10cent Городская антенная служба!! г.Куляб
HD-TV1.COM

Смотри любимые телепередачи за
10 центов в день!
===============================
Как работает сервис
===============================
Доступ к серверу осуществляется только при положительном балансе больше 10 центов. Так же при регистрации дается тест на 2 часа. 10 центов — это стоимость в которую входят все существующие у нас пакеты! Деньги с баланса взимаются только при получении dw ключа. После

снятия 10 центов со счета автоматически продлевается доступ на сутки.
Другими словами работает автопауза. При выключенном тюнере деньги с баланса не будут взиматься!
Партнерская программа
Как перевести средства другому пользователю?

04/10/2024

HD-TV1.COM

Қудрати_бузург_хостанАфроди зиёде ҳастанд, ки ҳатто ҷуръати хостани орзуяшонро ҳам надоранд, зеро онҳо ба бароварда шуда...
28/07/2024

Қудрати_бузург_хостан

Афроди зиёде ҳастанд, ки ҳатто ҷуръати хостани орзуяшонро ҳам надоранд, зеро онҳо ба бароварда шудани он имон надоранд ва ба хостаҳояшон ба чашми афкори беҳуда менигаранд.
Бинобар ин ҳама афрод, қудрати хостанро надонад, хостаҳои бузургатон ба миқдори имони шумо робитаи мустақим дорад.
Вақте чизеро дархост мекунед бояд бо тамоми вуҷудатон ба хостани он ишқ биварзед.
Ҳар чиқадар хостаҳои бузургтар талаб кунед нишондиҳандаи имон ва боварҳои қавитар дар замири нохудогоҳи шумост.

▪️Пули бештар...
▪️Робитаи зеботар...
▪️Зиндагии оромтар...
▪️Сарвати зиёдатар...
▪️Саломатии бештар...

Ҳеҷ чиз маҳдудият надорад, ёдатон бошад танҳо маҳдудкунандаи мо зеҳни мост...

Эҳтиёт бошед ⚠️Қаллобон роҳҳои осони пулкоркуниро пешниҳод мекунанд ва истинодҳои хатарнок мефиристанд, ки онҳо метавона...
09/07/2024

Эҳтиёт бошед ⚠️

Қаллобон роҳҳои осони пулкоркуниро пешниҳод мекунанд ва истинодҳои хатарнок мефиристанд, ки онҳо метавонанд ба телефон ва ҳамёни мобилии шумо, дастрасӣ пайдо кунанд.

❌ Ҳеҷ гоҳ ба сомонаҳои шубҳанок нагузаред
❌ Ба ваъдаҳои даромади зуд бовар накунед
❌ Ба мактубҳои спам ҷавоб надиҳед
❌ Ба истинодҳои (ссылка) тасдиқнашуда нагузаред
❌ Ҳеҷ гоҳ барномаҳоро аз манбаъҳои номаълум насб накунед

Барномаи аслиро аз инҷо насб кунед: next.dc.tj

Дар ҳолатҳои шубҳанок ба каналҳои расмии Душанбе Сити Бонк дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат кунед.



Внимание ⚠️

Мошенники, предлагая простые способы заработать деньги, отправляют ссылки на опасные сайты. Переходя по таким ссылкам, вы рискуете предоставить им доступ к вашему мобильному телефону и электронному кошельку.

❌ Никогда не переходите по подозрительным сайтам
❌ Не доверяйте обещаниям быстрого заработка
❌ Не отвечайте на спам-письма
❌ Не переходите по непроверенным ссылкам
❌ Не устанавливайте приложения из неизвестных источников

Установите приложение только по этой ссылке: next.dc.tj

При возникновении подозрений обращайтесь к официальным каналам Душанбе Сити Банка в социальных сетях.

☝️ Ҳеҷ дарахте ба хотири паноҳ додан ба кабӯтарҳо бебору барг нагаштааст. 🙂👉 Такягоҳ бошем, меҳрубонӣ сахт нест. 🤲 Рӯзат...
18/05/2024

☝️ Ҳеҷ дарахте ба хотири паноҳ додан ба кабӯтарҳо бебору барг нагаштааст. 🙂
👉 Такягоҳ бошем, меҳрубонӣ сахт нест.
🤲 Рӯзатон саршор аз хушиву меҳрубониву барор бод!

