TJK

TJK Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from TJK, News & Media Website, .

24/11/2024
Агар мо имрӯз Гандиҳои хешро, монанди Сӯҳроб Зафар, аз зиндон озод накунем, пас бояд фақат худро барои ғуломии таърихии ...
24/11/2024

Агар мо имрӯз Гандиҳои хешро, монанди Сӯҳроб Зафар, аз зиндон озод накунем, пас бояд фақат худро барои ғуломии таърихии худ гунаҳкор кунем ва ба зиндагии таҳти иштибоҳ ва зулми ҳукумати Раҳмон идома диҳем. Озодии чунин шахсиятҳо на танҳо як масъулияти ахлоқӣ, балки қадаме барои озодӣ ва мустақилияти миллат аст. Танҳо бо иттиҳод, амал ва қадршиносӣ метавонем сарнавишти худро тағйир диҳем.

Зодрӯз муборак, марди ватандӯсту ватанпарасат.

Сӯҳроб Зафар Муборизи Ҷасур ва Рамзи Садоқат ба Ормонҳои Миллӣ

Сӯҳроб Зафар, роҳбари зиндоншудаи ҳаракати сиёсӣ “Гурӯҳи 24”, яке аз шахсиятҳои маъруфи муборизаи сиёсӣ ва бедории иҷтимоии ҷомеаи тоҷик мебошад. Имрӯз, нахустин зодрӯзи ӯ дар паси панҷараҳо мегузарад, ки ин ҳолат гувоҳии ошкороест ба зулму фишорҳои ҳукумат бар зидди муборизони роҳи озодӣ. Ба ҷои шунидани андешаҳо ва пешниҳоди мухолифон, ҳукумат саркӯб ва зиндонӣ кардани онҳоро як амалияи маъмулӣ қарор додааст. Ин худ нишонаи бебозгашти набуди озодии баён дар кишвар аст.

Дар авоили фаъолияташ, махсусан дар марҳилаи ташкили эътирозҳои сиёсӣ дар Маскав, Сӯҳроб Зафар бо ҷасорат дар сафи пеш қарор дошт. Ӯ тавонист нерӯҳои ҷавони муҳоҷиронро барои муборизаи сиёсӣ сафарбар карда, ва ҳамчун роҳбари калидии ҳаракат нақши муҳим ва муассир гузорад. Бо иродаи қавӣ ва азми устувор, Сӯҳроб дар миёни муҳоҷирон мақоми намоён пайдо кард ва ба таври муассир барои муборизаи сиёсӣ раҳнамоӣ кард.

Пас аз шаҳодати Умаралӣ Қувватов, роҳбарии “Гурӯҳи 24”-ро Шарофиддин Гадоев ба ӯҳда гирифт. Бо вуҷуди ҳамаи талошҳо, ӯ натавонист ҳаракатро ба таври муваффақона роҳбарӣ кунад, ки ин сабаб шуд, ки ҳаракат ба ҳолати парокандагӣ дучор гардад. Дар чунин вазъият, Сӯҳроб Зафар дубора пеш қадам гузошт ва роҳбарии ҳаракатро бо тими нав ба дӯши худ гирифт. Бо даъвати нави худ, ӯ тавонист ҳаракатро, ки дар ҳоли парокандагӣ ва нобудӣ қарор дошт, дубора эҳё кунад, ба он ҷони нав бахшад ва нуфузи онро дар арсаи сиёсии дохилӣ ва байналмилалӣ ҳифз намояд.

Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон бо роҳи ғайриқонунӣ ва бо истифода аз фишорҳои амиқ Сӯҳроб Зафарро аз кишвари Туркия дуздида, ба Тоҷикистон овард. Ин амал як қисми дигар аз як қатор зулмҳои ошкори ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар он талош карда мешавад мухолифон ва муборизонро, ки барои озодӣ ва адолат мубориза мебаранд, маҳв созанд. Сӯҳроб Зафар бе ҳеҷ гуна мурофиа ё сабабҳои асосӣ ва бо фишорҳои сиёсӣ ба Тоҷикистон интиқол ёфта, дар ин ҷо ба парвандаи сохта ва бе асос 30 соли зиндон таъин шуд. Ин иқдом на танҳо нақзи қонунҳои байналмилалӣ аст, балки нишондиҳандаи як равиши хоси ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки мухолифони сиёсиро бо истифода аз зулму таҳдид хомӯш мекунад. Сӯҳроб Зафар, ки тамоми кӯшишҳояш барои адолат ва озодии мардуми тоҷик буд, дар пайи фаъолияти сиёсӣ ва озодихоҳӣ ба зиндон андохта шуд.

