Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”

Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” Маҷаллаи динӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ

30/11/2024
29/10/2024
Бо андӯҳи гарон аз даргузашти олими барҷаста, муҳаққиқи шинохта, муфассири мумтоз, муаллифи китоби муътабари “Фиқҳи исло...
26/09/2024

Бо андӯҳи гарон аз даргузашти олими барҷаста, муҳаққиқи шинохта, муфассири мумтоз, муаллифи китоби муътабари “Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ” ва муфассири “Тафсири навини Қуръони карим”, муаллиф ва ҳамкори доимии маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” Абдушариф БОҚИЗОДА хабар медиҳем.
Даргузашти Абдушариф Боқизода барои фазои маънавию мазҳабии кишвари мо талафоти ҷуброннопазир аст.
Ёдат ба хайр, эй намоди покию имон, хираду дониш ва маърифату ахлоқ.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.

ТАНТАНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР КУМИТАИмрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷики...
06/09/2024

ТАНТАНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР КУМИТА
Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ҷаласаи мизи мудаввар баргузор гардид.
Ҷаласаро Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода ифтитоҳ намуда, дар мавриди арзиши Истиқлол, нақши он дар таҳкими дигар арзишҳои миллӣ, инчунин зарурати ҳифзи дастовардҳои Истиқлол сухан гуфт.
Дар идома доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Абдураҳмон Муҳаммад перомуни роҳи тайнамудаи кишвари мо бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи Истиқлол ва якпорчагии давлат ба таври муфассал суҳбат намуд.
Дар охир миёни иштирокдорони ҷаласа табодули афкор сурат гирифт.

ҶОЙИ Ӯ ДАР ДИДА БУД...Ҳар инсон барои анҷоми рисолати хоссае ба дунё меояд ва хушбахт ҳамонест, ки рисолати хешро дар зи...
29/08/2024

ҶОЙИ Ӯ ДАР ДИДА БУД...
Ҳар инсон барои анҷоми рисолати хоссае ба дунё меояд ва хушбахт ҳамонест, ки рисолати хешро дар зиндагӣ сарбаландона иҷро менамояд. Аммо саодати комил насиби он ашхосест, ки ҳадафи зистани хешро дар хидмат ба нафъи миллату давлат ва инсонҳои дигар мебинанд, аз худ номи нек ба ёдгор мегузоранд.
Зеро маънии аслии зиндагӣ омадану рафтан не, балки омадану мондан аст. Бо ин умед, ҳар инсон мехоҳад, ки роҳи чӣ тарз гузаронидани умри нотакрорро дарёфта, кӯшиш намояд, ки аз худ ба ранге мерос гузорад. Инсонҳои дурандеш кӯшиш мекунанд, ки бо хидмати софдилона ба миллату Ватан, кору кирдори нек, хайрхоҳиву дасткушодӣ ва дигар хислатҳои ҳамида дар дафтари хотираҳо қиссаву достон шаванд ва номашон умрбод вирди забони пасояндон бошад.
Шодравон Саттор Маҳмудзода воқеан аз шумори он нафароне буданд, ки умри пурбаракати хешро сарфи хидматгузорӣ ба миллату давлат намудаву аз худ номи нек ба ёдгор гузоштаанд.
Марҳум баъди хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон чандин сол ҳамчун муаллими забони англисӣ кор карда, баъдан дар зинаҳои гуногуни хидмати давлатӣ фаъолияти босамар доштанд.
Махсусан, кордониву ташаббускорӣ ва масъулиятшинос будани хешро дар даврони фаъолияти роҳбарияшон ба ҳайси Сардори раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 2016 то дами вопасини умрашон идома дошт, ба таври назаррас нишон доданд.
Воқеан, Саттор Маҳмудзода, ки худ мубаллиғу посдорандаи анъанаҳои неки миллӣ ва тарафдори решакан кардани одатҳои барои миллати тоҷик бегона, аз ҷумла харҷҳои беҳуда ва ойину боварҳои хурофотӣ буданд, аз таърих, тамаддун, фарҳанг ва адабиёти чандинҳазорсолаи мо огаҳии комил доштанд, дар самти такмили заминаҳои меъёриву ҳуқуқии танзими ҷашну маросим низ саҳми шоиста гузоштаанд.
Дар замони роҳбарии марҳум Саттор Хол раёсати танзими анъана ва ҷашну маросим фаъолияти босамар дошта, дар самти тарғиби сарфакорӣ ва амалӣ гардидани қонуни миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.
Марҳум Саттор Маҳмудзода дар баробари роҳбари ғамхору донишманди варзидаи соҳа ва мутахассиси кордон будан инсони хушмуомила ва бисёр хоксору самимӣ буданд. Бо ҳамкорон, дӯстон бисёр меҳрубононаву бародарона ва бо шаҳрвандон, ки ба раёсати мазкур муроҷиат мекарданд, бо одоби баланди касбӣ муошират менамуданд. Кӯшиш мекарданд, ки ғубор ба дили касе нашинад. Ҳамеша ба рӯи ҳамсуҳбатон табассум тақдим мекарданд ва бо суханони дилрасу гоҳо ҳазлҳои намакин хотирҳоро болида мегардонданд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кории шодравон Саттор Маҳмудзода тарбияи кадрҳои ҷавон дар соҳаи танзими ҷашну маросим дар кишвар аст. Бештари ҷавононе, ки дар раёсати танзим ва бахшҳои танзими шаҳру ноҳияҳо кор мекунанд, имрӯз пас аз гузаштан аз мактаби Саттор Маҳмудзода ҳамчун мутахассисони варзида шинохта шудаанд ва акнун роҳи устоду роҳбари хешро давом медиҳанд.
Шодравон Саттор Маҳмудзода ҳамеша ҷавононро ба ватандӯстиву ватанхоҳӣ, эҳтироми арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, ҳифзи истиқлол, ваҳдату якпорчагӣ ва омӯзиши пайваста даъват менамуданд. Худ донандаи хуби забонҳои русӣ ва англисӣ буданд ва дар ҳошияи таъкидҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат ба ҷавонони Кумита пайваста аз худ кардани забонҳои хориҷиро талқин мекарданд.
Яке аз вижагиҳои дигари марҳум мутолиаи зиёд доштанашон буд. Ҳамеша рӯи мизи корияшон пур аз китобу маҷаллаву рӯзномаҳо буд ва гоҳо ҳамкорон ҳайрон мешуданд, ки Саттор Хол бо ин қадар серкорӣ аз куҷо вақти китобхонӣ меёбанд. Аз адабиёти классику муосири тоҷик огаҳии комил доштанд, аз ашъори устодон Лоиқ Шераливу Бозор Собир хеле зиёд азёд медонистанд ва дар суҳбату гуфтугӯҳо ҳамеша байт ё банди манзумеро ба таври мисол қироат мекарданд.
Марҳум Саттор Маҳмудзода ҳар гоҳе хабари марги дӯстон, устодон ва ё шахсиятеро мешуниданд, як оҳ мекашиданду ин байти машҳури Бозор Собирро мехонданд:
Ман намегӯям, ки ӯ аз дори дунё рафтааст,
Ҷойи ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.
Канда шудани риштаи умри ин марди фарзона, роҳбари варзида ва шахсияти самимиву заминӣ тамоми пайвандону дӯстон, ҳамкорон ва кулли кормандони соҳаро сахт андуҳгину мотамзада кард. Марги нобаҳангоми ин шахси зиндадил ва бузург барои ҳамаи онҳое, ки ӯро мешинохтанд, зарбаи сахти тақдир буд.
Аммо набояд фаромӯш кард, ки инсонҳои фарҳехта ва сарсупурдае мисли устод Саттор Маҳмудзода ҳеҷ гоҳ намемиранд, мисли байте, ки худашон дар марги дигарон мегуфтанд, агарчи аз назарҳо ғоиб мешаванд, дар дилҳо ҷовидонӣ боқӣ мемонанд.
Заҳматҳои Саттор Маҳмудзода дар рушди соҳаи танзими ҷашну маросим воқеан бузургу сутуданиянд. Ҳамин заҳмату талошҳои содиқонаи марҳум буд, ки соли 2018 аз дасти Пешвои муаззами миллат ба гирифтани мукофоти давлатии Медали хизмати шоиста қадрдонӣ шуданд.
Акнун роҳи пуршарафу пурмасъулияти тайнамудаи Саттор Холро шогирдони бешуморашон идома медиҳанд. Воқеан, зинда аст марде, ки накуном зиста, зиндагияшро сарфи хидмат ба халқу Ватан намудааст.
Афшини Муқим,
сармуҳаррир

