ТВ Душанбе

ТВ Душанбе Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6-уми сентябри соли 2006, №409 таъсис дода шудааст.

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28-уми марти соли 2017, №133 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Раиси шаҳри Душанбе” аз 6-уми сентябри соли 2006, №409” мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, моддаҳои 8, 26 ва 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсон

и ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” дар ном, матн ва замимаи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6-уми сентябри соли 2006, №409 “Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии “Телевизиони Пойтахт” калимаи “Пойтахт” ба калимаи “Душанбе” иваз карда шуда, ба муҳри мудаввар, сиккаҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсисии Муассиса тағйироти зарурӣ ворид карда шуд.
Муассис ва маблағгузори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад.

04/01/2025

ЗИМИСТОНИ ДУШАНБЕ ❄

04/01/2025

Душанбе, Тоҷикистон
04.01.2025

#Тоҷикистон #Таджикистан #Душанбе

Таъиноти кадрӣ 4 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои ...
04/01/2025

Таъиноти кадрӣ

4 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати корҳои хориҷӣ таъин шуданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” Мирдадо Зариф ва Зоҳидзода Даврон аз вазифаи муовинҳои раиси вилояти Суғд бо сабаби гузаштан ба кори дигар озод шуда, Қосимӣ Файзулло, Ҷӯразода Ҷамшед ва Исмоилзода Зуфар муовинони раиси вилояти Суғд таъин гардиданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони нави шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бустон, Гулистон, Шаҳристон, Айнӣ ва Зафарободи вилояти Суғд аз ҳисоби мутахассисони ҷавони варзида таъин карда шуданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомӣ Содиқ Ашурбойзода Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия таъин гардид.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба давлат ва мардуми Тоҷикистон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ, ба хусус соҳибкории истеҳсолӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани иқтидори содиротии кишвар, фаровон муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, бунёду навсозии роҳу коммуникатсия, муассисаҳои тиббию таълимӣ ва томактабӣ ҳидоят намуданд.

Дар фароварди суҳбат Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар муомила бо мардум фарҳанги баланди муошират ва одобу ахлоқи намунавӣ дошта бошанд.

03/01/2025

Душанбе, Тоҷикистон
03.01.202

#Тоҷикистон #Таджикистан #Душанбе

Ҳамоиши илм-амалӣ оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишварБо ташаббуси раёсати Ак...
03/01/2025

Ҳамоиши илм-амалӣ оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар

Бо ташаббуси раёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ- амалӣ оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ташкил ва баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш роҳбарият, кормандон ва омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд. Роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ аз ҷумла қайд намуд, ки Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз оғоз то имрӯз роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои баланди миллӣ, нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи халқ мебошанд.

Дар ҳамоиши илмӣ-амалӣ гуфта шуд, ки дар раванди сиёсати давлатӣ, махсусан соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардидааст. Бо ҳамин назардошт, илму маориф ва тарбияи насли босаводу худшинос дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Зимни баромади дигари иштирокчӣ гуфта шуд, ки дар маҷмуъ ироаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ба Маҷлиси Олӣ тамоми масъалаҳоро дар бар гирифта, дурнамои рушд ва бозсозиро дар кишвар барои фардои дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон муайян месозад.

Қайд карда шуд, ки ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун раҳнамо сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо тамоми ҳастӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Дар ҳамоиш омӯзгорони Академия вобаста ба масъалаҳои эълон намудани солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» баромад намуда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда иброз доштанд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"

03/01/2025

"Фирдавсӣ" - Ба истиқболи нашри "Шоҳнома"-и эҳдоӣ

03/01/2025

Барномаи «Пизишки ман» - Маълумот оид ба гепатитҳои вирусӣ

Дар Литсейи Умари Хайём озмуни ноҳиявии «Ҷилои дониш» баргузор гардидДар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайё...
03/01/2025

Дар Литсейи Умари Хайём озмуни ноҳиявии «Ҷилои дониш» баргузор гардид

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём» озмуни ноҳиявии «Ҷилои дониш» миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳии озмуни «Ҷилои дониш» роҳбарияти ноҳияи Сино ҳамаи хонандагонро, ки заҳмату талоши онҳо ба хотири муаррифӣ намудани номи муассисаи таълимии худ мебошад, муборакбод намуда ба ҳамаи онҳо барору муваффақият хостанд.

Озмуни мазкур соли дуюм аст, ки бо ташаббуси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар якҷоягӣ бо Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино баргузор мегардад. Тибқи тартиби баргузории озмуни «Ҷилои дониш» дар он синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимӣ дар 7 даста иборат аз 5 нафарӣ дар маҷмӯъ 35 нафар аз ҳар як муассисаҳои таълимӣ иштирок менамоянд.

Озмуни «Ҷилои дониш» яке аз озмунҳои сатҳи баланд мебошад, ки ҷамъбаст ва натиҷагирии кори дастаҳо тариқи системаи худкор (автоматикунонидашуда) сурат гирифта, ба таври кушода натиҷагирӣ карда мешавад. Дар ин самт мутахассисон ва коршиносони шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар ин сабқати илмӣ ғолибони озмуни «Ҷилои дониш», ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд бо медал ва диплом қадрдонӣ карда мешаванд.

