Comments
ИДДАОҲОИ АСОСНОК
“Иддаоҳои беасоси КОА” (Комиссияи олии аттестатсионӣ аз 07.07.2021, № 27 (1434) рӯзномаи “Тоҷикистон”) -ро хонда, ба чунин хулоса омадам: 1. Ҷавобҳои КОА илмӣ набуда, бисёр сода ва умумианд. 2. Масъулин самти фаъолияти КОА-ро ба таври бояду шояд дарк накардаанд. Бештар КОА-ро ҳамчун маркази забономӯзӣ медонанд. 3. Вобаста ба саволҳои додашуда ҷавоби қонеъкунанда надоранд ва бештар дурӯғи бефурӯғ мегӯянд. 4. Сатҳи баёни фикр бисёр дар сатҳи паст аст, яъне олимона нестанд, ҳатто ҷумлаҳо фикро равшан ифода намекунанд. 5. КОА камбудиҳои ҷойдоштаро эътироф накарда, барои баромадан аз вазъияти ногувор аз номи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад мекунанд.
Пеш аз он ки КОА ба эродҳои гирифташуда ҷавоби далелнок ва мантиқӣ мегардонд, мебоист матни эродҳоро хуб мехонд, дарк мекард, таҳлил менамуд, замони амалишавии онҳоро муайян мекард, мазмуну мундариҷаи фармоишҳои дар болозикршударо дар доираи ақл, илм ва санадҳои меъёрӣ месанҷид ва дар амал татбиқ менамуд ва баъд дар натиҷа ҷавоби “обдор” пешкаш мекард. Мутаассифона, дар ҷавоби КОА асоснокунӣ, далеловарӣ, исботкунӣ ва тавзедиҳӣ дида намешавад. Иқтибосоварии масъулини КОА ба иқтибосоварии кормандаш – Ёров Меҳрдод якзайл аст, яъне Ёров Меҳрдод параграфи 2.2-и кори илмиашро аз ҳисоботи аввали соли 2020-и КОА бо иқтибосоварии носаҳеҳ дар баъзе ҳолатҳо ва дар баъзе ҳолатҳои дигар нусхабардорӣ намуда, таҳия намудааст. Эродҳои гирифташуда на 14.06.2021 дар рӯзномаи “Тоҷикистон” ба нашр расидаанд, балки онҳо 16.06.2021, № 24 (1431) дар рӯзномаи номбаршуда нашр гардида, ҳатто дар нусхабардории он КОА хато намудааст.
Ҷавоби КОА вобаста ба заминаи саволҳои матраҳшуда, қонеъкунанда набуда, КОА иддао пеш меорад, ки эродҳои гирифташуда беасос ва заминаи ҳуқуқӣ надоранд. Бояд қайд намуд, ки заминаи ҳуқуқии эродҳои гирифташударо фармоишҳо, дастурамалҳо ва қарорҳои Раёсати КОА ташкил медиҳанд, вале мазмуну мундариҷаи фармоишҳо, дастурамалҳо ва қарорҳои КОА-ро масъулин чӣ тавр дарк менамоянд, саволест беҷавоб.
Дар заминаи эродҳои гирифташуда ду саволи машаххас матраҳ шудааст: 1. Ихтилофи мазмун, мундариҷа ва талабот миёни қарорҳои Раёсати КОА ва дигар ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида. 2. Мавриди амал қарор гирифтани онҳо (фармоишҳо, дастурамал ва дигар ҳуҷҷатҳои номбуршуда).
Аз ҷавоби КОА маълум мешавад, ки онҳо (Раёсати КОА) қобилияти дарк кардани матни эродҳоро надоранд ё дарк кардан намехоҳанд. Вобаста ба ду саволи дар боло зикршуда, КОА метавонист, онҳоро шарҳ дода, бисёр ба содагӣ ва бе сухан гуфтан аз номи Президенти кишвар ҷавоб гардонад. Вале барои ин корро анҷом додан ... даркор.
Доир ба масъалаи зикршуда (заминаи эродҳо) КОА суханро ба дигар самт майл дода, вобаста ба меъёрҳои санҷиши асолати диссертатсия аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос меорад, дар ҳоле, ки сухан оид ба иҷрои талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрии дар боло номбаршуда меравад, на ин ки сиёсат.