Равонашон шод бод!
12/08/2024

Равонашон шод бод!

Роҳбарият ва кормандони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумита Маҳмудзода Саттор Хол сахт андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандон дар таҳаммули ин мусибати гарон сабру шикебоӣ таманно доранд.
Ёди неки Саттор Хол ҳамеша дар қалби ҳамкорон, дӯстону наздикон ҷовидонист!
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.

16/06/2024

ИДИ САИДИ ҚУРБОН МУБОРАК БОШАД!

Ҳамватанони азиз! Бо нияти оромиву суботи ҳамешагӣ ва ваҳдати ҷовидони миллӣ иди саиди Қурбонро муборак бод намуда, бароятон тани сиҳат, иқболи нек ва файзу баракатро таманно дорем!

ОИНИ ҚУРБОНӢ ДАР ФАРҲАНГИМИЛЛӢ ВА ДИНИИ ТОҶИКОНОмӯзиши гузаштаи дури таърихи куҳан ва олами пир бар он далолат мекунад, ...
15/06/2024

ОИНИ ҚУРБОНӢ ДАР ФАРҲАНГИ
МИЛЛӢ ВА ДИНИИ ТОҶИКОН

Омӯзиши гузаштаи дури таърихи куҳан ва олами пир бар он далолат мекунад, ки дар ташаккули оину суннатҳои гуногуни умумиинсонӣ асотири пешиниён таъсиргузории устуворе доштааст. Яке аз чунин рафторҳои устуравии шигифтангез ойини қурбонӣ кардан аст, ки аз оғози офариниш ва падид омадани рӯзгор дар рӯйи замин ҳамрадифи зиндагӣ ва кору пайкори инсонҳо будааст. Шубҳае нест, ки то роиҷ гардидани қиссаи Иброҳим ва забҳи Исмоил тарзу гунаҳои мухталифи қурбонӣ кардани фарзандони банӣ Одам бо ҳайвон ва дигар ашёи беҷон марҳилаи тӯлониеро сипарӣ намуда, ин ойини дар зоти худ сирф эътиқодӣ бо боварҳои хурофотии зиёде омехта гардидааст.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар оғози садаи XXI гирифтори вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсию иҷтимоӣ ва молиявию иқтисодӣ гардидааст. Вобаста ба ин ченаки арзишҳои фарҳангӣ ва инсонӣ ба таври бесобиқа дар ҳолати зуд тағйир ёфтан қарор дорад. Табодули ниҳоят босуръати иттилоот ва равнақи технологияҳои баланд меъёру боварҳоеро, ки дирӯз ҷойгоҳи арзишманд доштанд, имрӯз бо роҳу равиш ва тарҳандозиҳои дигар баҳогузорӣ мекунанд ва дар мафкураи одамон андешањои тамоман божгунаро ҷойгузин месозанд. Дар ин шароит барои мафҳуму истилоҳоте, ба мисли худшиносӣ ва худошиносӣ, ватандўстӣ ва мењанпарастӣ, бақои давлату миллат ва ҳувияти миллӣ баёну тафсирҳои дорои мазмуну моҳияти нав пешниҳод мегарданд.
Қурбонӣ кардан пешинаи дурударозе дар гузаштаи ҳаёти инсоният дорад. Дар партави омӯзиши адён яке аз нахустин иқдомоте, ки инсон дар кори наздикӣ ҷустан ба худоён роҳандозӣ кардааст, қурбонӣ кардан мебошад. Чунин рафторро пеша кардан реша дар умқи бовару эътиқод ва кешу динҳои гуногун давонидааст. Андешаи ҷомеъ он аст, ки ин корро бори аввал Ҳобил ва Қобил, ки аз зумраи нахустин инсонҳои офаридаи Худованд будаанд, анҷом додаанд. Дар фарҳанги миллии мо асари безаволи "Шоҳнома" чандин достонҳоеро ба мисли "Подшоҳии Заҳҳок", "Достони Рустам ва Суҳроб", "Достони Сиёвуш" бо зарфияти руҷӯъҳои бадеии монанд ба ойини қурбонӣ дар матни худ ғунҷоиш додааст.
Аммо худи вожаи «қурбон» калимаи арабӣ буда, дар асоси шакли масдарии «фуълон» сохта мешавад. Як теъдод калимаҳо бо ҳамин шакл дар забони тоҷикӣ, ба мисли ҷуброн, ғуфрон, султон, буҳрон, фурқон, Қуръон, буҳтон дар истеъмол аст. Маънои аслии луғавии калимаи «қурбон» наздикӣ ҷустан ба Худо ва дарёфти ризомандии Ӯст. Ин ойин шаклу гунаҳои мухталиф дар тамоми динҳо доштааст, вале барои мусулмонон қурбонӣ кардан аз ҳамон суннати иброҳимӣ маншаъ мегирад. Некӯ анҷом додани ин амал як ёдоварии хотирмон ва омӯзандаи башарият тибқи фармудаи «фӣ сабили-л-Лоҳ» (дар роҳи хушнудии Худо) бар ивази писарро забҳ кардани падар ба расмият даромадааст. Онро бо номҳои иди Қурбон, иди Азҳо ва љашни Гӯспандкушон ном мебаранд, ки ба рӯзи даҳуми моҳи зилҳиҷҷаи ҳиҷрии қамарӣ рост меояд ва ҳоҷиён ҳангоми адои маносики ҳаҷ дар наздикии мавзеи Минои Макка асосан гӯсфанд (инчунин буз, гов ва шутур) қурбонӣ мекарданд. Бадбахтона, бо мурури замон ин ибодати дерина аз маъно ва мафҳуми воқеии худ фарсахҳо дур афтодааст. Дар даврони мо бештар одоби зоҳирии он боқӣ мондаасту ҳикмати ахлоқӣ ва инсонмеҳварии он коста гардидааст.
