба таври автоматӣ хомӯш мегардад.

Ҷузъиёти бештар – дар гузориши мо!

Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон____Муаллиф: Муҳаммад Назар, Asia-PlusОнҳо кор...
17/01/2025

Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
____
Муаллиф: Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Онҳо кормандони мудирияти мубориза бо маводи мухаддири гурӯҳи “Толибон” будаанд

Гурӯҳи “Толибон”, ки ҳоло амалан дар Афғонистон ҳукмронӣ мекунанд, ду узви гурӯҳи худро бо гумони интиқоли беш аз 880 кг маводи мухаддир ба Тоҷикистон боздошт кардаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ”-и Афғонистон бо такя ба манбаъҳои худ аз вилояти Тахори Афғонистон хабар додааст.

Манбаъ навиштааст, ки боздоштшудаҳо қасд доштаанд маводи мухаддирро тариқи нуқтаи марзии ноҳияи Янги-Қалъа ва вилояти Хатлон (ноҳияи Ҳамадонӣ, - редаксия) ба Тоҷикистон баранд.

Гуфта мешавад, ин ду тан кормандони мудирияти мубориза бо маводи мухаддири гурӯҳи “Толибон” буда, дар Янги-Қалъаи Афғонистон дастгир ва ба маркази вилояти Тахор бурда шудаанд.
Ҷузъиёти дигари ин ҳодиса ва номи боздоштшудаҳо маълум нест. “Толибон” то ҳол дар ин бора расман хабар надодаанд.

Рӯзномаи “8-и субҳ” бо такя ба манбаъҳояш гуфтааст, аз 883 кг маводи мухаддире, 100 кг марихуана (чарс), 50 кг афюн (тарёк) ва 683 кг ҳероин будааст. Маълум нест, ки 50 кг дигар чӣ навъ маводи мухаддир будааст. Аз онҳо ҳамчунин як мошини навъи “Land Cruiser” мусодира шудааст.

Ин расона навиштааст, ки бо вуҷуди он ки “Толибон” иддао мекунанд дар Таххор бо интиқоли маводи мухаддир мубориза мебаранд, вале то кунун ноҳияи Янги-Қалъа яке аз роҳҳои аслии қочоқи маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, “Толибон” пас аз дигарбора ба сари қудрат баргаштан дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 борҳо иддаъо карданд, ки пас аз ҳокимиятро ба даст гирифтанашон кишт ва интиқоли маводи мухаддир кам шудааст. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин гуфтаҳо бовар надорад ва баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикисон борҳо аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон пас аз ҷилави қудратро ба даст гирифтани Толибон дар ин кишвар нигаронӣ кардаанд.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ ҳатто худи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи сентябри соли 2023 дар Душанбе аз афзоиши интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон баъди ба қудрат расидани гуруҳи “Толибон” ҳарф задааст.

Ӯ дар нишасти мазкур гуфтааст, ки мақомоти қудратии кишвар танҳо соли 2022 дар марз бо Афғонистон ҳудуди панҷ тонна маводи мухаддирро мусодира намудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021-ум 22% зиёд будааст.
Ҳамчунин, тибқи маълумоти Оҷонсии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон тақрибан 3,1 тонна маводи мухаддири дар Афғонистон истеҳсолшуда мусодира шудааст, ки ин 619 кг (25%) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 будааст.

❗️Камчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар бораи фасод дар нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ҳангоми низо...
17/01/2025

❗️Камчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар бораи фасод дар нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ҳангоми низоъ бо Тоҷикистон хабар додааст.

Ӯ рӯзи 16-уми январ дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф гуфтааст, ки то замони ба қудрат омадани Содир Ҷабборов дар Қирғизистон фасод ҳукмронӣ мекард ва сатҳи он ба 70 дарсад расида буд.

Ӯ барои мисол, ба таъсири фасод ба артиш ҳангоми задухӯрдҳои мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи майи соли 2021 ишора карда, гуфтааст:

“Ягон мошин ба кор надаромад, сарбозони Вазорати мудофиа ва Қушунҳои сарҳадӣ танҳо бо автомат ва таппончаҳое, ки 40-50 сол қабл истеҳсол шуда буданд, берун баромаданд. Онҳо ҳеҷ чиз надоштанд, ҳатто сипарҳои зидди тир. Аз ин рӯ, талафоти мо зиёд буд, - гуфтааст Тошиев.