Приложения KULOB.ONLINE в Google Play – Объявления KULOB.ONLINEKULOB.ONLINE – доска бесплатных объявлений, поможет быстр...
28/04/2024

Приложения KULOB.ONLINE в Google Play – Объявления KULOB.ONLINE

KULOB.ONLINE – доска бесплатных объявлений, поможет быстро и легко купить или продать. Квартиры, дома, авто, мебель, одежда, техника, личные вещи, ... Cайт: www.kulob.online Почта: [email protected] Тел: 300-600-700 Адрес: г.Куляб проспект И.Сомони-15

Муҳтарам мизоҷон, шарикон, ҳамкорон ва дустон!Роҳбарияти  «ЧДММ Дастрасони Кулоб » аз самими қалб шуморо бо иди Навруз м...
20/03/2024

Муҳтарам мизоҷон, шарикон, ҳамкорон ва дустон!
Роҳбарияти «ЧДММ Дастрасони Кулоб » аз самими қалб шуморо бо иди Навруз муборак мегуяд. Ба Шумову наздиконатон таманно дорем, ки ҳаммаи он орзуҳои дар дил парваридаатон ҷомаи амал пушад. Бигузор ҳамеша саломат, сарватманд, таъби болида ва ҳаммаи баракати мавҷуда насибатон гардад. Хоҳишмандем, ки баҳори нав ба Шумо соли бурдборӣ ва кушоиш дар ҳалли муаммову ниятҳоятон гардад. Муборак бод Навруз!
Бо камоли эҳтиром,
Ширкати «Дастрасони Кулоб»
ш. Кулоб, к. И.Сомони-15.
Тел: +992 300-600-700
www.kulob.online

..Писари ягонаи нависандаи маъруф будани худро дар донишгоҳ ошкор наменамуд. Нозпарвард, ки калон нашуда буд, ба азобу т...
09/03/2024