Мантиқан ҳаҷ кардан ҳамчун як рукни ислом маросими ҳамраъйӣ ва ҳамдилӣ, воситаи барқарор намудани пайвандҳои хешовандию дӯстї, ваҳдати миллатҳои гуногун ва баробарии ҳамаи қишру табақаҳои ҷомеа, сарфи назар аз ранги пӯсту нажод, мақому мартаба ва имкониятҳои молиявӣ дар матни фарҳанги мусулмонӣ нақши басо созанда ва тарбиявиро дорост. Ҷавҳари асосии ҳикмати иди Қурбон тавассути ибодату ниёиш ва анҷом додани корҳои хайру савоб наздикӣ ҷустан ба Худои Таъоло ва комёб шудан ба ризоияти Ў мебошад. Иди Қурбон аз замони Иброҳими Халил ҳамчун яке аз воҷиботи эътиқодии мӯъминон дар тамоми диёноти иброҳимия аз аркон ва одоби махсусе иборат мебошад. Дар оятҳои 102-107-уми сураи Соффот зикр шудааст, ки чун Иброҳим ба назди Исмоили хурдсол омад ва ба ӯ меҳри беандоза пайдо намуд, Худованд барои озмоиш дар хоб ба ӯ дастур дод, то писараш – Исмоилро дар роҳи Худо қурбон кунад. Ин хоб ду-се шаб пайиҳам такрор мешуд. Иброҳим дарёфт, ки рӯъят хоби раҳмонӣ буда, иҷрои он ҳатмӣ мебошад. Пас фарзанди хурдсоли худро ҳамроҳ гирифта, ҷониби саҳро равон гардид. Ниҳоят, ҳарду ба мавзеи муносибе расиданду Иброҳим ба писараш Исмоил амри Худовандро расонид. Исмоил ҳарчанд ҳоло ҷавон буд, аммо ба амри Худованд розӣ шуд ва ба падараш гуфт: «Эй падарҷон, он чиро, ки Худованд амр кардааст, иҷро кун! Ба зудӣ маро сабркунанда меёбӣ». Он гоҳ Иброҳим хост кордро бар гулӯи Исмоил биронад, нидое шунид: «Эй Иброҳим! Бешак барои иҷрои фармони Худованд азми қатъӣ кардӣ, албатта, мо бандагони некӯкорро (дар шакли наҷоти Исмоил аз забҳ) чунин подош медиҳем. Ба таҳқиқ, ин як имтиҳон ва санҷиши бузурге буд. Ва Исмоилро ба ивази кабше – гӯсфанди сафеди калоне (ки онро Ҷабраил (а) аз биҳишт овард) наҷот додем». Дар шакли ояти қуръонӣ ифода гардидани ин манзара ифодаи қудсияти онро тақвият бахшид. Яъне дар байни таомули одамро куштан ё қурбон кардани инсонҳо инфисол ва ҷудоӣ ба вуҷуд омад. Достони иброҳимии Китоби муқаддаси мусулмонон ин амалро аз тариқи забҳи чаҳорпоёни муайян иваз бахшид ва дар айни замон қурбонӣ кардани одам, яъне куштани ҳамдигарро барои инсонҳо макрӯҳ (мамнӯъ) муқаррар кард.
Аммо воҷиб гардонидани қурбонӣ кардан дар асоси мазмуни сураи Кавсар собит шудааст: «Ба дурустӣ, ки мо ба ту Кавсарро ато кардем. Пас барои Худо намоз гузор ва қурбонӣ кун. Албатта, душманони ту худ абтар (думбурида, яъне дасткӯтоҳ) ҳастанд». Дар заминаи таҷлили иди Қурбон маносики ҳаҷ ва зиёрати хонаи Каъба дар шаҳри Макка танзим шуд. Анҷом додани фаризаи ҳаҷ ҳамчун яке аз рукнҳои ислом барои ҳар марди болиғу оқил ва озоду муслим ба шарте тавсия мешуд, ки саломатӣ, тавону қудратмандӣ ва имкониятҳои молиявии адо намудани чунин сафарро дошта бошад ва то баргаштани ӯ касони дар нафақаи ӯ буда аз ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти рӯзгор ҳеҷ танқисие надошта бошанд. Адо намудани фаризаи ҳаҷ барои њар фарди мусулмон амалест, ки танҳо мансуби ўст, ба хотири оромӣ ва таскини рӯҳу ҷони худаш анљом додааст ва дар шинохти шахсияти ў ҳатто ба мисқоли заррае чизеро зам ва кам намекунад. Ба сабаби адои маносики ҳаҷ худнамоӣ, ҳангомаҷӯӣ ва бартарихоҳӣ нисбат ба дигарон аслан берун аз омўзаҳои ахлоқии ислом аст.
Мағзу ҷавҳари ҳикмати Иди Қурбон он аст, ки дар замири шахс тавассути ибодату ниёиш ва анҷом додани корҳои хайру савоб наздикӣ ҷустан ба Худои Таъоло ва комёб шудан ба ризоияти ӯ ҳосил гардад. Масъалаи дар рӯъят, яъне хоби раҳмонӣ дастур гирифтани Иброҳим (с) барои қурбон кардани Исмоил дар роҳи Худо ҳамчун озмоиши бузург арзиши баланди умумибашарӣ дорад. Рисолати тарбиявӣ ва ахлоқии иди мазкур дар изҳори фурӯтанӣ, фармонбардорӣ, самимияту садоқат ба Худо, ростқавлию иродатмандӣ дар бовару эътиқод ва рафтору гуфтор ифода меёбад. Дар доираи риояи маносик ва анъанаҳои рукни ҳаҷ ва ҷашни марбут ба он бо номи иди Азҳо бояд донист, ки қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони дорои шароиту имкониятҳои созгори молӣ ва молиявї воҷиб ва дуруст аст.
Дар зимни баргузории иди Қурбон куштани чорвои қурбонӣ ва расонидани хайру садақа ба шахсони камбизоат, беморон ва пирони куњансол аз анъанаҳои писандидаи ин ҷашн аст. Агар машрӯият ва воҷиб гаштани ин амал бо ояти 2-уми сураи Кавсар собит шуда бошад, пас масъалаи ба кӣ додан ва тақсим кардани он дар ояти 36-37 сураи Ҳаҷ баён гардидааст. Дар ин оят таъкид мешавад, ки "аз он (гӯшти чаҳорпои қурбонӣ) бихӯред ва ба дарвеши тангдаст ва бенаво бихӯронед. Ҳамчунин чаҳорпоёнро барои шумо ром гардонидем, бувад ки шукр кунед. Гӯшти қурбониҳову хуни онҳо ба Худо намерасад, лекин ба Вай аз шумо парҳезгорӣ мерасад".
