Buxoro-I Sharif

Buxoro-I Sharif این شبکه اینترنتی که ما اینجا درست کردیم برای تاجیکان و فارسی زبانان است www.youtube.com/

15/01/2025
15/01/2025

Ханда умрро дароз мекунад

ШУКРОНА                                                                                       Эй Ватан, шукрона аз ҳар с...
14/01/2025

ШУКРОНА
Эй Ватан, шукрона аз ҳар субҳу
шомат мекунам,
Эй Ватан, шукрона аз покии номат мекунам.
Баҳри ободии ту созам талоши
зиндагӣ,
Дар ҳама рӯйи ҷаҳон боло
мақомат мекунам.
Ошиқам бар кӯҳҳои сар ба афлоки ту ман,
Ошиқам бар чашмаву бар обу
бар хоки ту ман.
Ошиқи он арчазори бехазони
ту манам,
Саҷда созам доимо бар домани
поки ту ман.
Ӯзбекистон, ошиқи зебои дилҷӯят манам,
Ошиқи ҳар деҳаву ҳар шаҳри
хушррӯят манам,
Ошиқам бар сабзаи наврустаи
домони кӯҳ,
Ошиқи ҳар як гули зебою хушрӯят
манам.

ЗАРИНА РАҲМАТОВА
Ҳомиёни Ватанро бо ин рӯзи фархунда аз самими дил табрик менамоям.
Шукрона аз ҳастии шумо азизони шуҷоъ дорам.
Далерию ҷасорати шумост, ки ин Ватан озоду обод ва мардум орому осуда дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ зиндагӣ доронд.

Илоҳо ҷовидон бошеду бошед!

14/01/2025

Зарбулмасал
(аз фолклори Бухоро)

Ёшй як лаззатй,
Пирй сад иллатй.

***

Забони мурғона мурғон медонанд.*

* Одамони ҳамсифат якдигарро ба осонй ва хуб мефаҳманд, ҳамҷинсон матлаби якдигарро ба осонй дарк мекунанд.

13/01/2025

ЛАЗЗАТИ ДОСТОН! БО БОНУ ШАҲРЗОД

13/01/2025

Ёди мозй

Ёд бод он дам, ба ғафлат истироҳат доштам,
Не ғами ислому не парвои миллат доштам.

Шод будам, то зи аҳли илм будам бехабар,
Бо ҷаҳолатпешагони даҳр улфат доштам.

Баҳри фаҳми хутбаву дебоча мекардам ҷадал,
Бо касе гар филмасал аз илм суҳбат доштам.

Аз макотиб бо сияҳчоҳе ризомандим буд,
Аз мадорис бо хароботе қаноат доштам.

Хештанро аз ҳама масъуд мекардам гумон,
Танбалу отил* ба кунҷе истиқомат доштам.

Нафъи халқуллоҳ кай мекард бар ёдам гузар,
Баҳри нафъи хеш бо ёрон хусумат доштам.

Тарки кори дину дунё саҳл мепиндоштам,
То ба лаъби тахтаи шатранҷ одат доштам.

Ғофил аз таърихи исломию аҳволи умам,
Аз ҳикоятҳои «Зулобӣ» ҳикоят доштам.

Гаҳ ба айёрию доғулӣ ба ҳайрат мешудам,
Гаҳ зи меҳри ёди ялдо иститоат доштам.

Буд ҷойи рӯзнома «Замчинома» бар кафам,
Бо камоли шавқ «Абӯмуслим»** қироат доштам.

Рӯзгор охир зи хоби ғафлатам бедор кард,
Чун ба худ дидам, зи ҳоли худ хиҷолат доштам.

«Тарҷумонӣ кард «Аҳволи замон» аз ҳоли ман,
«Вақт»***-ро дар пеши худ миръоти ибрат доштам.

Дар ҷароидномаи аъмоли худ дидам аён,
Нек санҷидам, ки як олам қабоҳат доштам.

Садриддин Айнй

* Отил – бекормонда.
**«Зулобӣ», «Замчинома», «Абӯмуслим» – қиссаҳои машҳури он замон.
*** «Тарҷумон» ва «Вақт» – рӯзномаҳои тоторӣ.

Дастпона. Тилло. Раҳкорй (Филигрань). Бухоро. Охири асри 19 - ибтидои асри 20. Нигораи Осорхона-мамнўъгоҳи давлатии Бухо...
12/01/2025

Дастпона. Тилло. Раҳкорй (Филигрань). Бухоро. Охири асри 19 - ибтидои асри 20. Нигораи Осорхона-мамнўъгоҳи давлатии Бухоро.

12/01/2025

Китобҳои забоне форсиба сир-ин ҳамун Чеснок ҳаст. Кай мо ҳам ёд мегирифта бошем...интересно .... ман 1 сол боза гуфта гуфта одат кардаштем...

12/01/2025

Гапоша мефаҳметонми?

12/01/2025

Ҳунар*Кор*Зиндагӣ

12/01/2025

Adresse

Stuttgart

Benachrichtigungen

Lassen Sie sich von uns eine E-Mail senden und seien Sie der erste der Neuigkeiten und Aktionen von Buxoro-I Sharif erfährt. Ihre E-Mail-Adresse wird nicht für andere Zwecke verwendet und Sie können sich jederzeit abmelden.

Videos

Teilen

Kategorie