"Сарҳадбонони мо сарҳадро бо мошнҳои қадимии “УАЗ”, ки 15-20 сол пеш тӯҳфа шуда буданд, ё бо “портер”-ҳо аз марз муҳофизат мекарданд. Дигар намуди мошинҳои ҷангӣ вуҷуд надошт. Маош 15-20 ҳазор сомро ташкил медод. Давлат амалан натавонист амнияти миллиро таъмин кунад”, - афзудааст ӯ.

Тошиев ҳамчунин қайд кардааст, ки вақте низоъ оғоз шуд, маълум гардид, ки Қушунҳои сарҳадии Қирғизистон ҳамагӣ як мошини зиреҳӣ дошт, ки он ҳам мошини ғайринизомӣ будааст ва замоне Эркин Мамбеталиев, чеҳраи ҷиноии маъруф тӯҳфа карда будааст.

“Ҳоло, вазъият дар қувваҳои мусаллаҳ ва Қушунҳои сарҳадӣ ба таври куллӣ тағйир ёфтааст. Қувваҳои мусаллаҳи мо имрӯз яке аз пурзӯртаринҳо дар Осиёи Марказӣ мебошад. Қушунҳои сарҳадии Қирғизистон акнун дорои мошинҳои зиреҳие мебошад, ки аз Дубай ва Русия фармоиш дода шудаанд. Тамоми низомиён бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидаанд. Мо акнун дронҳои муосир дорем. Метавон гуфт, ки амнияти миллии кишвар таъмин шудааст", - илова кардааст раиси КДАМ-и Қирғизистон.

17/01/2025

#пурсидедҷавобмедиҳем

Оё барои иваз кардани шиносномае, ки муҳлати он тамом нашудааст, ҷарима супоридан лозим аст?

Не, моддаи 469-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро барои истиқомат бе шиноснома ё бо шиносномаи ғайриэътибор пешбинӣ мекунад. Барои ин қонуншиканӣ ҷарима ба андозаи аз 75 то 150 сомонӣ муқаррар шудааст. Аммо агар дар давоми як сол ин қонуншиканӣ такрор шавад, пас ҷарима аз 150 то 225 сомониро ташкил медиҳад.

Аммо бо вуҷуди ин, бояд дар хотир дошт, ки барои гирифтани шиносномаи нав ё иваз кардани он пардохти 10 доллари ИМА боҷи давлатӣ бо қурби Бонки миллӣ, пешбинӣ шудааст.

Боз суол доред? – пас ба мо нависед!
____
Таблиғ: Оби функсионалии “Obi Zulol RELAX” — маҳз он чизест, ки барои мутобиқат лозим аст. Бӯйи форами лаванда ва ванил нигарониро аз байн бурда, оромиву осудагӣ мебахшад.

Obi Zulol - RC Cola Tajikistan

#тоҷикистон #шиноснома

“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид_____Муаллиф: Меҳрофарин ...
17/01/2025

“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
_____
Муаллиф: Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Кадом ҳизб чанд номзад пешниҳод кард?

Дирӯз, 16-уми январ марҳилаи пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи парлумонӣ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ ва ҳавзаҳои якмандатӣ ба анҷом расид. Аз миёни 8 ҳизби сиёсӣ танҳо Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) ба ин маърака номзад пешниҳод накардааст.

АМИТ “Ховар” бо такя ба КМИР навишт, ки ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзадии 13 кас аз Ҳизби аграрӣ (ҲАТ), 13 кас аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (ҲИИТ), 4 кас аз Ҳизби демократ (ҲДТ), 6 нафар аз Ҳизби сотсиалистӣ (ҲСТ), 6 кас аз Ҳизби коммунистӣ (ҲКТ) ва 28 кас аз Ҳизби халқии демократӣ (ҲХДТ) тасдиқ гардиданд.

Аз КМИР ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Ҳизби сотсиал-демократ ягон номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод накард. Талошҳои мо барои дарёфти мавқеи ин ҳизб бенатиҷа анҷомид.