1. Вобаста ба дастурҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданиам, ки ӯ ҳаргиз барои бенизомӣ дар КОА супориш намедиҳад.
2. Агар Президенти кишвар оид ба дар сатҳи баланд фаъолият намудани КОА супориш дода бошад, намешуд, ки шумо раванди татбиқи онро ба таври шоиста ва улгӯ ба роҳ мемондед?
3. Агар шумо даъвои татбиқи сиёсати Президенти кишварро доред, чаро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ш. Душанбе, 23 июли соли 2016, № 1339)”, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо гардидааст, иҷро накардед ва сабаби ворид шудани аризаҳои шикоятӣ оид ба поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон аз ҷониби КОА ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақоқоти дахлдор гардид?
4. Агар шумо татбиқкунандаи сиёсати Президенти кишвар ҳастед, чаро онро ба таври шоиста ва намунавӣ муаррифӣ ва тарғиб наменамоед, ё наметавонед?
5. Оё барои шумо ибрат нашудааст, ҳоли он касе, ки аз номи Президент ва фарзандони ӯ сухан мекард?
6. Оё камбудиҳои КОА-ро ба дигарон иртибот додан дуруст аст?
7. Оё ҷойи ифтихор аст, ки дар ғилофи корди хеш шамшери дигаронро андохта, хушҳолӣ намуда, аз вазъияти ногувор бароӣ? Беҳтар нест, ки камбудиҳои ҷойдоштаро эътироф намуда, барои ислоҳи онҳо чораҳои амалӣ андешид?
Вобаста ба ҷавобҳои КОА нисбати саволҳо (эродҳо)-и матраҳшуда:
1. КОА қайд менамояд, ки “Бо ҷорӣ намудани меъёрҳои нав меъёрҳои пештара эътиборашонро гум мекунанд, яъне беэътибор мешаванд”. Агар чунин аст, чаро дар матни фармоиши Раёсати КОА аз 25.02.2021, № 2 чунин нукта зикр нашудааст? Оё ин аз номукаммалии фармоишҳо ва дарки нодурусти муқаррарот дар КОА гувоҳӣ намедиҳад?
2. Фармоишҳое, ки ба ихтилофи гуфтаҳои КОА шаҳодат медиҳанд:
2.1. Дастурамал оид ба санҷиши дараҷаи асолати матни диссертатсия ... (аз 31 октябри соли 2019, № 9) дар соли 2019 мавриди амал қарор гирифт, вале дар фармоишҳои КОА аз 30.03.2021 №82/ди, №84/ди, №85/ди, №86/ди, №153/ди аз 04.05.2021, №243 аз 29.06.2021 истифода нашуда, балки Дастурамал дар бораи санҷиши диссертатсияҳо ... (31 майи соли 2018, №5/7) истифода гардидааст. Аз ин нукта бармеояд, ки КОА дастурамалҳои дар ин самт қаблан амалкунандаро аз эътибор соқит накардааст.
2.2. Дар фармоиши 130/ди аз 30.04.2021 дар баробари Дастурамал дар бораи санҷиши диссертатсияҳо ... (аз 31 майи соли 2018, № 5/7) фармоиши Комиссия аз 27.04.2020, № 4 истифода гардидааст.
Вобаста ба ҳамин банд зикр намудан зарур аст, ки дар баробари хатогиҳои техникӣ фармоиши мавҷуднабудаи Раёсати КОА аз 27.04.2020, № 4 дар ин фармоиш истифода шудааст. Фармоиши Раёсати КОА бо чунин мазмун дар 29.04.2021 ба тасвиб расидааст, на дар соли 2020.
2.3. Дар фармоишҳои №145/ди, №146/ди, №147/ди аз 03.05.2021 бар хилофи фармоиши Раёсати КОА аз 25.02.2021, № 2, Дастурамал оид ба санҷиши дараҷаи асолати матни диссертатсия (аз 31 октябри соли 2019, № 9) истифода гардидааст.
Дар ин фармоиш (214/ ди аз 14.06.2021) дар бораи рад кардани кори диссертатсионие сухан меравад, ки 30.03.2021 дифоъ шуда, шояд то охири моҳи апрел ба КАО тибқи муқаррарот ворид гардидааст. Вале 29.04.2021 Раёсати КОА қарори навро ба амал бароварда, кори илмии ин шахсро рад кардааст. Агар 30.03.2021 кори илмӣ дар Шӯрои илмӣ ҳимоя шуда бошад ва ба қарорҳои Раёсати КОА то ба рӯзи ҳимоя мувофиқ бошад, пас ӯ чӣ тавр метавонад, кори илмии хешро ба он талаботҳое мутобиқ созад, ки дар як моњи оянда амалӣ мешаванд?
