Voice of Tajikistan

Voice of Tajikistan Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Voice of Tajikistan, Radio Station, Шерозӣ 31, Dushanbe.

Маълумоти
мухтасар дар мавриди шабакаи «Овози тоҷик»

Шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон 16 октябри соли 1949 таъсис ёфтааст.
Ҳадаф аз таъсиси он дар мисоли Тоҷикистон тарғиб намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии шӯравӣ ва дастовардҳои ҷомеаи сосиалистӣ буд.Он замон ҳаҷми барномаҳо аз ду соат ибора буда, асосан ба забонҳои форсӣ ва дарӣ шунавонда мешуданд. Солҳои минб

аъда, яъне пас аз солҳои 60-уми асри гузашта ҳаҷми барномаҳо ба чор соат расонида шуд.
Аввалин сармуҳаррири шабакаи бурунмарзӣ вазири онвақтаи умури хориҷии ҷумҳурӣ Мӯҳсин Нӯъмонов буд.
Дар солҳои аввали таъсисёбии идораи барномаҳои хориҷӣ адибону олимон ва рӯзноманигорони варзида Шарифҷон Ҳусейзода, Адбуқодир Манёзов, Файзулло Ансорӣ, Файз Урозов, Қодир Наимӣ, Қосим Дайнамӣ, Маҳмуд Тӯробӣ, Иброҳим Умарзода ва сипас Субҳон Раҳматов, Бурҳон Раҳмонов, Нусратшо Таваллоев ва бисёр дигарон адои вазифа намудаанд.
Дар он айём яке аз воситаҳои асосии муаррифии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷа шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Махсусан шавқу рағбати шунавандагони Эрон ва Афғонистон ба шунидани барномаҳои хеле зиёд буд.
Номаҳои сершуморе, ки аз шунавандагони ин кишварҳо меомаданд, равшан гувоҳӣ медоданд, ки онҳо ба ҳаёти мардуми тоҷик хусусан ба забон, адабиёт, таърих, илму фарҳанг, табиат, сарватҳои табиӣ ва рӯзгори халқи тоҷик таваҷҷуҳи ниҳоят зиёде доранд.
Аз ҳар мактуб муҳаббат ва ифтихор аз халқи тоҷик ва Тоҷикистон баланд садо медод.
Масалан, Шоҳмуҳаммади Иброҳимӣ аз шаҳри Хуррамободи Эрон навишта буд:
Мо ҳамаи барномаҳои радиои Тоҷикистонро бо як олам шавқу алоқамандии фаровон мешунавем. Аз роҳи дур ба халқи азизи тоҷик дуруд мефиристам, дуруде ба вусъати дарёчаи Хазар ва ба баландии ҷиболи Помир, ба бузургии қалби як инсон ва ба гармии хуршеди тобноку моҳи чаҳордаҳ ва ба меҳру муҳаббати поки инсонҳо!
Шунавандаи дигар аз Афғонистон бо номи Аминуддин дар намоиш чун рамзи эҳтиром ва садоқат ба мардуми тоҷик ин байтро навишта буд:

Номам гар мебарӣ қосид, оёте бигӯ,
Покеташ оҳиста бикшо, дил дар он
печидааст.

