ОИЛА

ОИЛА Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from ОИЛА, Media/News Company, проспект Исмоили Сомони 3, Dushanbe.

Арўси ҷиннӣ (ҚИСМИ 2)Ҳамин тавр, ману хоҳарам дастовез гирифта, ба қишлоқ барои муайян кардани рўзи тўй рафтем. Арўсшава...
26/01/2025

Арўси ҷиннӣ (ҚИСМИ 2)

Ҳамин тавр, ману хоҳарам дастовез гирифта, ба қишлоқ барои муайян кардани рўзи тўй рафтем. Арўсшаванда Зубайда калонсолтар бошад ҳам, лоғари сафедандоми зебо будаасту бинанда гумон мекард, ки хеле ҷавон аст.

Падараш вафот карда будаасту Зубайда ҳамроҳи модари пиру як бародараш дар ҳавлии падарӣ истиқомат мекардааст. Дар дастурхони оростаи тарафи қудо ғайри шири мурғ дигар ҳама чиз ёфт мешуд.

Ҳамин тавр, ману хоҳарам дастовез гирифта, ба қишлоқ барои муайян кардани рўзи тўй рафтем. Арўсшаванда Зубайда калонсолтар бошад ҳам, лоғари сафедандоми зебо будаа...

Айнак барои харобшавӣПарҳезгарони ҷопонӣ ба одамони фарбеҳе, ки аз вазни зиёдатӣ халос шудан мехоҳанд, пӯшидани айнакҳои...
26/01/2025

Айнак барои харобшавӣ

Парҳезгарони ҷопонӣ ба одамони фарбеҳе, ки аз вазни зиёдатӣ халос шудан мехоҳанд, пӯшидани айнакҳои махсуси кабудро тавсия медиҳанд.

Вақте тавассути айнаки кабуд ба дунё менигаред, мавҷҳои ранг ба майнаи сар таъсир мекунанд ва реаксияи ҷисмро ба вуҷуд меоранд, дар натиҷа маркази мағзи сар, ки барои хӯрокхӯрӣ ҷавобгӯст, ором гашта, инсон камхӯрок мешавад.

Айнакҳои харобкунанда тақрибан 20 доллар арзиш доранд, вале танҳо дар Ҷопон фурӯхта мешаванд.

Парҳезгарони ҷопонӣ ба одамони фарбеҳе, ки аз вазни зиёдатӣ халос шудан мехоҳанд, пӯшидани айнакҳои махсуси кабудро тавсия медиҳанд.

Сарнавишти талхи очаи бебачаМардуми тоҷик мақоли хубе доранд: “Худо давлатро дар пирӣ диҳад!” Албатта давлатии пирии ҳар...
26/01/2025

Сарнавишти талхи очаи бебача

Мардуми тоҷик мақоли хубе доранд: “Худо давлатро дар пирӣ диҳад!” Албатта давлатии пирии ҳар як падару модар ҳаёти орому осоишта дар ҳалқаи фарзандон ва наберагон дар дами пирист, вале қаҳрамони мо, холаи Сафармоҳ аз ин неъмати парвардигор бенасиб мондааст. Сафармоҳ Қурбонова 65-сол дошта, зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мебошад, вале бозиҳои талхи сарнавишт ӯро тӯли 29 сол боз дар ба дару овора гадонидааст. Ин модари аламзада ҳаёти пур аз дарду ранҷеро ба сар мебарад. Тавре ки худи холаи Сафармоҳ мегӯяд, аз рӯзе, ки ба дунё омадааст, ягон рӯзи хушро надидааст. Аламҳои дили ин модари тоҷикро аз забони худаш манзури шумо - хонандагони азиз мегардонем.

Мардуми тоҷик мақоли хубе доранд: “Худо давлатро дар пирӣ диҳад!” Албатта давлатии пирии ҳар як падару модар ҳаёти орому осоишта дар ҳалқаи фарзандон ва наберагон...

Пироги кадугин Маҳсулоти лозима:500 грамм каду, 2-3 дона себ, 1,5 қошуқча моддаи ковоккунанда, 1 тухм, 100 грамм шакар, ...
26/01/2025

Пироги кадугин

Маҳсулоти лозима:

500 грамм каду, 2-3 дона себ, 1,5 қошуқча моддаи ковоккунанда, 1 тухм, 100 грамм шакар, 50 мл шир, 2,5 истакон орд.