..Писари ягонаи нависандаи маъруф будани худро дар донишгоҳ ошкор наменамуд. Нозпарвард, ки калон нашуда буд, ба азобу тангдастиҳои донишҷӯӣ бардошт мекард. Фориғ аз таҳсил соате вақти худро беҳуда нагузаронида, ба китобхона мешитофт, аз алифбои арабиасос воқиф буд, маъхазҳоро варақ зада, чизҳои барояш лозимиро пайдо менамуд. Устодони донишгоҳро рағбати ба омӯзишу пажӯҳиш доштаи Камол қаноатманд месохт ва мутмаин мегардонд аз вай адабиётшиноси хуб мебарояд. Камол соли 1949 донишгоҳро бо дипломи имтиёзнок хатм намуд. Аспирантураи Институти шарқшиносии АУ Иттиҳоди Шӯравӣ низ паси сар гашт...
ОРЗУИ АЙНИИ БУЗУРГВОР
Устод Айнӣ дар ҳаёти оилавӣ низ ба дигарон намуна гардид ва бо бавоярасонии фарзандони собиру солеҳ ба исбот расонд, оила дар баробари таъминсозии абадият ва давомнокии ҳаёт маскани тарбия ҳисоб меёбад. Дар чӣ гуна инсон шуда ба воя расидани наслҳои оянда таъсири хонадон калон. Фарзандони устод Камол, Лутфия ва Холида, бинобар гирифтани тарбияи дуруст дар ин гуна муҳити оила, ба халқ ва ҷамъият низ муносиб фарзанд гардиданд. Шахсони номдор шудани онҳоро ба маънавияти хонаводагӣ вобаста мешуморанд, ки ин беасос нест.
Навъе огоҳем, Айнӣ ба тарбияи Холида ҷиддан машғул шуда, рисолае бо унвони «Қиз бола ёки Холида» (баъдтар худаш онро ба тоҷикӣ баргардонд) таълиф сохт, ки он дар мактабҳои усули нав ба сифати китоби дарсӣ солҳои дароз мавриди истифода қарор гирифт. Муаллиф тавассути образи Холида ва муҳити хонадон, ки ӯ тарбия гирифтааст, ба исбот расондан хост, хонадон барҳақ корхонаи муқаддасест, ки мӯъҷизот – инсонро «истеҳсол» мекунад, ҷаҳони маънавию ахлоқии тифл, баъде ӯ ба мактаб фаро гирифта шуд, ташаккул меёбад. Айнӣ гӯшрас мекард, дар мусаллаҳшавии насли ҷавон бо асосҳои дониш ва ахлоқ муассисаҳои таълимӣ низ таъсири бузург доранд.
Одатан ба тарбияи фарзанд, ки дар оилаи ҷавон ба дунё омадааст, бештар бобою бибиҳо машғул мешаванд. На ҷавонҳо, балки намояндагони насли калонсол, ки таҷрибаи бои рӯзгор доранд, ба оила роҳбарӣ менамоянд. Вале аснои фарзанддор шудан синни Айнӣ аллакай ба ҷое расида ва мезебид чун падар насиҳат кунад, ба фарзандон роҳи дурусти зиндагиро нишон диҳад.
Писари ягонаи устод Камолиддин 15 майи соли 1928 дар шаҳри Самарқанд таваллуд ёфт. Аснои дар дабистони таълими умумӣ таҳсил гирифтанаш ба адабиёт рағбати ҷудогонаи ӯ эҳсос мегашт. Хусусан, адабиёти классикӣ таваҷҷӯҳашро ба худ мекашид. «Намунаи адабиёти тоҷик»-и падар аз даст намегузошт. Дар арафаи анҷоми таҳсил дар мактаб чун изҳор намуд, ки шарқшинос шуданист, Айнӣ монеъ нагашт. Камол ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург (он вақт Ленинград) ҳуҷҷат супурд. Писари ягонаи нависандаи маъруф будани худро дар донишгоҳ ошкор наменамуд. Нозпарвард, ки калон нашуда буд, ба азобу тангдастиҳои донишҷӯӣ бардошт мекард. Фориғ аз таҳсил соате вақти худро беҳуда нагузаронида, ба китобхона мешитофт, аз алифбои арабиасос воқиф буд, маъхазҳоро варақ зада, чизҳои барояш лозимиро пайдо менамуд. Устодони донишгоҳро рағбати ба омӯзишу пажӯҳиш доштаи Камол қаноатманд месохт ва мутмаин мегардонд аз вай адабиётшиноси хуб мебарояд. Камол соли 1949 донишгоҳро бо дипломи имтиёзнок хатм намуд. Аспирантураи Институти шарқшиносии АУ Иттиҳоди Шӯравӣ низ паси сар гашт. Камол Айнӣ доири эҷодиёти Бадриддин Ҳилолӣ рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Монографияи илмии вай «Бадриддин Ҳилолӣ» соли 1957 аз чоп баромад.
