TojNews

TojNews Информационное агенство TojNews
(10)

ТojNews чӣ тарҳ аст?

Оҷонси иттилоотии умумимиллии ТojNews тарҳи нави Созмони ҷамъияти (СҶ) "ИНДЕМ" дар бозори иттилооти Тоҷикистон аст. Муҳимтарин хусусияти лоиҳаи ТojNews ин пешниҳоди молҳои хабарии гуногун на танҳо барои ВАО-и дигар, балки барои истифодабарандагони қаторӣ мебошад. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки зимни амалисозии лоиҳаи мазкур истифодабарандаҳои гиромии Шабака ҷиҳати дарёфти итт

илооти мустақил аз Тоҷикистон имкони фароху густардатареро соҳиб бошанд.

Истифодабарандаҳои ТojNews метавонанд аз иттилоот ва шарҳҳои коршиносон истифода бурда, дар пурсишҳои мо ширкат варзанд ё дар дар реҷаи мустақим (он-лайн) ба мусоҳибони худ аз шумули сиёсатмадорон, масъулини ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, коршиносони варзида ва мутахассисони обрӯманди кишвар ҷавоб бигиранд. Алҳол танҳо сафҳаи тоҷикии сомона фаъол аст. Дар назар аст, ки моҳҳои наздик сафҳаҳои дигари сомона низ тадриҷан фаъол гарданд.

Ҳайъати эҷодии пойгоҳи интернетии ТojNews ва Раёсати СҶ «ИНДЕМ» умед доранд, ки Шумо низ аз истифодабарандагони доимии мо хоҳед буд.

«ИНДЕМ» чӣ созмон аст?

Созмони ҷамъиятии «Информатика барои демократия ва рушди миллӣ» («ИНДЕМ») 12-уми августи соли 2002 аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон чун созмони хайрия ва дифоъ аз ҳуқуқи инсон таъсис дода шуда, Бунёди ҷумҳуриявии хайрияи «Информатика барои демократия» номида мешуд. Соли 2006 Бунёд қисман самти фаъолияти худро тағйир дод, яъне аз расонидани кумаки хайриявиву башардӯстона даст кашида, ҳамчун Созмони ҷамъиятии «Информатика барои демократия ва рушди миллӣ» («ИНДЕМ») аз қайди давлатӣ гузашт.

Самтҳои асосии фаъолияти «ИНДЕМ» инҳоянд:

-расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба шахсони эҳтиёҷманд;

-роҳандозии фаъолияти ВАО;

-баргузории тадқиқоти сотсиологӣ;

-мусоидат намудан ба роҳандозии фаъолияти машваратӣ, иттилоотӣ, табъу нашр ва рекломдиҳӣ.

Сарчашмаҳои асосии маблағгузории СҶ«ИНДЕМ» иборатанд аз:

-маблағҳои худи созмон;

-маблағҳои таъсисдодаи муассисон ва аъзои созмон;

-маблағҳои аз фурӯши нашрия, пахши реклом ва нашри PR-матлабҳо ба дастоварда;

-воситаҳои моливу пулии ҷалбгардида ва маблағи аъзоҳаққӣ.

Ҳадафи аслии роҳандозии фаъолияти Созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» ин баланд бардоштани сатҳи дастрасии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилооти мустақил, расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба эҳтиёҷмандон, ҷалби қишри камбизоати аҳолӣ ба муҳити бозори иқтисодӣ, мусоидат намудан ба равандҳои демократӣ ва рушди ҷомеъаи шаҳрвандӣ мебошад. Алҳол, созмон аз се зерсохтор иборат аст:

Идораи ҳафтаномаи иттилотию таҳлилии «Нигоҳ», Оҷонси тадқиқоти журналистӣ ва Оҷонси иттилоотии ТojNews. Шиори созмон «Ҳамкории наслҳо ба хотири демократия ва рушди миллӣ» буда, ҳар сокини 18-солаи Тоҷикистон бо эътирофи ҳадафҳои оинномавии он ва қонунгузории ҷории кишвар, бидуни маҳдудият, метавонад ба он шомил гардад.

Агар мехоҳед дар бораи мо иттилоъи бештаре пайдо кунед, ба мо:

Нависед: Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Носирҷон Маъсумӣ, бинои 3;

Занг занед: тел - (+992) 224 25 02, 44 600 80 39, 44 600 80 38, ;

е-майл ирсол намоед: [email protected]

Комёбу муваффақ бошед!

Address

Dushanbe
734003

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when TojNews posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to TojNews:

Share

Nearby media companies