Тарзи таҳия:

Пӯчоқи кадуро бурида, дилаашро реза кунеду дар блендер ба ҳарис (пюре) мубаддал гардонед. Ба каду шир, тухм ва шакар андохта, орду моддаи ковоккунандаро кам-кам илова кунед. Барои он ки пирог сахт нашавад, ордро бисёр наандозед. Ба даруни қолаби пирогпазӣ коғази пергамент тунук карда, равғани растанӣ молед. Хамирро ба он рехта, бо себҳои буридашуда оро диҳед. Пирогро дар ҳарорати 200-220 дараҷа, муддати 40-45 дақиқа пазед.

500 грамм каду, 2-3 дона себ, 1,5 қошуқча моддаи ковоккунанда, 1 тухм, 100 грамм шакар, 50 мл шир, 2,5 истакон орд.

Интернет чизи хуб аст, агар...Имрӯз, мо - хурду калон зиндагии худро бе интернет тасаввур карда наметавонем. Яъне, ҳоло ...
26/01/2025

Интернет чизи хуб аст, агар...

Имрӯз, мо - хурду калон зиндагии худро бе интернет тасаввур карда наметавонем. Яъне, ҳоло интернет як ҷузъи зиндагиамон шудааст. Аммо оё фарҳанги истифодаи онро медонем ва ё аз ин навгонии илмиро, ки тақрибан дар бист соли охир вориди ҳаётамон гардид, дуруст истифода мебарем? Даст рӯйи сина гузошта мегӯям, ки “не” ва барои ин асос ҳам дорам.

Имрӯз, мо - хурду калон зиндагии худро бе интернет тасаввур карда наметавонем.

5 маслиҳати муфид дар боби нигоҳубини мӯйи сар дар фасли зимистонЗимистон бо барф зебосту зан бо кокулони ғафсу марғулад...
26/01/2025

5 маслиҳати муфид дар боби нигоҳубини мӯйи сар дар фасли зимистон

Зимистон бо барф зебосту зан бо кокулони ғафсу марғуладораш. Аммо ҳар гуна зебоӣ талош ва ғамхорӣ мехоҳад. Ҳангоми зимистон нигоҳубини дурусти мӯйҳо махсусан муҳим аст. Барои он ки бо таъсири ҳавои сард мӯйи сари шумо ба рехтан сар накунад, чанд маслиҳати муфидро пешкашатон месозем.

Зимистон бо барф зебосту зан бо кокулони ғафсу марғуладораш. Аммо ҳар гуна зебоӣ талош ва ғамхорӣ мехоҳад.

Дилафрӯз Сатторова чӣ гуна бемории саратонро мағлуб кард?Дилафрӯз Сатторова яке аз журналистони муваффақи “Телевизиони С...
26/01/2025

Дилафрӯз Сатторова чӣ гуна бемории саратонро мағлуб кард?

Дилафрӯз Сатторова яке аз журналистони муваффақи “Телевизиони Сафина” буд, аммо дар авҷи шуҳрат натанҳо телевизион, балки Тоҷикистонро низ тарк намуд. Бисёриҳо гумон доштанд, ки ин зани ҳунарманд дар ҷустуҷӯи имкониятҳои беҳтар ба Амрико рафтааст, аммо...

Дилафрӯз Сатторова яке аз журналистони муваффақи “Телевизиони Сафина” буд, аммо дар авҷи шуҳрат натанҳо телевизион, балки Тоҷикистонро низ тарк намуд. Бисёриҳо г...

ТОЛЕЪНОМАИ 26-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2025Имрӯз шумо бояд танҳо ба эҳсосот не, балки ба далелҳои воқеӣ такя кунед. Нимаи дуюми р...
26/01/2025

ТОЛЕЪНОМАИ 26-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2025

Имрӯз шумо бояд танҳо ба эҳсосот не, балки ба далелҳои воқеӣ такя кунед. Нимаи дуюми рӯз вақти беҳтаринест барои барқарор кардани муносибатҳо бо наздикон ва ислоҳи хатогиҳои гузашта. Шомгоҳ меҳмонони ғайричашмдошт бо хабарҳои хуш метавонанд шуморо хурсанд кунанд. Агар ҳис кунед, ки дар вазифаи ҷории худ имконияти пешрафт нест, кӯшиш кунед ба роҳбарон маҳорати худро нишон диҳед. Имрӯз барои фаъол шудан ва истифодаи имкониятҳои худ вақти хуб аст. Боварӣ ҳосил кунед, ки хатогиҳои ночиз ба шумо монеъ нашаванд. Бо вуҷуди он, ки фурсати мусоид фаро мерасад, эҳтиёт кунед, ки шиддат ва асабоният бартараф карда шавад.