Қиёмиддин Азизов, ки чанд сол пеш баъди Раҳматилло Зоиров раиси ҳизб интихоб шуд, ба саволҳои мо дар ин робита посух надод.

Ҳамчунин, ҲДТ, ки дар анҷумани худ гуфта буд, 5 аъзои ҳизбро ҳамчун номзад ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба вакилӣ пешниҳод кард, танҳо 4 номзад ба интихоботи порлумон аз сӯи КМИР тасдиқ гардидааст.

Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҲДТ танҳо 4 номзад пешбарӣ кард, ки ҳамаашон ба интихоботи порлумонӣ роҳ ёфтанд.

Гуфта мешавад, ки Фатҳудддин Солеҳзода, раиси ҲДТ дар Душанбе, ки аз номи ин ҳизб ҳамчун номзад ба вакилӣ пешниҳод шуда буд, бо сабаби иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нуробод таъйин шуданаш ба интихоботи порлумонӣ пешбарӣ нашуд.
Бояд гуфт, ки ба ғайр аз пешниҳоди номзадҳо аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, ҳамчунин ҳизбҳо ҳақ доранд аз ҳавзаҳои якмандатӣ барои ширкат дар интихобот номзад пешниҳод кунанд.

Аз ҷумла, ҲХДТ даҳҳо нафарро аз ин ҳавза ҳамчун номзад ба вакилӣ дар интихоботи парлумонӣ пешниҳод кард.

Ҳамчунин, хабарҳо дар бораи пешниҳоди номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ аз ҷониби Ҳизби аграрии Тоҷикистон расонаӣ шуда буд.

Ҳоло маълум нест, ки дар маҷмуъ, ҳизбҳои сиёсии кишвар чанд нафарро аз ҳавзаи якмандатӣ ҳамчун номзад ба интихоботи парлумонӣ пешниҳод карданд. Аз КМИР гуфтанд, ҳоло шумориши онҳо пурра ҷамъбаст нашудааст.
Дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ сабт шудааст, аммо коршиносони мустақил мегӯянд, онҳо дар фазои сиёсии кишвар таъсири муассире гузошта наметавонанд.

Номзадҳои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ кистанд?

Номзадҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон:

1. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ

2. Матробиён Саодатшо Қосимзода, вакили Маҷлиси намояндагон

3. Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ

4. Ғанизода Шӯҳрат Абдулмаҷид, сардори Раёсати ҳуқуқи ДИП ҶТ

5. Исҳоқӣ Ҳусния Давлаталӣ, муовини раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ

6. Идиев Аҳмад Маҳмудович, муовини директори генералии Ширкати “Транс Таджик Газ”

7. Имомова Нилуфар Маҳмаисуфовна, муовини ректор оид ба тарбия дар ДМТ

8. Набизода Тоҳир Толиб, профессори Академияи идоракунии давлатӣ

9. Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур

10. Ҷалолзода Миршакар Саид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Бӯстон

11. Бобоиён Мадина Абдуяқинзода, муовини раиси шаҳри Исфара

12. Муродуллозода Дилноза Муродулло, раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Хусрав

13. Абдулмаинзода Заррина Қадамшо, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила

14. Сафарзода Хуршед Ҳайдар, директори Коллеҷи омӯзгории ш.Турсунзода

15. Иброҳимзода Зафаршо Сафо, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон

16. Ғафорзода Ҷонона Ғафор, декани факултети иқтисод ва идораи ДДОТ

17. Шодиён Исматулло Раҳматуллозод, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии ҶТ

18. Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Фирдавсӣ

19. Қодирзода Фарҳод Анвар, профессори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДМТ

20. Қосимӣ Назокат Шералӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ

21. Каримзода Мирзоқосим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд

22. Неъматзода Насрулло Исматулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Лахш

23. Ҳомидиён Орзу Зубайдулло, муовини раиси шаҳри Кӯлоб

24. Усмонзода Аюб Ислом, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

25. Суярова Сарвиноз Ҷумъаевна, мудири кафедраи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