Номаҳои сершумор гувоҳи он буданд, ки садои радиои бурунмарзии Тоҷикистон қалби шунавандагонро тасхир намуда, эҳсосоти онҳоро ба тоҷикону Тоҷикистон афзун менамудааст.
Кормандони идора бо вуҷуди норасоиҳои техникӣ ва мавҷуд набудани шароити мусоид мекушиданд, ки барномаҳои ҷолиб ва фарогири ҳаёти кишварро тақдими шунавандагон намоянд.
Масалан, соли1962 бо мақсади ошноии шунавандагон бо ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон барномаи солинавии «Адабиёт ва санъат» таъсис дода шуд, ки ҳафтае як маротиба дар ҳаҷми ним соат шунавонида мешуд.
Ин барнома сипас ба худ номи «Пайғом»-ро гирифт ва то соли 2012 ба забони дарӣ садо медод. Чунин барномаро, ки дар муддати 50 сол бидуни танаффус садо дода бошад, таърихи радио ёд надорад.
Шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ ва минтақа нақши бузурге дошт ва дорад.
Нақши ин радио махсусан дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар роҳи оштии миллӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, якпорчагии Тоҷикистон ва ба ватан баргардонидани фирориён басо назаррас ва бузург аст.
Радиои бурунмарзии Тоҷикистон дар муҳимтарин марҳилаҳои тақдирсози ҳаёти Афғонистон аз озодиву истиқлоли халқи он қотеона ҷонибдорӣ кардааст.
Ҳангоме ки толибон дар муддати панҷ сол Афғонистонро ба хоку хун кашида буданд ва дар паи маҳву нобуд сохтани тоҷикон, ҳазораҳо, туркманҳо, узбекҳо, қирғизҳои сокини кишвар пайкар мекарданд, ҷомеаи ҷаҳонӣ хомӯш буд, созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ низ сукут ихтиёр карда буданд.
Аз миёни фазои хомӯшиҳо ва бетарафиҳо дар арсаи байналмиллалӣ танҳо ду садо баланд буд, ки аз озодиву истиқлол ва таъмини сулҳу оромӣ дар Афғонистон бо тамоми ҳастӣ ҷонибдорӣ мекард. Ин садои Президент Эмомалӣ Раҳмон аз минбари созмонҳои
байналмиллалӣ ва дигаре садои радиои бурунмарзии Тоҷикистон буд, ки аз фаъолияти ҷабҳаи муқовимати Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд бо қатъият ҷонибдорӣ мекард.
Ин ҳақиқатро шахсан Аҳмадшоҳи Масъуд тасдиқ кардааст. Ӯ пас аз сафар ба Аврупо 10 апрели соли 2001 дар Душанбе бо рӯзноманигорон ва афғонҳои муқими пойтахт мулоқот намуд.
Зимни ин сафар Аҳмадшоҳ бо хабарнигори радиои Тоҷикистон мусоҳибаи муфассале анҷом дод. Хабарнигор ба ӯ чунин саволе дод:
«Оё дар шароити феълии Афғонистони ҷангзада радиои бурунмарзии Тоҷикистон дар кишвар нақше дорад ё на?»
Аҳмадшоҳ бо овардани мисолҳои мушаххас ба нақши радиои бурунмарзӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла гуфта буд:
Радиои бурунмарзии Тоҷикистон воситае буд, ки умеди маро ба пирӯзӣ қавӣ кард. Садои радиои бурунмарзии Тоҷикистон садои дили мардуми азиядкашидаи Афғонистон низ будааст.
Агар барои пирӯзии мо се омил вуҷуд дошта бошад, як омилаш ҳамин радиост. Ва ҳатто агар ду омил ҳам мавҷуд бошад, якеаш маҳз ҳамин расона аст. Зеро он дили мардумро ба ҳаёт гарм кард, умеди озодиро дар замири муборизони ватан дар торикистони ҳукумати толибон фурӯзон намуд.
Ман шахсан барномаҳоро гӯш мекардам ва маҳз ин расона маро ҳам дар ҷабҳа ва ҳам дар таҳияи нақшаи амалиёт роҳнамоӣ мекард.
Шабакаи хориҷии радиои Тоҷикистон воқеан тарғибгари сулҳу дӯстӣ, бародарӣ, ҳамраъии халқҳо, ҳамкориҳои судманд ва орому осудагӣ мебошад.
Имрӯз радиои бурунмарзии Тоҷикистон бо 8 забон - тоҷикӣ, форсӣ,дарӣ, русӣ, ӯзбекӣ, ҳиндӣ,арабӣ, инглисӣ ва дар ҳаҷми 24 соат барномаҳо пахш менамояд.
Бояд гуфт, ки имрӯз даҳҳо кишварҳои Ғарб аз ҷумла Амрико теъдоди барномаҳои худро ҳамасола барои кишварҳои Эрон ва Афғонистон зиёд намуда, мехоҳанд сиёсати худро барсари ин мамлакатҳо таҳмил намояд.
Дар чунин шароити шадиди таблиғотӣ нақши радиои хориҷии Тоҷикистон як бар чанд меафзояд. Хусусан, табиист, ки пас аз хориҷ гардидани нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 таблиғоти радиоӣ боз ҳам бештар хоҳад шуд.Дар чунин марҳилаи таърихӣ нақши радиои бурунмарзии Тоҷикистон чун садои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон боз ҳам бештар хоҳад афзуд.
Бинобар он ҳаёт тақозо менамояд, ки бо назардошти аҳмияти байналмиллалӣ доштани шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон ин расона бояд бевосита зери назар ва раҳнамоии Президент ва ҳукумат қарор дошта бошад.
Инчунин ҳукумати ҷумҳурӣ бояд консепсияи махсуси шабакаи хориҷии радиои ҷумҳуриро таҳия намояд. Робитаи шабакаи мазкур бо кишварҳое, ки барояшон барнома пахш мекунанд, махсусан Эрон ва Афғонистон бояд ҳамеша барқарор бошад.Ин расона бояд ба таври воқеӣ ба садои Тоҷикистони соҳибистеқлол табдил ёбад.