Бо вуҷуди мушкилоти рӯзҳои гузашта, имрӯз эҳсоси муваффақият шуморо фаро мегирад.

Арўси ҷиннӣ (ҚИСМИ 1)Дар оилаи даҳнафараи мо ҳамаи фарзандон интихоби ҳамсарро ба волидайн вогузор мекарданд. Ҳарчанд мо...
25/01/2025

Арўси ҷиннӣ (ҚИСМИ 1)

Дар оилаи даҳнафараи мо ҳамаи фарзандон интихоби ҳамсарро ба волидайн вогузор мекарданд. Ҳарчанд мо солҳои сол дар шаҳр зиндагӣ мекунем, вале тафаккурамон ба қавли баъзеҳо “қишлоқӣ” боқӣ мондааст.

Падару модарам ҳамаи моро хононда, баъд ба зиндагии мустақил гусел карданду давлати пирӣ дида, ин оламро падруд гуфтанд. Хонаи панҷҳуҷрагии волидонам ба додари кенҷагиямон монд, зеро ў бо зану ду фарзандаш дар дами пириҳои волидайнамон дастгир буд ва аз мо бештар хизмати мўйсафедонро кардаанд. Ман нахустфарзанди оила будаму пас аз фавти волидайн фарзандони падар дар ҳама кору борашон аз мо маслиҳат мепурсиданд. Мо ҳар моҳ як бор дар ҳавлии падарӣ ҷамъ шуда, рўҳи падару модарамонро “шод” мекардем, хушбахт аз он будем, ки волидайни оқилу дурандешамон дар ботини ҳар яки мо меҳру муҳаббат ва раҳмдилиро тарбия намудаанд…

Дар оилаи даҳнафараи мо ҳамаи фарзандон интихоби ҳамсарро ба волидайн вогузор мекарданд. Ҳарчанд мо солҳои сол дар шаҳр зиндагӣ мекунем, вале тафаккурамон ба қавл....

Ба афтат чӣ шудааст?- Ааа, як “качок” штангаро афтонд…- Дар рӯят-мӣ???- Э, не, ба пояш…- Набошад, ба ту чӣ шуд?- Ман бош...
25/01/2025

Ба афтат чӣ шудааст?

- Ааа, як “качок” штангаро афтонд…

- Дар рӯят-мӣ???

- Э, не, ба пояш…

- Набошад, ба ту чӣ шуд?

- Ман бошам, хандидам…

***

Духтур ба назди бемор омада, мегӯяд:

- Бемор, ман ба шумо ду хабар дорам – якташ хушу дигараш нохуб. Аз кадомаш сар кунам?

- Духтур, аз нағзаш сар кунед.

- Хай, ин бемориро ба номи ту мемонанд.

***

- Барои чӣ ин қадар зиқӣ?

- Занам семоҳа сафар дорад.

- Набошад, туро намефаҳмам.

- Агар ман ғамгин нашавам, ягон ҷо намеравад.

Ба афтат чӣ шудааст?

Хӯриш бо номи “Париж”Маҳсулоти лозима:150 грамм лӯбиёи сурхи консерва, 120 грамм замбурӯғ, 120 грамм ҳасиб (ветчина), 12...
25/01/2025

Хӯриш бо номи “Париж”

Маҳсулоти лозима:

150 грамм лӯбиёи сурхи консерва, 120 грамм замбурӯғ, 120 грамм ҳасиб (ветчина), 120 грамм панири сахт, 1 дона сабзӣ, 1 дона пиёз, майонез, шибит.

Тарзи таҳия:

Пиёзро чоркунҷа реза карда, сабзиро аз турбтарошак гузаронед. Пиёзу сабзиро дар тоба сурх карда, ба даруни зарфи чуқур андозед. Ба он ҳасиби ба таври наргисӣ резашуда ва замбурӯғи очонидашударо илова кунед. Панири аз турбтарош гузаронидашуда, шибити реза ва майонез илова карда, хӯришро омехта созед.

150 грамм лӯбиёи сурхи консерва, 120 грамм замбурӯғ, 120 грамм ҳасиб (ветчина), 120 грамм панири сахт, 1 дона сабзӣ, 1 дона пиёз, майонез, шибит.

Писар барои падараш шароб харад, гунаҳкор мешавад?Падарам шароб менӯшад, аз ман хоҳиш мекунад, ки ба ӯ шароб биёрам ва м...
25/01/2025

Писар барои падараш шароб харад, гунаҳкор мешавад?