26. Шарипова Фарангис Худоиевна, директори Институти забон ва адабиёти АМИТ

27. Азимзода Азимҷон Бахтиёр, муовини раиси шаҳри Турсунзода

28. Эшбуризода Баҳриддин Эшбурӣ, муовини раиси ноҳияи Ҷ.Балхӣ

Номзадҳои Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон:

1. Фиёсиддин Ашӯрзода, раиси ҳизб

2. Сарвиноз Маҷидзода, вакили кунунии Маҷлиси намояндагон

3. Рустам Раҳматзода, вакили кунунии Маҷлиси намояндагон

4. Зафар Ализода, вакили кунунии Маҷлиси намояндагон

5. Раҳмон Дарингро, вакили кунунии Маҷлиси намояндагон

6. Наима Солизода, устоди Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон

7. Эмомалӣ Изатуллозода, мутахассиси ноҳиявии Данғара

8. Ғоиб Фирӯз, сармуҳаррири нашрияи “Навиди Кӯлоб”

9. Абдусалом Абдураҳмонзода, муовини раиси омори ноҳияи Шаҳринав

10. Комилҷон Бобозода, ходими пешбари илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

11. Шаҳрбону Зубайдова, омӯзгори мактаби №28 шаҳри Душанбе

12. Баҳром Шарифзода, ходими илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

13. Фарҳод Мусоев, директори ҶДММ “Сафобахш-иншоот”

Номзадҳои Ҳизби аграрии Тоҷикистон:

1. Рустам Латифзода, вакили ҳозираи парлумон

2. Фазлиддин Икромӣ, вакили ҳозираи парлумон

3. Бахтиёр Аҳмадзода, вакили ҳозираи парлумон

4. Неъматулло Холбойзода, вакили ҳозираи парлумон

5. Нуралӣ Ниязов, директори генералии ҶСП «ТаадЭс»

6. Бобоҷон Қодиров, директори КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Деваштич

7. Муродҷон Исоқов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касабаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

8. Мансур Усмонзода, вакили ҳозираи парлумон

9. Муҳайё Ҳотамова, муаллими калони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

10. Мирзоанвар Ахмедов, вакили ҳозираи парлумон

11. Одилҷон Абдуллозода, мудири кафедраи фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

12. Сино Аюбов, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ

13. Ҷилваи Шоназар, сардори шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.

Номзадҳои Ҳизби комунистии Тоҷикистон:

1. Меҳроҷ Абдуллоев, раиси ҲКТ

2. Инъомҷон Подшоев, котиби дуюми Кумитаи ҲКТ дар вилояти Суғд

3. Зарагул Мирасанова, котиби дуюми Кумитаи марказии ҲКТ

4. Отахон Ҳасанов, котиби якуми Кумитаи ҲКТ дар шаҳри Душанбе

5. Абдуҷаббор Умарзода, вакили парлумон

6. Ҳикматулло Ҳамидов, раиси ҲКТ дар минтақаи Кӯлоб

Номзадҳои Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон:

1. Ғулом Ҳалимзода, раиси ҲСТ

2. Муртазо Аҳмадзода, муовини якуми раиси ҲСТ

3. Давлатхонум Саидошурова, муовини раиси ҲСТ

4. Меҳринисо Раҷабова, муовини раиси ҲСТ

5. Маъруф Юсупов, раиси ҲСТ дар вилояти Суғд

6. Майсара Аброқулова, муовини раиси ҲСТ дар шаҳри Душанбе

Номзадҳои Ҳизби демократи Тоҷикистон:

1. Шаҳбози Аброр, раиси ҲДТ;

2. Зуҳро Мирзоева, муовини раиси ҲДТ;

3. Ҷаббор Юлдошев, раиси ҲДТ дар Суғд;

4. Илёсиддин Саидҷаҳфаров, раиси ҲДТ дар минтақаи Рашт.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад.

Address

М. Турсунзода 14/21, ошёнаи 2
Dushanbe

Opening Hours

Monday 08:00 - 18:00
Tuesday 08:00 - 18:00
Wednesday 08:00 - 18:00
Thursday 08:00 - 18:00
Friday 08:00 - 18:00

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Азия-Плюс тоҷикӣ posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to Азия-Плюс тоҷикӣ:

Videos

Share