Овози Самарқанд

Овози Самарқанд Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд
(16)

14/10/2024

БА РӮЗНОМАИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД" ОБУНА ШАВЕД!

Мавсими обуна ба рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» давом дорад.

Шумо метавонед аз худи таҳририят ва муассисаҳое, ки бо обунакунӣ сару кор доранд, ба рӯзномаи “Овози Самарқанд” барои соли 2025 обуна шавед!

Телефон барои маълумот: (66)233-91-71, (66)233-91-70.

 #НазмАгар ғамро чу оташ дуд будӣ,Ҷаҳон торик будӣ ҷовидона.Дар ин гетӣ саросар гар бигардӣ, Хирадманде наёбӣ шодмона.✍️...
14/10/2024

#Назм

Агар ғамро чу оташ дуд будӣ,
Ҷаҳон торик будӣ ҷовидона.
Дар ин гетӣ саросар гар бигардӣ,
Хирадманде наёбӣ шодмона.

✍️ Шаҳиди Балхӣ

Имтиёзот дар пардохти боҷи давлатӣКумитаи масъалаҳои буҷет ва иқтисодӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва...
13/10/2024

Имтиёзот дар пардохти боҷи давлатӣ

Кумитаи масъалаҳои буҷет ва иқтисодӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба моддаҳои 8 ва 9‑уми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистонро «Дар бораи боҷи давлатӣ» дар марҳилаи аввал баррасӣ кард.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур як қатор имтиёзҳо муқаррар гардидаанд. Масалан, дар лоиҳа муқаррар шудааст, ки агар шаҳрвандон дар бораи ситонидани пардохтҳо барои хидматрасониҳо аз тарафи таъмингарони гармидиҳӣ ва қувваи барқ ба судҳо оид ба корҳои шаҳрвандӣ ва иқтисодӣ даъво кунанд ё бо ариза ва шикоятҳо муроҷиат намоянд, аз пардохти боҷи давлатӣ озод хоҳанд шуд.

Лоиҳаи қонун ба мустаҳкамсозии интизоми пардохт дар соҳаи энергетика, афзунсозии сатҳи таъминоти аҳолӣ бо хидматҳои босифати гармидиҳӣ ва қувваи барқ, инчунин, кам кардани қарздориҳо нигаронида шудааст.

Ба тартиби рӯзи ҷамъомади фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ ворид кардани лоиҳаи қонуни мазкур ба нақша гирифта шудааст.

Механизми рағбатноксозии иҷрои зинда роҳандозӣ мегардадКумитаи масъалаҳои рушди инноватсионӣ, сиёсати ахбор ва технологи...
13/10/2024

Механизми рағбатноксозии иҷрои зинда роҳандозӣ мегардад

Кумитаи масъалаҳои рушди инноватсионӣ, сиёсати ахбор ва технологияҳои иттилоотӣ лоиҳаи қонунро вобаста ба минбаъд ривоҷ додани санъати иҷрои зинда дар марҳилаи нахустин баррасӣ кард.

Бо лоиҳаи қонун, ки як гурӯҳ депутатҳо дар асоси ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия кардааст, ба як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид кардани тағйироту иловаҳо дар бораи муқаррар кардани усулҳои истифодаи фонограмма дар иҷрои суруд ва асарҳо дар чорабиниҳои консертӣ, инчунин, тартиби хабардиҳӣ дар бораи сатҳи истифодаи фонограмма дар назар аст.

Инчунин, муайян намудани меъёрҳо бобати пеш аз оғози чорабинии консертӣ-­намоишӣ аз тарафи ташкилотчиён пешкаш намудани сабти овозӣ, ки маълумотҳоро дар бораи сатҳи истифодаи фонограмма дарбар мегирад, дар назар аст.

Ҳоло кумитаи масъул лоиҳаи қонуни мазкурро барои муҳокима дар ҷамъомади навбатии Палатаи қонунгузорӣ омода мекунад.

Тӯли 8 моҳи гузашта дар Ӯзбекистон хидматҳои иҷоравӣ ба 4,9 дарсад афзудАз рӯи маълумоти агентии омор (статистика), дар ...
13/10/2024

Тӯли 8 моҳи гузашта дар Ӯзбекистон хидматҳои иҷоравӣ ба 4,9 дарсад афзуд

Аз рӯи маълумоти агентии омор (статистика), дар давоми моҳҳои январ-августи соли 2024 хидматҳои иҷоравӣ 5 811 миллиард сӯмро ташкил кардааст.

Ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 4,9 фоиз афзудааст.

Болоравии хидматрасонии мазкур дар вилоятҳои мазкур ба назар мерасад:

— вилояти Сирдарё - 18,7 дарсад;
— вилояти Самарқанд - 10,5 дарсад;
— вилояти Фарғона - 6,6 дарсад.

Лионел Мессӣ бо футболбозони Ӯзбекистон мулоқот кардДар маркази тимҳои миллии Аргентина нахустин бозии дӯстона миёни дас...
13/10/2024

Лионел Мессӣ бо футболбозони Ӯзбекистон мулоқот кард

Дар маркази тимҳои миллии Аргентина нахустин бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони (U-20) ду кишвар баргузор шуд. Шогирдони Маскерано дар бозӣ ба ҳисоби 2:0 ғалабаро ба даст оварданд.

Лионел Мессӣ, ки дар лагери тими миллии Аргентина дар Буэнос-Айрес қарор дошт, ин вохӯриро мустақиман аз канори майдон тамошо кард.

Пас аз анҷоми бозӣ ӯ ​​бо бозигарони дастаи мунтахаби мо акс гирифт.

Олимон бори аввал дар вақти хоб робитаи дуҷонибаи байни одамонро барқарор карда тавонистандПас аз он ки яке аз иштирокчи...
13/10/2024

Олимон бори аввал дар вақти хоб робитаи дуҷонибаи байни одамонро барқарор карда тавонистанд

Пас аз он ки яке аз иштирокчиён ба хоби бошуурона афтод, сервер калимаи тасодуфӣ тавлид кард ва онро тавассути гӯшмонакҳо ба иштирокчии дуюми тадқиқот фиристод. Вақте ки иштирокчии дуюми таҷриба аз хоб бедор шуд, ӯ тавонист калимаро такрор кунад.

Ӯзбекистон ба шартномаи таҳқиқ ва истифодаи фазои космикии давлатҳо ҳамроҳ шуд (https://www.lex.uz/uz/pdfs/7148342)Созиш...
13/10/2024

Ӯзбекистон ба шартномаи таҳқиқ ва истифодаи фазои космикии давлатҳо ҳамроҳ шуд (https://www.lex.uz/uz/pdfs/7148342)

Созишнома 10-уми октябри соли 1967 эътибор пайдо карда, то соли 2024 ба он 114 кишвар пайвастаанд.

Фактҳо дар бораи чашмСеҳри чашмон ё якчанд далелҳои ҷолиб дар бораи чашм • Дар дунё ҳеҷ кас чашмонашро кушода атса зада ...
13/10/2024

Фактҳо дар бораи чашм

Сеҳри чашмон ё якчанд далелҳои ҷолиб дар бораи чашм

• Дар дунё ҳеҷ кас чашмонашро кушода атса зада наметавонад.
• Ҳаҷми гавҳараки чашмони инсон вақти таваллуд шуданаш чӣ хеле, ки бошад, дар давоми умраш бетағйир мемонад. Гӯшҳо ва бинӣ баръакс, аз сабзидан ҳеҷ гоҳ намемонанд.
• Кайҳоннавардон замони ба фазо баромаданашон гириста наметавонанд, зеро таҳти таъсири ҷозиба (гравитатсия) ашки чашмонашон ба пулакчаҳои хурд табдил ёфта, чашмонро ба сӯзиш меоранд.
• То дуҳафтаина шудани кӯдак аз чашмонаш заррае ашк намебарояд.
• Ҳар як чашм зиёда аз 107 миллион ҳуҷайра дошта, ҳамаи онҳо равшаниро эҳсос менамоянд.
• Кӯдаки навзод танҳо ашёҳои дар масофаи 38 сантиметр воқеъбударо дида метавонад.

13/10/2024

Илон Маск гуманоид-роботи "Optimus"-и худро тақдим кард

Ба гуфти соҳибкори амрикоӣ ёрдамчии автономии шахсӣ дар оянда ба маҳсулоте, ки аз ҳама беш ба фурӯш меравад, табдил меёбад.

Нархи он тахминан дар атрофи 28-30 ҳазор доллар мешавад ва роботҳо вазифаҳои ихтиёрии ҳаррӯзаро иҷро мекунанд.