Падарам шароб менӯшад, аз ман хоҳиш мекунад, ки ба ӯ шароб биёрам ва ман ба ӯ не гуфта наметавонам. Фаҳмиданӣ будам, ки ман барои он шаробҳои харидаам гунаҳкор мешавам ё не?

АМИРҶОН, ш. Душанбе

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Хамр (шароб, май) бо Қуръону суннат ва иҷмоъ ҳаром мебошад.Аз Анас ибни Молик ривоят шудааст, ки мегӯяд: «Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар шароб даҳ тоифаро лаънат кардааст: Тайёркунандаи он, шахсе ки тайёр кардани онро талаб намудааст, нӯшандаи он, оварандаи он, шахсе ки овардани онро талаб намудааст, соқии он, фурӯшандаи он, хӯрандаи пули он, харидори он ва шахсе, ки харидани онро талаб кардааст».

Барои шумо ҳалол нест, ки ба падари худ шароб бихаред. Итоати махлуқ дар нофармонии офаридгор ҷоиз нест, гарчанде ки ин амал падарро хашмгин намояд ва ӯ дар ҳаққи шумо дуои бад кунад. Ӯ ба хотири ин амалаш гунаҳкор мешавад ва дар Шариъат ягон вазне надорад.

Падарам шароб менӯшад, аз ман хоҳиш мекунад, ки ба ӯ шароб биёрам ва ман ба ӯ не гуфта наметавонам. Фаҳмиданӣ будам, ки ман барои он шаробҳои харидаам гуҳаҳкор мешава...

Меҳринисо: Ман шоири хушбахтам!Ӯ дӯсти Аҳмад Зоҳир буд ва ҳатто бо ӯ якҷоя суруд хондааст. Беш аз 700 шеъри ӯро сароянда...
25/01/2025

Меҳринисо: Ман шоири хушбахтам!

Ӯ дӯсти Аҳмад Зоҳир буд ва ҳатто бо ӯ якҷоя суруд хондааст. Беш аз 700 шеъри ӯро сарояндагони маъруфи тоҷик оҳанг баставу месароянд. Бо вуҷуди он ки соҳибнуфуз буд, барои унвону ҷоиза талош накард. Ҳатто курсии Маҷлиси Олиро барои гирифтани унвон истифода набурд. Сухан аз Меҳринисо аст. Шоири мардумие, ки ин унвонро надорад...

Меҳри шеър

Меҳринисо Бобобекова 19-уми январи соли 1950 дар Панҷакент таваллуд шудааст. Мегӯяд, аз кӯдакӣ падар дар қалби ӯ меҳри адабиётро бедор намудааст.

Ӯ дӯсти Аҳмад Зоҳир буд ва ҳатто бо ӯ якҷоя суруд хондааст. Беш аз 700 шеъри ӯро сарояндагони маъруфи тоҷик оҳанг баставу месароянд.

Сарнавишти як афғондухтари муборизҲадя Яъқуб Носирӣ як духтари муваффақи афғон дар Тоҷикистон аст. Ӯ 9-уми июни соли 199...
25/01/2025

Сарнавишти як афғондухтари мубориз

Ҳадя Яъқуб Носирӣ як духтари муваффақи афғон дар Тоҷикистон аст. Ӯ 9-уми июни соли 1997 дар Афғонистон таваллуд шудаст.

Ҳадя дар оила фарзанди калонӣ буда, 4 бародар дорад. Тавре худаш мегӯяд, дар мактаб бештар ба фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ шавқу завқ дошт. Мактабро аъло хатм намуда, ба Донишгоҳи тиббии Афғонистон дохил шуд, ҳамзамон барои инкишофи забони хориҷиаш ба курсҳои кӯтоҳмуддат мерафт, аммо натавонист онро ба анҷом расонад.

Ҳадя Яъқуб Носирӣ як духтари муваффақи афғон дар Тоҷикистон аст. Ӯ 9-уми июни соли 1997 дар Афғонистон таваллуд шудаст.

ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2025Барои шахсони озод ситораҳо тавсия медиҳанд, ки ба атрофи худ бодиққат назар кунанд, з...
25/01/2025

ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2025

Барои шахсони озод ситораҳо тавсия медиҳанд, ки ба атрофи худ бодиққат назар кунанд, зеро имконияти оғози як саргузашти ҷолиб вуҷуд дорад. Имрӯз вақти бештарро ба ҳалли мушкилоти маишӣ бахшед, зеро аксари низоъҳои шумо аз сарфи назар кардани масъалаҳои хонаводагӣ сарчашма мегиранд. Кӯшиш кунед дар наздикии шахсоне бошед, ки ростқавлона ва бо ҳақиқат бо шумо суҳбат мекунанд, ҳатто агар гапҳои онҳо ба шумо нофорам бошанд. Ба арзишҳои худ содиқ бошед ва аз пайравӣ ба идеалҳои худ даст накашед. Бо азму талош ба сӯи тағйир ва пешравӣ ҳаракат кунед, ки ин метавонад ба имкониятҳои нав ва дастовардҳо сабаб шавад. Сайру гашт тавсия дода мешавад, зеро ин метавонад эҳсосоти шуморо беҳтар кунад ва фикру зикри шуморо ором созад. Ҳангоми сафар эҳсосоти мусбат ва дидгоҳҳои навро пайдо мекунед.

Дар ин рӯз масъалаҳои ошиқӣ бароятон чандон аҳамият надоранд. Шумо маҷбур мешавед вақти зиёдеро барои кор ва ҳалли мушкилоти хона сарф кунед.

Келин не, офат… (ҚИСМИ 2)Келин не, балои дусара…Гулистон аз қадами аввал дар хонадони мо қонунҳои худро ҷорӣ кард, зеро ...
24/01/2025

Келин не, офат… (ҚИСМИ 2)

Келин не, балои дусара…

Гулистон аз қадами аввал дар хонадони мо қонунҳои худро ҷорӣ кард, зеро писарам ба садои ў лаббай мегуфту ғайр аз занаш чашмонаш каси дигарро намедиданд. Келину писарам кай хоҳанд, аз хоб мехестанд, бори мани бечора, ба ҷойи сабукшавӣ вазнинтар шуда буд.

Дар аввалҳо дили шавҳарам ба ман сўхта, писару келинамро насиҳат мекард, вале баъд ў низ тарафи онҳо гузашт. Зеро келинам бо баҳонаи “хонаи очааму хонаи холаам” ба ҳар куҷо мерафту баъд аз омаданаш ба рафтораш зеҳн монда, ҳайрон мешудам. Чанд бор шоҳиди он будам, ки ў коғазеро дар об шуста, он обро ба хўроки дег рехт.

Гулистон аз қадами аввал дар хонадони мо қонунҳои худро ҷорӣ кард, зеро писарам ба садои ў лаббай мегуфту ғайр аз занаш чашмонаш каси дигарро намедиданд.

 #МуҳоҷирОилаДар Красноярск ба як ронандаи тоҷик барои ғамхорӣ дар ҳақи кӯдаки рус мукофот медиҳандДар шаҳри Красноярски...
24/01/2025

#МуҳоҷирОила

Дар Красноярск ба як ронандаи тоҷик барои ғамхорӣ дар ҳақи кӯдаки рус мукофот медиҳанд

Дар шаҳри Красноярски Русия ба як ронандаи тоҷик барои ғамхориаш дар ҳақи як писарбачаи рус изҳори миннатдорӣ намуданд.

Хабарҳои моро дар телеграм-канали https://t.me/oila_tj_official пайгирӣ намоед!

Дар шаҳри Красноярски Русия ба як ронандаи тоҷик барои ғамхориаш дар ҳақи як писарбачаи рус изҳори миннатдорӣ намуданд.

 #СолимӣОилаЧойнӯшӣ умри инсонро дароз мекунадОлимони Чин тӯли қариб 30 сол тадқиқот гузаронида, ба хулосае омадаанд, ки...
24/01/2025

#СолимӣОила

Чойнӯшӣ умри инсонро дароз мекунад

Олимони Чин тӯли қариб 30 сол тадқиқот гузаронида, ба хулосае омадаанд, ки чойнӯшӣ умри инсонро дароз мекунад.

Хабарҳои моро дар телеграм-канали https://t.me/oila_tj_official пайгирӣ намоед!

Олимони Чин тӯли қариб 30 сол тадқиқот гузаронида, ба хулосае омадаанд, ки чойнӯшӣ умри инсонро дароз мекунад.

Address

проспект Исмоили Сомони 3
Dushanbe

Opening Hours

Monday 09:00 - 06:00
Tuesday 09:00 - 06:00
Wednesday 09:00 - 06:00
Thursday 09:00 - 06:00
Friday 09:00 - 06:00

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when ОИЛА posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to ОИЛА:

Videos

Share