Аҳодиси набавӣ ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ низ аҳкоми иҷро ва анҷом додани қурбонӣ карданро танзим намудааст. Ҳикмати маъмул аз забҳи чорвои қурбонӣ дар суннати миллӣ ва мардумии тоҷикон чунин аст: шахси қурбоникунанда баъди куштани чорвои қурбонӣ нахуст ҳаққи қассобро дода, ӯро розӣ мекунад ва бо ёрии ӯ гӯштро ба се ҳиссаи баробар тақсим мекунонад. Аз ин се ҳисса якеашро барои истеъмоли хонаводаи худ нигоҳ медорад, ҳиссаи дуюмро ба ниёзмандону бенавоён (фуқаро ва мискинон) тақсим карда медиҳад ва бо истифодаи ҳиссаи сеюм таом омода мекунад ва онро ба ҳар касе, ки рӯзи ид ба хонааш биёяд, пешниҳод менамояд. Дар ин ҳолат воқеан аҳамияти ахлоқию тарбиявӣ ва ҳикмати ҳамдигарро дастгирӣ намудан дар матни омӯзаҳои динию мазҳабии мо намудор мешавад. Дар матни арзишҳои омӯзандаи фарҳанги миллии мо ҳамчунин як идда урфу таомуле, ба мисли рафтан ба аёдати беморон ва пиронсолону барҷомондагон, табрики волидайн ва хешони наздик, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба хурдсолон, ба оромгоҳи гузаштагон ҳозир шудан ва дар сари қабрашон тиловати Қуръон кардан, изҳори ҳамдардӣ ба шахсони азодор ва кумаки холисонаи моддӣ расонидан ба шахсони камбизоат маъмул гардидааст, ки ҳамчун рафтори писандидаи идона пазируфта мешавад.
Аз нигоҳи динию фиқҳӣ қурбонӣ кардан назди аксари уламои ислом суннати муаккада аст ва дар мазҳаби Имом Абӯҳанифа (р) воҷиб аст. Вале воҷиб шудани ин амр се шарт дорад: якум, шахс мусулмони озод бошад; дуюм, муқим бошад; сеюм, сарватманду доро (шахси ба ҳадди нисоб расида) бошад. Яъне қурбонӣ кардан барои мусулмони озод, сокину муқим дар ватану манзили худ ва дорои ҳадди нисоб (ки соли 2024 аз 35275 сомонӣ 880 сомонї муайян гардидааст) воҷиб мегардад. Аз гӯшти қурбонӣ метавон миқдореро ба мардум бихӯронд ва қисмати дигарро барои аҳли хонаводаи худ захира кард. Урфи маъмул дар суннати қурбонӣ он аст, ки аз се як ҳиссаи он ҳамчун садақа тақсим гардад, аз як ҳиссаи он ба фақирону мискинон таом дода шавад ва як ҳиссаи дигар захира гардад. Ва низ ҷоиз аст, ки шахси қурбоникунанда аз гӯшти қурбонӣ бихӯрад, ба дигарон хӯронад ва ба касе, ки хоҳад, бибахшад. Агар тамоми гӯшти қурбониро садақа кунад, ҷоиз аст. Касе назр карда бошад, ҳамаи гӯшти қурбониро ба бенавоён тақсим карда медиҳад, чизе аз он намехӯрад ва бо он сарватмандонро намехӯронад. Зеро ба сабаби назр кардан садақаи ҳамаи гӯшти қурбонӣ воҷиб мегардад. Ҳамчунин бояд донист, ки барои оилаи серфарзанд ва шахсе, ки масъулияти сарпарастии чандин касро ба зимма дорад, фақеҳони мазҳаб беҳтар шумурдаанд, ки ҳамаи гӯшти қурбониро барои худ захира карда, барои эҳтиёҷоти онҳо истифода барад.
Бояд таъкид намуд, ки тибқи далолати аҳодиси набавӣ ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ аслан доир ба оростани дастурхони идона ҳеҷ дастуру таъкиди махсусе мавҷуд нест. Вале мардуми мо то ҳанӯз дар оростани дастурхони идона ба зиёдаравию исрофкорӣ ва зиён ворид намудан ба буҷаи оилавӣ роҳ медиҳанд. Дар натиҷа ҷанбаҳои маънавӣ ва ахлоқию тарбиявии ин иди динӣ фаромӯш мешавад, фурӯтанию фармонбардорӣ ҳамчун хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарғиб намегардад, балки ҳама чиз дар атрофи тановул кардани хӯроки аз андоза зиёд, яъне арзишҳои истеъмолӣ фаҳмида мешавад. Дар омӯзаҳои динии мо аслан барои пазироии ҳама гуна меҳмон, ба хусус дар рӯзҳои Идайн таҳаммули сарфу хароҷот ва кулфату машаққати аз тавоноӣ бештар сароҳатан манъ карда шудааст. Аз ин рӯ, ҳангоми пазироию омодагӣ ва густурдани дастурхон ба хотири ид исрофкорӣ, худнамоӣ, манманию зоҳирпарастӣ нишон доданро набояд бо фарҳанги куҳани миллати тоҷик ва андешаҳои таҳаммулгарои мазҳаби он айният дод. Арзишҳо ва муқаддасоти дини мубини ислом ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад, ки шахси мусулмон бо дасти худаш ба сатҳи некӯаҳволии хонаводааш зиён ворид намояд. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳам зимни мулоќот бо фаъолон, намояндагони љомеа ва ходимони дин 9-уми марти соли равон ба ҷуз ғамхорӣ зоҳир намудан барои некӯаҳволии мардум, истифодаи мақсадноки пасандозҳои онҳо ва баланд бардоштани сифати сармояи инсонӣ дар қаламрави кишвар ҳадафи дигаре надорад.