Ҳилолӣ, ки чун булбули боғи адабиёти тоҷик ном баровардааст, таъкид месохт: «Ман подшоҳи ишқам, ин аст кишвари ман». Камол Айнӣ дар шарҳи ғазалиёти шӯрангези Ҳилолӣ менависад: «Мазмуни асосии ғазалҳои Ҳилолӣ ишқ аст. Сабаби асосии ин дар он аст, ки мазмуни назми лирикии замони Ҳилолӣ ба қонунҳои муайяни адабӣ, ки онҳо дар давоми чанд асри гузаштаи тараққиёти ҳаёти маданӣ кор карда шуда буданд, итоат мекард». Адабиётшинос тавзеҳ медиҳад, таҳти калимаи «ишқ», ки дар луғати Ҳилолӣ бисёр дучор меояд, маънӣ ва ҳадафҳои иҷтимоӣ низ ниҳон мебошанд.
Аз соли 1951 сар карда, мақолаҳои илмӣ-пажӯҳишии Камол Айнӣ, ки дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ва маҷмӯаҳои илмии фарҳангистони улум ба нашр расиданд, эътибори алоқамандони илми адабиётшиносро ба худ мекашанд. Таълифоти ӯ «Китоби нав дар адабиётшиносии тоҷик», «Бадриддин Ҳилолӣ ва достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ», «Беҳзод – суратгари бузурги тоҷик», «Тазкираи Ҳасани Нисорӣ ва нусхаҳои он», «Қасида дар осори Рӯдакӣ» ва ғайра аз ҷониби шарқшиносони маъруф ва аҳли илму адаб баҳои баланд гирифтанд.
Камол Айнӣ дар ба нашр омоданамоии осори классикони адабиёти форсӣ-тоҷикӣ низ хидмати босазо намуд. Таҳти эҳтимоми ӯ «Гулчине аз девони ашъор» ва «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Осори мунтахаб» (1958) ва «Ғазалиёт»-и Ҳилолӣ (1970) ҷомаи табъ ба бар карданд. Саҳми муносиби Камол Айнӣ дар мураттаб сохтан ва дастраси умум гардонидани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, асарҳои ҷудогонаи Абдураҳмони Ҷомӣ, Умари Хайём ва куллиёти устод Айнӣ қобили қайд аст.
Камол Айнӣ байни ҳамзабонҳоямон дар Эрону Афғонистон низ шуҳрат дошт. Хусусан, соли 1969 бо кӯшиши ӯ ба нашр омодагардии матни интиқодии «Ҳумо ва Ҳумоюн»-и Ҳоҷуи Кирмонӣ, ки аз достонсароҳои форсигӯст, баҳои сазовори худ ёфт. Соли 1965 дар Маскав мусаввараи «Ҷомӣ дар миниатюраҳои асри XVI» аз чоп баромад, ки яке аз мураттибони он Камол Айнӣ буд.
Камол яке аз шохаҳои пурбори эҷодии Айнии бузургвор – адабиётшиносиро ихтиёр сохта, дар таъмини бардавомии умри маънавии ӯ чун фарзанди сазовор ҳисса гузошт.
Имсол 140-солагии бузургдошти Садриддин Айниро қайд карда бошем, ҳоло ба рӯзи таваллуди парвардаи хонадони арҷманди ӯ Камол Айнӣ 90 сол пур гашт. Навъе мебинем, устод Айнӣ дар панҷоҳсолагӣ соҳиби писар шуда ва Камол ном гузошта, камолоти ҳарҷонибаи ӯро орзу карда буд. Орзуи бузургвор, метавон гуфт, ба амал баромад.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАБРИКОТИ 23 ФЕВРАЛ (РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ МУБОРАК) Фарорасии Рӯзи таъсиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун яке...
23/02/2024