Вобаста ба ҷавоби КОА нисбати эроди (саволи) дуюм:
1. Аслан ҷумла мазмун ва мантиқ надорад. “2. Қарори Раёсати КОА аз 25.02.2021, № 2 аз 1 марти соли 2021 мавриди иҷро қарор дода шудааст ва диссертатсияҳое, ки пас аз 1 марти диссертатсияҳои солҳои пеш паҳн намегардад.” Ё ҷумла дар сатҳи “докторҳои илм” асту, мо мазмуну мундариҷаи онро намефаҳмем?
Дар бобати истифодаи калимаи “ПАҲН ШУДАН”. Дар саҳифаи 84-и Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (Душанбе, 2010) феъли “паҳн шудан”-ро ба овоза, рӯзнома, дастархон ва ба маънои ҷорӣ кардан – умумигардонӣ, интишор додан истифода шудааст. Истифодаи калимаи паҳн шудан дар матни фармоиш бисёр гӯшхарош, нофаҳмо, дағал буда, ба ҷойи он калима “татбиқ”-ро тавсия медиҳем. Дар саҳифаи 331-и Фарҳанги мазкур ба калимаи татбиқ – ҷорӣ кардан ё ба амал овардани ихтирое ё фикри наве ишора мешавад. Аз ин рӯ, фармоиши Раёсати КОА аз 25.02.2021, № 2 қарори нав мебошад ва истифодаи калимаи татбиқ бисёр мувофиқ аст. Фикр мекунам, ки вожаи истифодашаванда дар ин маврид дар самти илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва илмҳое, ки ба онҳо иртибот доранд феълҳои амалӣ шудан, мавриди амал қарор гирифтан, амалӣ намудан, татбиқ шудан, рӯйи кор омадан истифода мешавад.
2. Аз иқтибосҳои дар боло манзуршуда маълум мегардад, ки баъд аз амалӣ гардидани фармоиши Раёсати КОА аз 25.02.2021, № 2 фармоишҳои солҳои қабл дар ин самт қабулшуда амал мекунанд ва беэътибор нашудаанд.
3. Агар қарорҳои нави Раёсати КОА оид ба масъалаи зикршуда амалӣ шуда бошанд, чаро КОА мисли мо мардуми омма, як фармоишро далел наовард? Дар ин ҷода метавон гуфт, ки ҳар сухане, ки КОА барои сафед кардани худ истифода мекунад бар зарари онҳо мебошад. Сабаб дар он нест, ки мо закӣ, қавӣ, донишмандем, сабаб дар он аст, ки тарафи муқобил ... аст.
Вобаста ба ҷавоби КОА нисбати эроди (саволи) сеюм.
Саволи 3-юм аз ду бахш иборат буда, бахши аввал оид ба шумораи диссертатсияҳое мебошад, ки ба КОА бе пешниҳод намудани маълумотнома оид ба натиҷаи “антиплагиат”ворид шудаанд. Бахши дуюми савол дар бораи он диссертатсияҳое мебошад, ки бе маълумотнома оид ба натиҷаи “антиплагиат”ба КОА ворид шудаанд ва ба муқаррароти КОА мутобиқ мебошанд.
КОА аз ҷовоб додан ба саволи матраҳшуда канор рафта, оид ба шумораи умумии диссертатсияҳо ва яке аз ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ будани маълумотнома оид ба натиҷаи “антиплагиат” ҳарф мезанад. Вобаста ба шумораи диссертатсияҳое, ки ба КОА бе маълумотномаи натиҷаи “антиплагиат” ворид шудаанд аз мудири шуъбаҳо ва Ёров Меҳрдод (корманди КОА) хуб пурсед, медиҳанд.
Вобаста ба ҷавоби КОА нисбати эроди (саволи) чорум.
Саволи чорум низ аз ду бахш иборат буда, оид ба хусусияти тавсиявӣ доштани дараҷаи асолати матни диссертатсия дар бахши аввали савол сухан рафта, дар бахши дуюм ҳангоми паст будани асолати матни диссертатсия аз 75 % зарурати ҳимояи такрорӣ матраҳ мегардад.