Ҳам акнун дар оғози асри XXI бояд рафтору муносибатро ончунон таѓйир дињем, ки ҳангоми фарорасии Идайн андаке дар масъалаи ҷунунвор пур кардани дастурхон бо анвои хӯрданї ва ошомидании зиёд, ки дар он барои афтодани сӯзан ҷое набошад, бозандешӣ, тафаккур ва тааққул бикунем. Бояд идрок кардан, ки пешниҳоди маводи хӯроквории фаровон болои дастурхон то андозае ифодаи бефарҳангӣ ва аз тариқи исрофкорӣ ба буҷаи худ зиён овардан аст ва метавонад боиси тамасхур ва писханду накӯҳиши мардуми мо аз ҷониби намояндагони қавму миллатҳои дигар гардад. Бар замми ин, харидории лояъқили хӯрданию нӯшиданию пӯшиданиҳо аз раставу бозорҳо пеш аз фарорасии идҳои динӣ бо арзишҳои волои фарҳангию ахлоқии миллати мо ҳеҷ созгорие надорад. Ҳассосияти ин масъала боз дар он аст, ки барои оростани дастурхони идона тақрибан ҳамаи оилаҳои мусулмони кишвар омодагӣ мегиранд ва рафтори нодуруст дар хариди аз меъёр зиёди маводи хӯрока омили гарон шудани нархи он мегардад. Кас рафтори мардуми моро дар арафаи фарорасии чунин идҳо мушоҳида карда, ба андешае фурӯ меравад, ки Худо нахоста, магар баъд аз гузаштани ид рӯзи қиёмат фаро мерасида бошад. Доир ба густурдани дастурхон ва мазмуну муҳтавои он дар рӯзҳои ид ягон дастури мушаххас дар сарчашмаҳои шаръӣ наомадааст ва ин масъала ба урфу анъанаҳои ҳар минтақа вобаста аст, ки танзими он ба дӯши роҳбарият, фитрати мардум ва идроки мантиқии онҳо вогузошта мешавад. Айнан ҳамин тавр масъалаи идгардаки кӯдакон, идгардаки алоҳидаи занон ва мардон, писарону духтарон, ки дар байни мардуми мо маъмул шудааст, ба аҳком ва омӯзаҳои шаръию динӣ ҳеҷ решапайванде надорад. Иди маънавию эътиқодиро, ки ҷавҳари аслии онро адои намози ид ташкил медињад, ба љашну тўй табдил додан њељ пояи мантиќие надорад. Тибқи урф ва истислоҳ (яъне салоҳу манфиати мардум) бояд танзими ин масъалаҳо роҳандозӣ шавад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нерӯҳои созандаи кишвар бояд аз рӯйи ақлу идрок ва мантиқ қазоват кунанд, ки аз саҳари солеҳон бо баҳонаи идгардак дар ба дари мардум "ид муборак" гӯён беназорат гаштани кӯдакон чӣ аҳаммияти тарбиявию ахлоқӣ ва равонӣ дар ташаккули шахсияти тифлони маъсум дорад?! Ҳамчунин бо мақсади пазироии идгардаки мардон, идгардаки занон, идгардаки ҷӯраҳои писари хона, идгардаки дугонаҳои духтари хона ва боз идгардаки вежаи домуллоҳои масеҳодам тоза ба тоза дастурхон андохтан ва хӯрокҳои нав ба нав пухтан магар камоли бефарҳангӣ ва ҷаҳолат, ҷабр кардан ба аҳл хонадон нест?! Аламовар ин аст, ки дар ин қабил "гардак"-ҳо ба ҷуз ҳарзагӯӣ, ғайбату суханчинӣ, қофиязаниҳои бемаънӣ ва пурхӯрӣ, ки ин корҳо шаръан мавриди накӯҳиш қарор гирифтаанд, ҳеҷ амали дигари қобили мулоҳизае анҷом намепазирад. Баръакс, одобу ахлоқи динӣ талаб дорад, ки мӯъмини мусулмон вақтро зоеъ накунад ва умри қиматро беҳуда нагузаронад. Аз ҳамин ҷост, ки аслан хамирмояи асосии ин ҷашн (ба ғайр аз касоне, ки фаризаи ҳаҷро анҷом медиҳанд) дар адои намози ид ва барои худ қурбонӣ кардани шахсони тавоноидошта ҷамъбаст мешавад.
Роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави муқаррароти Конститутсияи кишвар риояи озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба динро ҳамчун арзишҳои волои мардуми мусулмони кишвар кафолат додааст. Дар шароити зиндагии озоду ободи давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мардуми мусулмони Тоҷикистон имконият пайдо карданд, ки ҷанбаҳои нодиру созандаи таълимот ва ҷашну маросими динӣ, махсусан, тарғиби дӯстию муҳаббати байниҳамдигарӣ, бахшидани гуноҳу камбудиҳои ҳамдигар ва хабар гирифтан аз аҳволи беморон, дастгирии ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатон ва суннатҳои неки дигарро густариш дода, љашну маросими эътиқодии худро бо арзишҳои навэҷоди миллӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва фарњанги аҷдодӣ, эҳтироми сарулибоси миллӣ, дурӣ ҷустан аз бегонапарастӣ, саҳмгузорӣ дар рушду ободии Ватан ва осудагии ҳар як хонаводаи тоҷик ғановати тоза бахшанд.
Сазовори махсус ёдовар шудан аст, ки дар шароити муосир ҳифзи унсурҳои аслию бунёдии фарҳанги миллӣ шарти бақо ва вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фард, оила, ҷомеа ва давлати соҳибистиқлол маҳсуб мешавад. Ин падида дар вазъияти густариши бесобиқаи табодулу бархӯрди фарҳангҳо ва таҳоҷуми арзишҳои динию мазҳабӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон аҳаммияти аз ҳарвақта бештаре касб намудааст. Танҳо мавқеи дурусти меҳандӯстию фарҳангсолорӣ ихтиёр кардан моро ба соҳили мақсуд ва ормонҳои миллӣ бурда мерасонад.