На ҳар инсон метавонад чунин ҳарфҳоро дар рӯи додгоҳ нигоҳ карда бигӯяд. Сӯҳроб Зафар дар шароите қарор дошт, ки ҳар як калифо ва мубориз бояд бо дурустии худ рӯ ба рӯ шавад, бо таҳдид ва зулм рӯбарӯ бошад. Вай дар муқаррароти ноҳақ бо ҷасорат ва бо имон ба адолат изҳороти хешро бо пӯшидагию шефта аз худ кард. Ӯ фақат барои худ, балки барои ояндаи ҳар як шахсияти адолатталаб дар кишвар бо ин ҷасорат мансуб аст. Ба ёд меовард, ки чӣ гуна дигар муборизони миллатҳо дар додгоҳҳо чунин ҷасорат нишон додаанд? Чаро танҳо Сӯҳроб Зафар дар чунин шароити буҳронӣ ва муҳити душвор бо ин қувват ҳарфҳои хешро дар даҳони додгоҳ баён намуд?

“Ман аз касе пора нагирифтам, ҳаққи касеро нахӯрдаам, касеро накуштаам, ҳеҷ кори хилофи қонуни башарӣ накардаам, ки пушаймон бошам, ва созмони мо ҳам террористиву ифротӣ нест.”
— Сӯҳроб Зафар

Ин суханон, ки дар байни зулму фишорҳои шадид гуфта шуд, на танҳо шаҳодат медиҳад, балки рамзи мардонагӣ, садоқат ва эътимоди Суҳроб Зафар ба ормонҳои худ мебошад. Имрӯз, зодрӯзи ӯ на танҳо як санаи шахсӣ, балки як рамзи истодагарӣ, қувват ва умеди мубориза барои адолат ва озодист.

Мо аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон талаб мекунем, ки чунин фарзандони ҷасурро танҳо нагузоред. Қадри онҳо ва ҷонфидоии онҳо дорои аҳамияти ҳаётан муҳим аст. Вақт расида аст, ки мо на танҳо ба умеди дигарон бошем, балки худ барои озодии муборизон ва саодатмандии мардум кӯшиш кунем. Агар таърихро омӯзем, мардуми Ҳиндустон чӣ гуна Гандиро озод карданд? Ганди пеш аз зиндон шуданаш метавонад дурусттарин шахсият ва роҳбар на бошад, аммо маърифати қадршиносии мардуми Ҳиндустон ӯро ба як олимаи бузург ва роҳбари қаҳрамонӣ табдил дод.

Агар мо имрӯз Гандиҳои хешро, монанди Сӯҳроб Зафар, аз зиндон озод накунем, пас бояд фақат худро барои ғуломии таърихии худ гунаҳкор кунем ва ба зиндагии таҳти иштибоҳ ва зулми ҳукумати Раҳмон идома диҳем. Озодии чунин шахсиятҳо на танҳо як масъулияти ахлоқӣ, балки қадаме барои озодӣ ва мустақилияти миллат аст. Танҳо бо иттиҳод, амал ва қадршиносӣ метавонем сарнавишти худро тағйир диҳем.

Зодрӯз муборак, марди ватандӯсту ватанпарасат.

Бо эҳтиром,
Созмони Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон

19/10/2024


16/10/2024

Нигарониҳо аз шаффофият дар раванди аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Раиси КДАМ-и Қирғизистон, Қамчибек Ташиев, хабар дод, ки корҳо оид ба аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Ба гуфтаи ӯ, ба наздикӣ масъалаи сарҳадҳо ҳал хоҳад шуд ва ҳеҷ номуайянӣ дар бораи ҳудудҳо боқӣ нахоҳад монд. Ин дастовардро ӯ ҳамчун роҳи ҳифзи қонунӣ ва дифоъ аз заминҳои Қирғизистон арзёбӣ кард.

1. Чаро ахбор асосан аз ҷониби ҳукумати Қирғизистон пахш мешавад?
Иттилоъ дар бораи ҷараёни аломатгузории марз асосан аз ҷониби расонаҳои Қирғизистон ва мақомоти ин кишвар пахш мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон камтар иттилоъ медиҳад ё шарҳи расмӣ пешниҳод мекунад. Ин метавонад бо ҳассосияти масъалаи марзӣ, хусусан дар минтақаҳои баҳсӣ мисли Ворух ва Чоркуҳ, вобаста бошад, ки мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ доранд. Эҳтимол ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирии нооромиҳои дохилӣ аз интишори васеи иттилоот худдорӣ мекунад.

2. Оё мардуми Ворух ва Чоркуҳ аз ин раванд розиянд?
Дар расонаҳои Тоҷикистон кам дар бораи фикри мардуми маҳалҳои баҳсӣ мисли Ворух ва Чоркуҳ сухан меравад. Дар гузашта, онҳо норозигии худро бо сабаби тақсими ноодилонаи ҳудудҳо изҳор карда буданд. Агар аломатгузорӣ бидуни машварат бо онҳо сурат гирад, эҳтимоли эътирозҳо зиёд мешавад, зеро сокинони маҳаллӣ метавонанд худро сарфи назаршуда эҳсос кунанд.