КОА дар ҷавоб ба ин савол оид ба субъект, объект ва мақоми ваколатдори Комиссия сухан мекунад. Дар ҳоле, ки савол, умуман, дар бораи қабул кардани қарор аз ҷониби субъект, объект ва мақоми ваколатдори КОА намеравад. Саволҳо мушаххасанд, вале ҷавобҳо ба саволҳо иртибот надоранд. Масъалаи дигар ин аст, ки КОА дар бораи хусусияти ҳатмӣ доштани санҷиши дараҷаи асолати матни диссертатсия иддао мекунад. Ин иддаои КОА дар кадом қарори Раёсати КОА қабул шудааст, маълум нест. Суханҳои умумӣ ва беасос. Беҳтар намешуд, ки он ҳуҷҷатро ҳангоми ба саволҳо ҷавоб гардонидан ишора менамуд?
Вобаста ба ҷавоби КОА нисбати эроди (саволи) панҷум.
Саволи панҷум низ аз ду бахш иборат буда, якум оид ба дар меҳвари фаъолияти КОА қарор доштани барномаи “антиплагиат” ва дуюм оид ба зарурати фаъолият намудани доираи васеи олимон дар шӯроҳои экспертии назди КОА савол ба миён мегузорад.
1. КОА хешро дар донистани барномаи компютерӣ васф карда, моро сарзаниш мекунад, ки мо бояд донем, ки ба туфайли пешрафти технологияи иттилоотӣ барномаи компютерӣ дар тамоми дунё мавриди истифода мебошад.
2. Боз ҷумлабандӣ мушкил дорад. Сухан оид ба кадом барномаи компютерӣ меравад, маълум нест. Оё КОА фикр мекунад, ки танҳо як барномаи компютерӣ дар дунё мавҷуд аст ва он дар ҳама ҷой бо як мазмуну мундариҷа истифода мешавад?
3. Масъалаи он ки дар тамоми дунё барномаи компютерӣ истифода мешавад оё ин сухани илмӣ аст ё умумӣ? Кӣ далел оварда метавонад, ки дар як гӯшаи касногузари Африқо ё ҷойҳои дигаре, ки бошандагонаш – шахсоне, ки аз пешрафти илму техника ҳоло огаҳ нестанд барномаи компютериро мавриди истифода қарор додаанд?
4. Истифодаи барномаи компютерӣ ба қарорҳои Раёсати КОА чӣ иртибот дорад? КОА на барнома (антиплагиат) месозад, на барномаҳои мавҷудбударо дуруст истифода бурда метавонад ва на дарки дурусти онҳоро дорад.
5. Агар омили инсонӣ дар барнома набошад, чаро дар саҳифаи аввали маълумотномаи КОА оид ба натиҷаи “антиплагиат” чунин омадааст: “ОТВЕТ НА ВОПРОС, ЯВЛЯЕТСЯ ЛИ ОБНАРУЖЕННОЕ ЗАИМСТВОВАНИЕ КОРРЕКТНЫМ, СИСТЕМА ОСТАВЛЯЕТ НА УСМОТРЕНИЕ ПРОВЕРЯЮЩЕГО”?
6. Агар омили инсонӣ дар барнома набошад чаро дар саҳифаҳои маълумотномаи КОА оид ба натиҷаи “антиплагиат”, ки дар семоҳаи аввали соли 2020 ба КОА ворид ва санҷида шудааст, аз асардуздии 1,5 соли оянда (яъне барнома матни диссертатсияро соли 2020 санҷида, асардуздиро аз соли 2021) иқтибос меоварад?
7. Ба барономае, ки асардуздиро аз маводе, ки баъд аз 1-2 соли оянда ба нашр мерасад ва ё не, иқтибос меоварад, метавон тақдири илмро вобаста кард?
8. Агар КОА ба барномаи компютерӣ ин қадар эътимоди зиёд дорад, чаро фаъолияти шӯроҳоро дар назди КОА қатъ намекунад?
9. КОА дар асоси кадом ҳуҷҷат маълумотномаи дигар муассисаҳоро оид ба санҷиши асолати матни диссертатсия қабул намекунад? Оё далел дорад, ки дигар муассисаҳо барои баланд бардоштани фоизи асослати матни диссертатсия ришва мегиранд? Оё барои дуруст кардани асолати матни дис$ерт4асия Ёров Меҳрдод ришва талаб намекунад?