Файзулло БАРОТЗОДА – раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси Намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви фраксияи ҲХДТ

15/06/2024

Эмомалӣ Раҳмон: Иди Қурбон тӯй ё маросиме нест, ки боиси вазнин шудани вазъи молии инсон ва аъзои оилаи вай гардад

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
15/06/2024

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Ҳамватанони азиз!
Фардо иди саиди Қурбон, ки моҳияти онро арзишҳои неки инсондӯстӣ, анҷоми корҳои хайру савоб, тарғиби адлу инсоф ва кумаку меҳрубонӣ нисбат ба ҳамдигар ташкил медиҳанд, фаро мерасад.

Мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони кишвар оромиву осоиш ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.

Тибқи таълимоти дини мубини ислом ҳикмати ин иди муқаддас, пеш аз ҳама, эҳтиром ва шинохти қадру манзалати ҳамдигар, бахусус, падару модар, дигар калонсолон, шукронаи зиндагии орому осуда, омурзиши гуноҳҳо, хайру саховат, тарғиби ростиву растагорӣ ва сафои ботини шахси мусулмон мебошад.

Дар хотир бояд дошт, ки иди Қурбон тӯй ё маросиме нест, ки боиси вазнин шудани вазъи молии инсон ва аъзои оилаи вай гардад.

Русуму одоби он адои намози ид ва қурбонӣ кардан танҳо аз ҷониби шахсони дорои имконияти мусоиди молӣ мебошад.

Асл ва моҳияти қурбонӣ ғамхорӣ дар ҳаққи ҳамдигар, раҳму шафқат ва ҷиҳати дастгирии мардуми камбизоат ба хайру саховат ҷалб намудани мардуми доро мебошад.

Такроран хотирнишон менамоям, ки қурбонӣ кардан танҳо ба шахсоне воҷиб аст, ки имконияти мусоиди молиявӣ доранд ва дар масъалаи таъминоти аҳли оилаи онҳо мушкилие вуҷуд надорад.

Яъне қурбонӣ кардан барои ҳамаи муъминон шарт ва ҳатмӣ нест ва анҷом додани ин амал ба қудрату тавоноии ҳар шахс вобаста мебошад.

Дар ояти 286-уми сураи «Бақара»-и Қуръони маҷид зикр шудааст, ки «Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноияш воҷиб намекунад».

Онҳое, ки ойини қурбониро анҷом медиҳанд, бояд қурбониро, дар навбати аввал, ба хоҳару бародар ва хешовандони ниёзманди худ, оилаҳои камбизоат, дигар шахсони эҳтиёҷманд ва ҳамсояҳо диҳанд.

Ҳамчунин, дар арафаи иди Қурбон муъминон ба зиёрати хонаи Худо мераванд, ки яке аз аркони дини мубини ислом мебошад.

Дар робита ба ин, қобили зикр аст, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо дар асоси Конститутсия ба шаҳрвандон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин кафолат дода шудааст ва давлату Ҳукумати мамлакат онро ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳифз ва таъмин менамояд.

Ҳоло дар кишвари мо беш аз чор ҳазор масҷид дар хизмати намозгузорон қарор дорад, яъне ба 2000 – 2500 нафар як масҷид рост меояд.

Ҳол он ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 – 3,5 ҳазор ва дар мамолики дигари ҷаҳон 5 – 5,5 ҳазорро ташкил медиҳад.

Дар 70 соли замони гузашта дар кишвари мо ҳамагӣ 17 масҷид фаъолият дошту халос.

То имрӯз беш аз 255 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон маросими ҳаҷҷи фарзӣ ва зиёда аз 400 ҳазор нафар сафари умраро ба ҷо овардаанд.

Имрӯзҳо боз ҳазорон нафари дигар ба зиёрати хонаи Худо раҳсипор шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки тайи 70 соли даврони гузашта ҳамагӣ 29 нафар шаҳрвандони мо маросими ҳаҷро ба ҷо оварда буданд.