YouTube эълон кард, ки дарозии видеоҳои Shorts-и он аз 60 сония то 3 дақиқа дароз карда шудааст.
13/10/2024

YouTube эълон кард, ки дарозии видеоҳои Shorts-и он аз 60 сония то 3 дақиқа дароз карда шудааст.

🇰🇿 Баъди боридани барфи рӯзи 12-уми октябр дар шаҳри Остона 118 садамаи нақлиётӣ рух додааст.
13/10/2024

🇰🇿 Баъди боридани барфи рӯзи 12-уми октябр дар шаҳри Остона 118 садамаи нақлиётӣ рух додааст.

 Ҷуворимакка — кони шифоДар таркиби ҷуворимакка витаминҳои РР, Е, Д, К, V, калий, калсий, фосфор, намакҳои оҳану магний,...
13/10/2024



Ҷуворимакка — кони шифо

Дар таркиби ҷуворимакка витаминҳои РР, Е, Д, К, V, калий, калсий, фосфор, намакҳои оҳану магний, микроэлементҳои никел ва мис мавҷуданд, бинобар ин то имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст. Протеини ҷуворимакка дорои кислотаҳои муҳими аминокислотаҳо ба монанди триптофан ва лизин мебошад.

100 г ҷуворимаккаи ҷӯшонидашуда 2,7 г нах дорад (дар баъзе бемориҳои меъдаю рӯда истифода мешавад). Истеъмоли мунтазам хавфи инсулт, диабети қанд, бемориҳои дилу рагҳоро коҳиш медиҳад.

Ҷуворимаккаро инчунин барои дарди буғумҳо дар артрит ва остеоартрит истифода бурдан мумкин аст.

Либосҳои кӯҳнавардеро, ки 100 сол пеш дар Эверест гум шуда буд, пайдо кардандҶасади кӯҳнаварди бритониёӣ Эндрю Ирвин, ки...
13/10/2024

Либосҳои кӯҳнавардеро, ки 100 сол пеш дар Эверест гум шуда буд, пайдо карданд

Ҷасади кӯҳнаварди бритониёӣ Эндрю Ирвин, ки соли 1924 нопадид шуда буд, дар нишебиҳои Эверест ёфт шуд.

 #Назм Сурати зоҳир фано гардад, бидон,Олами маънӣ бимонад ҷовидон.✍️ Ҷалолиддини Балхӣ
13/10/2024

#Назм

Сурати зоҳир фано гардад, бидон,
Олами маънӣ бимонад ҷовидон.

✍️ Ҷалолиддини Балхӣ

Мероси «Роҳи бузурги абрешим» — аз гузашта то имрӯзҲаракати «Инсон ва тараққиёт»-и Туркия дар «Art-­Rezidensiya»-и Дониш...
12/10/2024

Мероси «Роҳи бузурги абрешим» — аз гузашта то имрӯз

Ҳаракати «Инсон ва тараққиёт»-и Туркия дар «Art-­Rezidensiya»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси мадании «Роҳи абрешим»-и шаҳри Самарқанд намоиши ҳамноми ҳаракатро ташкил кард.

👉 https://ovozi.uz/60589/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Анҷумани байналмилалӣ бахшида ба солгарди олими қомусӣРӯзҳои 10–11‑уми октябр дар шаҳри Самарқанд анҷумани байналмилалӣ ...
12/10/2024

Анҷумани байналмилалӣ бахшида ба солгарди олими қомусӣ

Рӯзҳои 10–11‑уми октябр дар шаҳри Самарқанд анҷумани байналмилалӣ таҳти унвони «Мирзо Улуғбек — олими бузурги қомусӣ ва арбоби маъруфи давлатӣ» баргузор гардид.

👉 https://ovozi.uz/60586/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

БА РӮЗНОМАИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД" ОБУНА ШАВЕД!Мавсими обуна ба рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» давом дорад.Шумо метавоне...
12/10/2024

БА РӮЗНОМАИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД" ОБУНА ШАВЕД!

Мавсими обуна ба рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» давом дорад.

Шумо метавонед аз худи таҳририят ва муассисаҳое, ки бо обунакунӣ сару кор доранд, ба рӯзномаи “Овози Самарқанд” барои соли 2025 обуна шавед!