10. Оё ин эътимоде, ки ҷавобгӯянда нисбати барнома дорад, барои ӯ савол пеш наовард, ки ӯ худ дар КОА фаъолият карданаш зарур аст?
11. Доираи васеи докторони илм, ки дар шӯроҳои экспертии КОА фаъолият мекунанду хулосаашон нисбати корҳои илмӣ дар назди Раёсати КОА ба як тангаи пучак баробар нест, барои “спектакль” нақш меофаранд?
12. Ҷавобгӯянда оид ба зарурати шӯроҳои экспертии назди КОА фаъолияткунанда тамоман аҳамият надодааст, ин чӣ маънӣ дорад?
Вобаста ба тафовути КОА аз маркази забономӯзӣ чунин саволҳо матраҳ мешаванд:
1. Чӣ фарқ миёни КОА ва маркази забономӯзӣ вуҷуд дорад?
2. Бинобар паст будани сатҳи забондонӣ кори илмии чанд нафар рад шудааст?
3. Бинобар баланд будани сатҳи забондонӣ ба чанд нафар дараҷаи илмӣ дода шудааст?
Савол ба миён меояд, ки чаро фаъолияти бенизоми КОА аз назари сохторҳои дахлдор – Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати илм ва инноватсияи Дастгоҳи иҷроияи Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳо, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур мондааст?
Оё сохторњои дар боло зикргардида, интизоранд, ки дипломњое, ки КОА бо риоя нагардидани талаботи ќонунгузорї ба муаллифони корњои илмї додааст аз тарафи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошкор шуда, дар ҷаласаи Ҳукумат савол ба миён оварад ва баъд онҳо чора меандешанд?
Аз сохторҳои дар боло зикр гардида пурсида мешавад, ки оид ба фаъолияти КОА чӣ назар доранд (чанд маротиба фаъолияти КОА-ро мавриди санҷиш, омӯзиш ва таҳлил қарор додаанд ва чӣ хулоса баровардаанд)?
Хонандаи закӣ дар аввали мақола оид ба фаъолияти КОА 5 хулоса манзур намудам ва фикр мекунам, ки Шумо низ ба онҳо розӣ мешавед.
Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти минбаъдаи КОА чунин пешниҳодҳоро манзур менамоям:
1. Ҷиҳати дар сатҳи баланд таҳия намудани фармоишҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ як нафар мутахассиси забоншинос дар КОА ба кор ҷалб карда шавад (зеро таҳлил ва омӯзиши фармоишҳо оид ба додан ва рад намудани дараҷаҳо ва унвоҳои илмӣ дар КОА аз оғози фаъолияташ то ҳол нишон медиҳад, ки тақрибан як фармоише вуҷуд надорад, ки дар он хатогӣ ба чашм нарасад. Барои мисол дар фармоишҳои № 27 аз 28.02.2018, № 117 аз 31.10.2018, № 178 аз 18.09.2019, № 236 аз 07.11.2019..., ки иборат аз 1-2 саҳифаанд на камтар аз 5 хатогӣ дида мешавад. Дар муассисае, ки дар назди Президенти кишвар фаъолият мекунад, дар чунин сатҳ таҳия ва ба тасвиб расонидани ҳуҷҷатҳо шарм нест? Оё чунин фаъолияти КОА барои миллати тоҷик, ки дар рушди илм таърихи чандҳазорсола дорад нанг нест?).
2. Фаъолияти КОА бо ҷалби намояндагони сохторҳои дар боло зикршуда (агар зарурат бошад боз дигар сохторҳо ҷалб карда шаванд) ва ашхосе, ки корҳои илмиашон аз ҷониби КОА бо асосҳои бофта рад карда шудаанд, мавриди таҳлил ва дар яке аз ҷаласаҳои Ҳукумат баррасӣ карда шава.
3. Тақдири илм дар ҷумҳурӣ ба дасти кормандони кунунӣ ва собиқи прократура, амният, милитсия, гумрук, сарҳадбон ва ҳолатҳои фавқулода ҳавола карда нашавад.
Ба мудири шуъба (КОА) барои ҳамкории судманд ва самарабахш миннатдорӣ баён менамоям.
Мубориз Абдулҳамид Хуршед