Вобаста ба ин, як нуктаи муҳимро таъкид менамоям: равиши мантиқии бунёди давлати миллии мо талаб мекунад, ки ҳам арзишҳои маънавӣ, ҳам расму ойинҳо ва ҳам суннату анъанаҳои фарҳанги аҷдодӣ бояд барои таҳкими соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва амнияти давлату ҷомеа мусоидат намоянд, яъне дар хизмати сулҳу субот ва саодату осоиши мардуми кишварамон қарор дошта бошанд.

Зеро агар дар кишвар сулҳу осоиш барқарору пойдор набошад, мову шумо наметавонем, ки расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои милливу эътиқодиамонро амалӣ созем ва фаризаҳои динии худро ба ҷо оварем.

Аз ин рӯ, ҳар яки мо масъулу вазифадорем, ки дар амалӣ намудани арзишҳои милливу динӣ манфиатҳои халқи Тоҷикистон ва давлати тоҷиконро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем.

Мо бояд дар ёд дошта бошем, ки ҳамоҳангии дурусту оқилонаи арзишҳои милливу эътиқодӣ бо манфиатҳои мардуми кишвар ва Ватани азизамон кафолати устуворӣ ва бардавомии давлатдории миллии мо мебошад.

Хайру саховат, дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, сарфаю сариштакорӣ ва риояи меъёрҳои муқарраркардаи қонуни танзим, яъне таъмини волоияти қонун, тарбияи фарзандон, омӯзонидани илму дониш, касбу ҳунар ба онҳо ва омода кардани мутахассисони созандаву эҷодкор муҳимтарин корҳое мебошанд, ки бояд дар ин самт анҷом дода шаванд.

Ман андешаҳои худро дар хусуси вазъи мафкуравии ҷомеа, аз ҷумла одоби ҳаҷ борҳо гуфтаам ва 9-уми марти соли ҷорӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ин масъалаҳоро бори дигар муфассал баён доштам.

Аз ҷумла таъкид намудам, ки вақтҳои охир баъзе ҳамватанони мо дар анҷом додани маросими ҳаҷ ба зиёдаравию намоишкорӣ роҳ дода, зиёрати хонаи Худоро ба як намуди мусобиқа мубаддал сохта истоданд.

Ин раванд дар ҳоле идома дорад, ки дар зиндагӣ ва шароити оилаи бисёре аз онҳо мушкилоти зиёд вуҷуд доранд.

Ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки баъзеҳо ҳатто қарз гирифта, ба ҳаҷ мераванд.

Дар ҳар ду ҳолат, яъне ҳам дар сурате, ки одамон бо доштани мушкилот дар зиндагии оилаашон ва ҳам бо гирифтани қарз ин корро анҷом медиҳанд, одобу русуми ҳаҷ вайрон ва ҳикмати он иллатпазир мегардад.

Вобаста ба ин масъала дар маъхазу сарчашмаҳои муътабари динӣ возеҳан гуфта шудааст, ки ҳаҷ фақат як бор воҷиб аст.

Зеро Паёмбари ислом як маротиба ҳаҷ карда, такроран анҷом додани ин амалро барои худ, дар ҳоле, ки дар сарзамини араб мезистанд, раво надидаанд.

Шахсоне, ки такрор ба такрор ба ҳаҷ мераванд, фармудаҳои бузургонамонро набояд фаромӯш созанд, ки гуфтаанд:

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст
В – аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ дар ин хусус гуфтааст: «Ҳаҷҷи хонаи Халил осон аст, аммо ҳаҷҷи ҳарами Ҷалил кори шермардон аст».

Яъне зиёрат кардану шод гардонидани дили инсон, ки ҷойгоҳу назаргоҳи Худост, бахусус, қалби шахсони бемору муҳтоҷ ва оилаҳои камбизоат муҳимтар аз зиёрати хонаи Худо мебошад.

Яке аз донишмандони бузурги тоҷик Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ки аз муфассирони машҳури Қуръони карим мебошад, мардуми соҳибдилро даъват мекунад, ки тавофи Каъбаи дилро анҷом диҳанду савоби бештар ба даст оваранд.

Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ба ҷо овардани ҳаҷҷи хонаи Худо баробар ба адои як фарз дар қатори рӯзаву намоз аст.

Бинобар ин, бояд донист, ки ҳаҷ ҷойгоҳу мақоми як муъминро аз муъмини дигар боло намебарад, зеро манзалату обрӯи инсони муъмину мусулмон танҳо бо парҳезгориву порсоӣ ва нафърасон будан ба инсонҳо баланд мегардад, на бо роҳи дигар.

Дигар ин, ки дар ягон сарчашмаи исломӣ нисбат ба дигар муъминон баланд будани унвони «ҳоҷӣ» зикр нашудааст.

Тавре ҳамватанони азизи мо мушоҳида мекунанд, солҳои охир садҳо нафар шаҳрвандони хайрхоҳу ватандӯсти мо маблағи барои ҳаҷ ҷамъкардаашонро дар роҳи кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату шахсони ниёзманд, бунёду таъмири роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва дигар корҳои хайр сарф карда истодаанд.

Амали онҳо, албатта, қобили таҳсин ва дастгирӣ мебошад.

Зеро корҳое, ки чунин шахсон анҷом медиҳанд, ба хайру осоиш ва беҳбудии рӯзгори мардум равона гардидаанд.

Дар робита ба ин, як ҳадиси саҳеҳро аз маҷмӯаи ҳадисҳои Абулқосими Табаронӣ зикр менамоям, ки чунин аст: рӯзе дар ҳузури ҳазрати Умар марде назди ҳазрати Паёмбар омаду пурсид: ё расули Худо, кист беҳтарин инсон аз мардум назди Худованд ва кадом амал аст аз маҳбубтарин амалҳо назди Парвардигор?

Паёмбари ислом ҷавоб доданд: беҳтарини инсон назди Худованд касе аст, ки манфиаташ бештар ба мардум мерасад ва маҳбубтарин амал назди Парвардигор дили ғамгинеро шод кардан, вазнинии муҳтоҷеро баровардан, як мушкилӣ ва қарзи бандаеро сабук кардан ё гуруснаеро таом додан аст.