ТАБРИКОТИ 23 ФЕВРАЛ (РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ МУБОРАК) Фарорасии Рӯзи таъсиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун яке аз идҳои хеле муҳими кишвар табрик ва таҳният гуфта, ба сарбозон ва ҳар як шаҳрванди кишвари маҳбубамон дар ин рӯзи пурифтихор рӯзгори ободу сарбаландиҳо ва саодатмандию пирӯзиҳо таманно дорем.
Иди Артиши миллӣ, иди далериву мардонагӣ, иди муҳофизони шуҷои Ватан мебошад. Яқин аст, ки ҳар яки Шумо ватандӯстони аслӣ ҳастед ва дар ободиву дифои Ватани азизамон ҳиссаи бузург доред.

Рӯзи далерони ҳақиқие, ки мақоми волои шуҷоатмандиро дарк кардаанд табрик мегӯем!

Бо камоли эҳтиром,

Ширкати «Дастрасони Кулоб»

ш. Кулоб, к. И.Сомони-15.

Тел: +992 300-600-700

www.kulob.online

kulob.online  Сомона барои хариду фурӯши молҳо, автомобилҳо, амволи ғайриманқул, хизматрасониҳои гуногун ва ҷои кори хол...
18/01/2024

kulob.online Сомона барои хариду фурӯши молҳо, автомобилҳо, амволи ғайриманқул, хизматрасониҳои гуногун ва ҷои кори холӣ!!
Сомона: www.kulob.online

KULOB.ONLINE. Удобный сервис, который позволяет быстро и безопасно продавать и покупать!!!Сайт: www.kulob.online
18/01/2024

KULOB.ONLINE. Удобный сервис, который позволяет быстро и безопасно продавать и покупать!!!
Сайт: www.kulob.online

03/01/2024
9 декабр «Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупсия»!Ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо ҳолатҳои коррупсионӣ ба рақами Мар...
08/12/2023

9 декабр «Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупсия»!
Ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо ҳолатҳои коррупсионӣ ба рақами Маркази ягонаи тамоси АНДМ ва МК ҶТ «1500» (+992 880006377 Whatsapp ва Viber) ё почтаи электронӣ [email protected] муроҷиат намоед.

9 декабря «Международный день борьбы с коррупцией»!
При столкновении с коррупционными явлениями обращайтесь в Единый контактный центр АГФКБК РТ по номеру «1500» (+992 880006377 Whatsapp ва Viber) или по электронной почте «[email protected]».

20/09/2023
28/05/2023

АКСИЯ БУРДНОК БАРОИ МУШТАРИЁНИ «ДУШАНБЕ СИТИ»!!!
Танҳо дар шаҳри Кӯлоб баробари пайваст шудан ба хизматрасониҳои «Душанбе Сити» ва соҳиби корти нав шудан, Шумо имкон пайдо мекунед, ки соҳиби яке аз Телевизорҳои ҳушманди TCL 32D3000 LED, 32 дюйм шавед.
Барои ин ба Шумо лозим аст, ки ба нуқтаҳои хизматрасонии «Душанбе Сити» воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, кӯчаи И. Сомонӣ 15, ошёнаи 2-юм, рӯ ба рӯи Муҷтамаи меъмории 2700-солагии Кӯлоб ва нуқтаи тозатаъсиси «Душанбе Сити» дар кӯчаи И.Сомонӣ-17 шафати меҳмонхонаи Кӯлоб муроҷиат намоед.
Пайвастшавӣ ба кортҳои «Душанбе Сити» ҳамоно бо нархи 15 сомонӣ дастрас мебошанд вале ин навбат баробари пайваст шудан Шумо имкон пайдо мекунед, ки соҳиби яке аз туҳфаҳои пешниҳодгардидаи мо шавед.
Шитобед шумораи кортҳои бурдноки мо маҳдуд буда танҳо аз марказҳои болозикр онро дастрас карда метавонед.
Телефон барои тамос: 100609999, 100459999
Сомона: www.kulob.online

17/05/2023

Ищите добавку для здорового сна?

Масло чёрного тмина действует как натуральное снотворное, помогает легко и быстро заснуть, улучшает глубину и качество сна, а кроме того способствует устранению проблемы прерывистого сна, позволяя полноценно выспаться и отдохнуть за более короткое время.

Хотите попробовать?

________________
Хотите заказать?
Свяжитесь с нами:
📞 +992 300-600-700
📞 +992 918-20-78-48
(Whats’App, Telegram, Viber)

Наш сайт:
🌐 alhadaya.tj
🌐kulob.online

Adresse

Проспект И. Сомони/15
Democratic Republic Of The
735360

Heures d'ouverture

Lundi 08:00 - 17:00
Mardi 08:00 - 17:00
Mercredi 08:00 - 17:00
Jeudi 08:00 - 17:00
Vendredi 08:00 - 17:00
Samedi 08:00 - 17:00
Dimanche 08:00 - 17:00

Téléphone

+992934207848

Notifications

Soyez le premier à savoir et laissez-nous vous envoyer un courriel lorsque 10cent publie des nouvelles et des promotions. Votre adresse e-mail ne sera pas utilisée à d'autres fins, et vous pouvez vous désabonner à tout moment.

Contacter L'entreprise

Envoyer un message à 10cent:

Vidéos

Partager