Ҳадаф аз баргузор намудани озмуни «Ҷилои дониш» пеш аз ҳама дарёфт ва рушди истеъдодҳои наврас, татбиқи барномаи бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ноҳия ва муайян намудани беҳтарин дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия мебошад.

Меҳринисо Раупова
"ТВ Душанбе"
http://dushanbetv.tj/news/2744-dar-litseji-umari-hajem-ozmuni-noijavii-iloi-donish-barguzor-gardid.html

Баргузории машварати январии роҳбарият ва кормандони соҳаи маорифи ноҳияи ФирдавсӣДар доираи нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи м...
03/01/2025

Баргузории машварати январии роҳбарият ва кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дар таътили навбатии зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна бо иштироки роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томакатбӣ ва дигар кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дар МТМУ №14 - машварати январӣ доир гашт.

Машварати январии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Фирдавсӣ доир гардид, ки дар он ҷиҳати рӯҳбаланд намудани маорифчиёни ноҳия, як қатор омӯзгорони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд. Зимни машварат намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ ширкат доштанд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ, масъулин ва роҳбарони Муассисаҳои таълимӣ доир ба дастовардҳои соҳа дар соли хониш ёдовар шуда, иброз намуданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар соли хониши 2024-2025 хонандагони Муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаи шаҳрӣ иштироки фаъолона намуда истодаанд.

Дар ҷараёни машварат роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва сармураббиёни кӯдакистонҳо низ иштирок намуданд. Таъкид шуд, ки бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакону наврасон дар муҳити боғча аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе як қатор қонун ва барномаҳои дахлдори соҳавӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Дар паёми имсолаи худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки – “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд”.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"
http://dushanbetv.tj/news/2743-barguzorii-mashvarati-janvarii-robarijat-va-kormandoni-soai-maorifi-noijai-firdavs.html

Оғози даври шаҳрии Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2024-2025...
03/01/2025

Оғози даври шаҳрии Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2024-2025

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Синои пойтахт даври шаҳрии Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2024-2025 оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳи даври шаҳрии Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2024-2025 дар толори барҳавои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 омӯзгорону хонандагон, масъулин ва роҳбарони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони муасисисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Дилбар Одилзода нахуст чорабиниро оғоз карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки рушди босуръати илму фановарӣ ва ҷараёни ҷаҳонишавӣ водор месозад, ки соҳаи маориф ҳамқадами замони муосир бошаду ба равандҳои ҷаҳон аз мавқеи тафаккури навини имрӯз назар намояд ва бо ҷаҳони имрӯза ҳамсадову ҳамнаво гардад.

Дар маросими ифтитоҳи даври сеюми олимпиада кор дар синфхонаҳо аз фаннҳои чамъиятӣ-гуманитарӣ шуруъ гардида, масъулин аз рафти шаффофияти баргузории олимпиада шинос шуданд. Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз 13 фанни таълимӣ баргузор мегардад ва тибқи иттилоъ дар соли таҳсили 2024-2025 бо фарогирии 5 ҳазору 251 нафар хонанда баргузор карда мешавад.

Таъкид шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба илмоомӯзӣ, ташаккули тафаккури мантиқии хонандгон, дарёфт намудани хонандагони лаёқатманд ва рушди қобилияти зеҳнию эҷодии онҳо даври сеюми шаҳрии Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз санаи 2-юми январ оғоз гардида, то санаи 6-уми январи соли 2025 идома меёбад. Дар рӯзи аввали олимпиада довталабон аз фанҳои ҷамъиятӣ гуманитарӣ, аз қабили забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ, забон ва дадбиёти рус, англисӣ ва таъриху ҳуқуқ санҷида шуданд.

Гулова С.
"ТВ Душанбе"
http://dushanbetv.tj/news/2742-oozi-davri-sharii-olimpiadaoi-fannii-honandagoni-muassisaoi-tasiloti-umumii-shari-dushanbe-dar-soli-tasili-2024-2025.html

03/01/2025

Барномаи иттилоотии "Вақт" - 03.01.2025, 08:00

03/01/2025

Информационная программа "Время" - 02.01.2025, 17:00

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли...
02/01/2025

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2025

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Дар соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин ва ҷиҳати ҷалби бештари дӯстдорони санъат ва ҳунар чораҷӯйӣ карда, ғолибони даврҳои якуму дуюми Озмун ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2025 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Озмуни мазкур 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 январи соли 2025
№АП-711

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025АМР...
02/01/2025

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Дар соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва қишрҳои дигари ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, чораҷӯйӣ карда, ғолибонро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2025 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Озмуни мазкур 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 январи соли 2025
№АП-710

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сол...
02/01/2025

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Дар соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони Озмун ва омӯзгорон, падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври ҷумҳуриявии Озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2025 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор гаштани Озмуни мазкур 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 январи соли 2025
№АП-709

02/01/2025

Барномаи иттилоотии "Вақт" - 01.01.2025, 21:00

02/01/2025

Информационная программа "Время" - 01.01.2025, 17:00

Address

шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 18
Dushanbe
734000

Opening Hours

Monday 06:00 - 00:20
Tuesday 06:00 - 00:20
Wednesday 06:00 - 00:20
Thursday 06:00 - 00:20
Friday 06:00 - 00:20
Saturday 06:00 - 00:20
Sunday 06:00 - 00:00

Telephone

+992203314441

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when ТВ Душанбе posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to ТВ Душанбе:

Videos

Share

Category