Ин аст ҳикмати асли таълимоти дини мубини ислом.

Дар ин росто, эҳтироми падару модар ва ба ҷо овардани хизмати онҳо, ки дар фарҳанги чандинҳазорсолаи мо мақоми қиблагоҳро доранд, аз ҷумлаи ҳикматҳои дини мубини ислом, иди саиди Қурбон ва беҳтарин савоб мебошад, ки ба қавли бузургон баробар ба ҳаҷ кардан аст.

Дар шароити бисёр ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир мо бояд сарҷамъу муттаҳид бошем, сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам ободу зебо ва давлатамонро неруманду пешрафта гардонем, фарзандонамонро тарбияи дуруст диҳем, онҳоро ба омӯхтани илму донишҳои муосир, касбу ҳунарҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ ва албатта, ба одобу ахлоқи ҳамида ҳидоят намоем.

Дар ин раванд, бояд ба таълиму тарбияи духтаронамон, яъне босаводу соҳиби касбу ҳунар гардонидани онҳо эътибори махсус диҳем.

Мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки давлати соҳибихтиёр ва Ватани озоду обод дорем, ҷаҳониён миллати тоҷикро бо фарҳангу тамаддуни бостониаш мешиносанд ва ташаббусҳои созандаи давлати тоҷиконро ҷонибдорӣ мекунанд.

Мо бояд ҳамеша ва дар ҳар ҷои дунё аз тоҷик будани худ ифтихор кунем.

Зеро мо миллати тамаддунсозу фарҳангӣ ва соҳибони расму ойинҳои миллие мебошем, ки моҳият ва ҷавҳару маънии онҳоро дар ҳар давру замон на ғояҳои ақибмондаву иртиҷоӣ, балки андешаҳои инсондӯстонаву хайрхоҳона ташкил медиҳанд.

Маҳз забон, фарҳангу тамаддун ва расму ойинҳои миллии тоҷикон буданд, ки моро дар давраҳои вазнинтарини таърихӣ ҳифз карданд ва ба ин рӯзҳои нек расониданд.

Яъне тоҷикон ба шарофати ҳамин арзишҳои бостонии хеш, пеш аз ҳама, бо забон, фарҳанг, расму ойин, сару либос ва суннату анъанаҳои хоси худ, аз ҷумла Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада дар тӯли ҳазорсолаҳо зинда монданд ва ҳазорсолаҳои дигар низ зинда хоҳанд монд.

Аз ин рӯ, мо низ дар шароити соҳибистиқлолӣ барои ҳифзи ин фарҳангу тамаддуни пурғановати миллӣ масъул ва вазифадорем.

Мо бо ифтихор баён медорем, ки ба мазҳаби дигар, ба ҷаҳонбиниву мафкураи дигар, ба урфу одат, расму ойин, сару либос ва фарҳангу маънавиёти бегона эҳтиёҷ надорем.

Зеро ҳамаи ин арзишҳоро мо дар омезиши барҷаста бо хусусиятҳои сирф миллии худамон доштем ва дорем.

Мо набояд аз ёд барорем, ки мазҳаби аз ҳама бештар густаришёфтаи исломро, ки бо ақлгароӣ, таҳаммулгароӣ ва инсондӯстиаш назир надорад, фарзанди бузурги миллати тоҷик Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, яъне Имоми Аъзам поягузорӣ карда, ба хизмати мусулмонони олам гузоштааст.

Мо бо ифтихор баён медорем, ки ориёӣ ҳастем, таърихи беш аз 6000-сола дорем ва сокинони бумиву соҳибони ҳамин сарзамин мебошем.

Бинобар ин, мо набояд бегонарастӣ кунем ва ба хурофоту ифротгароӣ роҳ диҳем.

Баръакс, мо бояд ҳамеша ҳушёр бошем, ки мисли солҳои 90-уми асри гузашта бори дигар фирефтаву гирифтори нақшаҳои муғризонаи дигарон нагардем.

Давлати Тоҷикистон бо такя ба ақлу хиради азалии мардуми худ барои таъмин намудани хушбахтии шаҳрвандони кишвар, яъне ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва зиндагии осудаи ҳар як хонадони мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Такроран таъкид месозам, ки мо акнун давлат бунёд карда истодаем, дар зиндагиамон ҳанӯз мушкилоти зиёд дорем.

Барои ҳалли онҳо кор мекунем, заҳмат мекашем, Ватанамонро соҳибӣ мекунем, обод мекунем ва намегузорем, ки халқамон дастнигари дигарон шавад.

Бахусус, ҷавононамон, ки мо онҳоро захираи бузурги стратегӣ барои ояндаи давлати соҳибистиқлоламон меҳисобем, бояд хонанд, донишманд шаванд, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дошта бошанд ва аз тоҷик будани худ ифтихор намоянд.

Мо солҳои ниҳоят вазнини 90-уми асри гузаштаро, ки бо дахолати қувваҳои бадхоҳ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба сарамон омаданд, сипарӣ намудем, миллатамонро дигарбора соҳибӣ кардем, сарҷамъ намудем, давлатамонро аз нестӣ наҷот додем, яъне аз вазъияти бениҳоят сангин, шукр, ки баромадем.

Аз ин рӯ, бояд чун ҳарвақта заҳмат кашем, бахусус, ҳосили фаровони имсоларо, ки ба шарофати табиати биҳиштосо ва аз баракати кишоварзони бонангу номусамон муяссар гардидааст, беталаф ҷамъоварӣ намоем, кишти такрориро вусъат бахшем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва дар фикри захираи маводи ғизоӣ ва зиёд кардани содироти маҳсулот бошем.

Бо нияти оромиву суботи ҳамешагӣ ва ваҳдати ҷовидони миллӣ бори дигар фарорасии иди саиди Қурбонро ба ҳамаи шумо – ҳамдиёрони азиз самимона табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, иқболи нек, барори кор ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоям.

Ид муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Address

Низоми Ганҷавӣ 420
Dushanbe

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”:

Videos

Share