Телефон барои маълумот: (66)233-91-71, (66)233-91-70.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Мушоҳидаи ҷараёни омодагӣ ба интихобот дар вилоятРаиси Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зайниддин Низом...
12/10/2024

Мушоҳидаи ҷараёни омодагӣ ба интихобот дар вилоят

Раиси Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зайниддин Низомхоҷаев дар вилоятамон бо омодагӣ ба интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои намояндагони халқи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо шинос шуд.

👉 https://ovozi.uz/60584/

Telegram | YouTube | Facebook | Site

ШУМОРАИ НАВБАТИИ 81-УМИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД"-РО БАРОИ МУТОЛИА ПЕШКАШ МЕКУНЕМ. 🧾 ШАКЛИ PDF 👉 http://ovozi.uz/wp-content/uplo...
12/10/2024

ШУМОРАИ НАВБАТИИ 81-УМИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД"-РО БАРОИ МУТОЛИА ПЕШКАШ МЕКУНЕМ.

🧾 ШАКЛИ PDF

👉http://ovozi.uz/wp-content/uploads/2021/04/Gazeta-2024-81.pdf

ДАР ШУМОРАИ НАВБАТӢ:

📰 МУШОҲИДАИ ҶАРАЁНИ ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР ВИЛОЯТ
👉 https://ovozi.uz/60584/
📰 АНҶУМАНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ОЛИМИ ҚОМУСӢ
👉 https://ovozi.uz/60586/
📰 МЕРОСИ «РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ» — АЗ ГУЗАШТА ТО ИМРӮЗ
👉 https://ovozi.uz/60589/
📰 АНДЕШАҲО ДАР БОРАИ КИТОБХОНАИ МИРЗО УЛУҒБЕК
👉 https://ovozi.uz/60592/

ин мақолаҳо ва матолиби дигари рӯзноманигоронро мутолиа намоед.

🌐 Сайт http://ovozi.uz/
МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ:
Telegram | YouTube | Facebook

 #НазмБар он ки санги бухлу ҳасад мезанад ба мо,Нав – нав бибар паёми амонӣ, салом гӯ.✍ Фарзонаи ХуҷандӣTelegram | YouTu...
12/10/2024

#Назм

Бар он ки санги бухлу ҳасад мезанад ба мо,
Нав – нав бибар паёми амонӣ, салом гӯ.

✍ Фарзонаи Хуҷандӣ

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Ҳайати вакилон бо сарварии ҷонишини раиси Федератсияи иттиҳоди касабат умумихитоӣ Ян Юйдун ба Самарқанд омад Меҳмононро ...
10/10/2024

Ҳайати вакилон бо сарварии ҷонишини раиси Федератсияи иттиҳоди касабат умумихитоӣ Ян Юйдун ба Самарқанд омад

Меҳмононро дар вокзали роҳи оҳани Самарқанд раиси шӯрои вилоятии Федератсияи иттиҳодияи касаба Сӯҳроб Рафиқов ва масъулон пешвоз гирифтанд.

Имрӯз онҳо бо фаъолияти заводи “Sam Antep Gilam”-и шаҳри Самарқанд, инчунин обидаҳои тарихӣ ва ҷолиби диққат шинос мешаванд. Фардо, вохӯрии аъзои ҳайат бо фаъолони иттиҳодияи касабаи вилоят ба нақша гирифта шудааст.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Олимов Аброр Мирзо Муҳаммадқосимович ҷонишини раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин гардид.Telegram | YouTube |...
10/10/2024

Олимов Аброр Мирзо Муҳаммадқосимович ҷонишини раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин гардид.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

⚡️Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт барои соли 2024 ба нависандаи Кореяи Ҷанубӣ Ҳан Канг дода шуд.Telegram | YouTube | Face...
10/10/2024

⚡️Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт барои соли 2024 ба нависандаи Кореяи Ҷанубӣ Ҳан Канг дода шуд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба шаҳри Ашхобод расид. Сарвари давлатамонро ҷонишини Раи...
10/10/2024

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба шаҳри Ашхобод расид.

Сарвари давлатамонро ҷонишини Раиси Маҳкамаи Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Address

Узбекистан
Samarkand

Telephone

+998662339171

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Овози Самарқанд posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to Овози Самарқанд:

Videos

Share

Category

Шумораи навбатии 91-уми "Овози Самарқанд"

Шумораи навбатии 91-уми "Овози Самарқанд"-ро барои мутолиа пешниҳод мекунем.

🧾 Шакли PDF

👉http://ovozi.uz/wp-content/uploads/2020/12/Gazeta-2020-91.pdf