--------------------------

14/01/2025

Дар арафаи сафари давлатии раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон тасмим гирифтем перомуни ҳамкориҳои ду кишвар суҳбати ихтисосиро дар подкасти навбатии "Дар меҳвари жеуполитик"-и Радиои бурунмарзии Тоҷикистон «Овози тоҷик» анҷом бидиҳем.

Бо меҳмони барнома муносибатҳои имрӯзаи Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сиёсату амният, фарҳангу омӯзишу парвариш ва ҳамлу нақл, ҳамчунин, дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар дурнамои наздик гуфтугӯ кардем.

Меҳмони барнома: доктор Ҷаҳонгир Карамӣ, устоди Донишгоҳи Теҳрон ва мудири муассисаи мутолиоти авруосиёӣ, шаҳри Теҳрон, Эрон
Radio "Ovozi tojik" 105.5fm

12/01/2025

Оё сафари қарибулвуқуи Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон сафҳаи тозаеро дар заминаи рушди ҳамкориҳои ду кишвар боз мекунад? Ин сафар чи муҳиммияти муштараке барои ду кишвар хоҳад дошт ва интизориҳо аз он чист?
Чӣ роҳкорҳое барои рушди ҳамкориҳо байни ду кишвар вуҷуд дорад? Оё дар замони гуфтугӯи тамаддунҳои ҷудогона ин ҳамкориҳо банйни ду кишвари ҳамзабон густардатар мешаванд?
Коршиноси эронӣ аз Теҳрон ба ин пурсишҳо посух дод.
Radio "Ovozi tojik" 105.5FM

11/01/2025

Ключевые события в Центральной Азии в 2024 году и прогноз на 2025 год

Зарубежная служба радио «Овози тоҷик» (105.5FM) представляет первый выпуск подкаста «В фокусе геополитики» с Шерали Ризоёном в 2025 году. В этом выпуске обсуждаются ключевые события в Центральной Азии в 2024 году, которые в хронологическом порядке составил Андрей Чеботарёв, гость программы:

1. Проведение 29-30 января в Брюсселе (Бельгия) Форума инвесторов по транспортному сообщению Европейский Союз – Центральная Азия.

2. Проведение 16 мая в Астане первой встречи секретарей советов безопасности стран Центральной Азии.

3. Проведение 12-17 июля в Мангистауской области (Казахстан) международного оперативно-тактического командно-штабного учения «Бірлестік-2024» с участием военнослужащих Азербайджана и стран Центральной Азии, кроме Туркменистана.

4. Государственный визит 8-9 августа президента Шавката Мирзиёева в Казахстан с участием в VI Консультативной встречи глав государств Центральной Азии.

5. Проведение 9 августа в Астане VI Консультативной встречи глав государств Центральной Азии. При этом в качестве почетных гостей также участвовали президент Азербайджана Ильхам Алиев и глава Регионального центра ООН по превентивной дипломатии для стран Центральной Азии Каха Имнадзе.

6. Государственный визит 22-23 августа президента Казахстана Касым-Жомарта Токаева в Таджикистан с подписанием Договора о союзнических отношениях между Республикой Казахстан и Республикой Таджикистан.