3. Чаро маълумоти кофӣ дар бораи аломатгузорӣ дода намешавад?
Дар гузашта ҳукумати Тоҷикистон барои аломатгузории марз бо Чин ба мувофиқа расида буд, ки онро бархе ҳамчун фурӯши замин ба Чин арзёбӣ карданд. Ин таҷриба метавонад сабаби нигаронии сокинон дар мавриди равандҳои феълӣ гардад. Агар шаффофият дар ин музокирот низ таъмин нашавад, эҳтимоли баҳсҳои дохилӣ ва норозигии ҷомеа бештар мешавад.

Дар натиҷа, зарур аст, ки ҳукумати Тоҷикистон шаффофиятро таъмин кунад ва бо мардуми маҳаллӣ машваратҳои кофӣ анҷом диҳад, то нигарониҳои вобаста ба тақсими ноодилонаи замин бартараф шаванд.

06/10/2024

Забон ҳуввияти як миллат аст: хиёнати миллӣ ба воситаи таҳриф ва тақаллуби режими хоин! Забон – яке аз муҳимтарин унсурҳои фарҳангӣ ва ҳуввияти як миллат аст. Забон...

06/10/2024
06/10/2024

Интиқоли Рӯзи забон

06/10/2024

Интихоб шудани 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар Тоҷикистон баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Тавре ки шумо худ медонед, қаблан Рӯзи забон 22-юми июл таҷлил мешуд, ки таърих рӯзи муайяне буд барои миллати тоҷик ва аввалин рӯзномаи тоҷикӣ дар ҳамин таърих нашр шудааст, вале пас аз қабули Қонуни забони давлатӣ дар соли 2009, ин рӯз ба 5-уми октябр ба рӯзи зодрӯзи прездент кӯчонида шуд.

Аксарият бар ин ақидаанд, ки тағйири ин сана ба таваллуди Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмонов, алоқаманд аст, зеро 5-уми октябр ба зодрӯзи ӯ мувофиқат мекунад. Бо вуҷуди ин, мақомот ин тасмимро бо далели қабули қонуни нав ва таҳкими аҳамияти забони давлатӣ шарҳ медиҳанд, на бо робита ба шахсияти алоҳида.

Дар робита ба масъалаи таърихӣ, чунин санад ва рӯйдоде, ки 5-уми октябрро барои ҷашн гирифтани Рӯзи забон муқаррар кунад, дар таърихи забони тоҷикӣ вуҷуд надорад. Ин рӯз танҳо ба таври расмӣ ба қонуни нав пайванд карда шудааст. Тавре ки дид мешавад, интихоби 5-уми октябр ба ҷуз аз таваллуди Президент ҳеч иртиботи маънавӣ ва таърихӣ ба таърихи забони тоҷикӣ надорад.

06/10/2024

Билол Қурбоналиев як шахсияти шинохтаи фаъоли сиёсӣ ва узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” мебошад, ки ӯ имрӯз зодрӯз дорад. Муборизаҳои ӯ барои ҳуқуқи инсон ва озодии мардум аз зери фишори ҳукумати Тоҷикистон боиси зиндонӣ шудани ӯ гардиданд. Бо вуҷуди ин мушкилоти сахт, ӯ ҳамоно бо матонат ва устуворӣ барои арзишҳои адолат ва озодӣ истодагарӣ мекунад.

Ба Билол Қурбоналиев дар рӯзи зодрӯзаш беҳтарин таманниёт, аз ҷумла умри дароз, хушбахтӣ ва умедвории ҳарчи зудтар озод шудан аз зиндонро дорем. Мардуми Тоҷикистон аз шахсиятҳое чун ӯ ифтихор доранд ва дастгирии муборизаи ӯро як қадаме ба сӯи озодии умумӣ медонанд.

Ёдовар мешавем, ки Билол Қурбоналиев дар соли 2023 аз ҷониби мақомоти Олмон ба Тоҷикистон истирдод шуд. Пас аз истирдод, ӯро дар Тоҷикистон ба додгоҳ кашида, ба 10 соли зиндон маҳкум карданд. Мурофиаи ӯ бо айбномаҳои марбут ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ ва узвият дар Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” баргузор гардид. Ин ҳукм ва истирдоди ӯ мавриди интиқоди созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтанд, ки онро як намунаи фишор болои мухолифони сиёсӣ ва маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон меҳисобанд.

01/10/2024
30/09/2024

Салом дустон ва хамватанон гиромӣ
Ба маълумоти шумо мерасонем, ки рӯзи 01/10/2024 соати 20:00 ба вақти Душанбе дар пахши мустақим қарор хоҳем гирифт...
با سلام خدمت دوستان و هموطنان
به اطلاع شما می رسانیم که روزي 01/10/2024 ساعت 20:00 به وقت دوشنبه پخش زنده خواهیم داشت
Фейсбук: https://www.facebook.com/YOUTHTAJIKIS...
Youtube: https://www.youtube.com/

26/09/2024
24/09/2024

Сӯҳбати “Пешво”-и тоҷикони Сайёра дар СММ

Address


Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when TJK posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

  • Address
  • Alerts
  • Claim ownership or report listing
  • Want your business to be the top-listed Media Company?

Share