7. Встреча 17 сентября в Астане глав государств Центральной Азии и Федерального канцлера Германии.

8. Проведение 9 ноября в Бишкеке XI саммита Организации тюркских государств с переходом председательства в ней от Казахстана к Кыргызстану.

9. Подписание 13 ноября в Баку президентами Азербайджана Ильхамом Алиевым, Казахстана – Касым-Жомартом Токаевым и Узбекистана -Шавкатом Мирзиёевым Соглашения о стратегическом партнерстве в области производства и передачи зеленой энергии.

10. Завершение 4 декабря правительственными делегациями Кыргызстана и Таджикистана описания государственной границы между этими странами, что позволяет им начать процесс оформления итоговых документов по ее делимитации.

Наряду с этим, мы поговорили о региональном сотрудничестве в Центральной Азии в 2024 году, взаимоотношениях стран Центральной Азии с внешними акторами в 2024 году, а также о ключевых событиях, которые произойдут в Центральной Азии в 2025 году и о том, что ждет регион в ближайшем будущем.

Гость выпуска: Андрей Чеботарёв, кандидат политических наук, директор Центра актуальных исследований «Альтернатива», г. Алматы, Казахстан

07/01/2025

Яке аз чолишҳои муҳим дар ҷаҳони имрӯз мушкилоти марбут ба масоили муҳити зист, аз ҷумла об шудани пиряхҳо ва ҷилавгирӣ аз он мебошад, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо он дасту панҷа нарм мекунад. Тоҷикистон яке аз кишварҳое аст, ки ҳалли ин мушкилотро дар арсаи байнулмилалӣ муҳим медонад ва дар ин росто моҳи майи соли 2025 дар Тоҷикистон конфронси байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад.
Дар робита ба ин мавзӯъ, гуфтугӯи вижае хоҳем дошт бо Алиаҳмади Усмонӣ, вазири пешини энержии Афғонистон. Radio "Ovоzi tojik" 105.5.FM

02/01/2025

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Дар соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин ва ҷиҳати ҷалби бештари дӯстдорони санъат ва ҳунар чораҷӯйӣ карда, ғолибони даврҳои якуму дуюми Озмун ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2025 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Озмуни мазкур 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 январи соли 2025
№АП-711

02/01/2025

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Дар соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва қишрҳои дигари ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, чораҷӯйӣ карда, ғолибонро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2025 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Озмуни мазкур 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 январи соли 2025
№АП-710

02/01/2025

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Дар соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони Озмун ва омӯзгорон, падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври ҷумҳуриявии Озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2025 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор гаштани Озмуни мазкур 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 январи соли 2025
№АП-709

30/12/2024
28/12/2024
28/12/2024

НУКТАҲО АЗ ПАЁМ: Мехоҳам бо ифтихор ва қаноатмандӣ баён намоям, ки дастовард ва пешрафтҳои то имрӯз ноил гардидаамон, натиҷаи заҳмату талошҳои мардуми сарбаланди кишварамон мебошад!

28/12/2024

НУКТАҲО АЗ ПАЁМ: СОЛИ 2025 кишвари мо мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд!

28/12/2024

НУКТАҲО АЗ ПАЁМ: Таъмин намудани амнияти миллӣ ва амнияти давлат дар шароити имрӯза аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

28/12/2024

НУКТАҲО АЗ ПАЁМ: Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки тамоми имкониятҳоро барои дар 5 соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав сафарбар созанд.

28/12/2024

НУКТАҲО АЗ ПАЁМ: Дар замони соҳибистиқлолӣ 117 ҳазор ҷавонони бо истеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои ҷаҳон фиристода шуданд.

28/12/2024

НУКТАҲО АЗ ПАЁМ: Дар 10 соли оянда шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна беш аз 1 млн зиёд мегардад.

28/12/2024

НУКТАҲО АЗ ПАЁМ: Супориш медиҳам, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ 30 фоиз зиёд карда шавад!

Address

Шерозӣ 31
Dushanbe
734000

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Voice of Tajikistan posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to Voice of Tajikistan:

Videos

Share

Category