09/02/2024
12 СОЛАГӢ МУБОРАК БОШАД "ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН".
Бо рушди бештари илму фановарии навин дар саросари ҷаҳон мардумони кишварҳои мухталиф иттикои зиёд ба дунёи иттилоот ва ахбори тоза перомуни авзоъи сиёсии қарни ҷадид бештар мешавад. Падид омадани расонаҳо ва хабаргузориҳо дар саросари ҷаҳон боиси пайдоиши чолишҳо ва муборизоти шадиди иттилоотӣ дар ҷомеаи байнулмилалӣ шудааст. Дар ин росто хабарнигорон дар расонаҳои ҷаҳонӣ бо пӯшиши ҳаводиси мухталифи марбут ба авзои сиёсии дунё ва чолишҳои фаровон дар ин фароянд фазои хабарии ҷадидеро падид оварданд, ки ин фазо хилофи боварҳои мардумони ҷаҳон буд.
Бо пушт додан ба ин фароянди тавсеаи журнолисми байнулмилалӣ Тоҷикистон ҳам ибтикороти чашмрасеро барои муқобила бо ин чолишҳо ва хатарҳои ҷаҳонӣ анҷом дод. Намунаи боризи ин муқовиматҳои иттилоотӣ дар кишвар ба вуҷуд омадани барномаи сиёсию таҳлилии “Тоҷикистон ва ҷаҳон” дар ибтидои соли 2012 дар ТВ “Тоҷикистон” буд. Ин барномаи ҷаззоб, ки дар нахустин соли мавҷудияташ чандон ба корзори хабарии кишвари ҷавони Тоҷикситон чандон ошно набуд, дар муддати кӯтоҳе фазои барномаҳои телевизиони тоҷикро мутаҳаввил кард. Ба хусус муаллифи барнома Фатҳиддини Замон дар 12 соли мавҷудияти барнома бо зеҳнияту дониши бузургаш, ки бо хирад ҳамроҳ буд, ҷаҳиши пойдореро дар рушди рӯзноманигорӣ дар кишвар ва муқобила бо таҳдидҳои сиёсии садаи 21 ба вуҷуд овард.
Ин барнома дар нахустин солҳои падид омаданаш масоили зиёде, ба вижа авзои вахими кишварҳои ҷангзадаи ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳое чун Афғонистон, Сурия, Ироқ, Яман, Африқои Ҷанубӣ ва мамолики дигари дунё мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин мавзӯъоте чун меҳандӯстӣ, худшиносии миллӣ, бузургдошти торихи куҳани тоҷикон, рушди фарҳанги миллӣ ва ғайра аз ҷумлаи муҳимтарин аносири ин барнома буданд.
Дар солҳои баъдӣ шуҳрати барномаи сиёсию таҳлилии “Тоҷикистон ва ҷаҳон” густардатар шуд ва тамошогарону мухатабони барнома бештар шуданд. Изофа шудани мавзуъҳои зиёде ба шумораҳои муҷаддади ин барнома аз омилони аслии маҳбубияташ буд. Ба хусус таблиғи инсоният ба унвони мушаррафтарин махлуқот, ҳифозат аз ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқи модару кӯдак, таблиғи арзишҳои худшиносӣ, ислоҳот дар заминаи маориф, талошҳо барои нигаҳдории расму русум ва суннатҳои миллию таърихӣ ва ёдгориҳои бостонӣ, ҷанги иттилоотӣ, ҳифозат аз забон ва истифодаи вожаҳои куҳани порсӣ дар барномаи Тоҷикистон ва ҷаҳон кумки бештаре барои афзоиши ҳаводорони барнома карданд.
Муваффақияти барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” ба донишвару хирадманд ва забондон будани муаллифаш Фатҳиддини Замон пайванди танготанге дорад. Фатҳиддини Замон забонҳои мухталифи хориҷӣ, аз ҷумла англисиву арабиро хуб медонист ва ба таври хуб ба ин забонҳо мусаллат буд. Ӯ бо донистани ин забонҳо озими пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон шуд ва дар бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон нашрҳои вижаи барномаро таҳия кард. Ин вижабарномаҳо тариқи шабакаҳои телевизионии маъруфи ҷаҳонӣ пахш шуданд ва заминаро барои муаррифии миллати мутамаддини тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд оварданд. Пахши нашрҳои вижаи барномаи мазкур дар телевизиони бритониёии “Индепендент” ва телевизиони “Ал-ахбория”-и Арабистони Саудӣ далели маҳбубияти барнома дар кишварҳои хориҷӣ маҳсуб мешавад.
Сафарҳои пайвастаи Фатщиддин Замон ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон, мин ҷумла ба Ховари Миёна боиси маҳбубияти бештари барнома дар фазои хабарии кишвар ва фаротар аз он маҳсуб мешавад. Лаҳазоти мондагоре аз сафари ахираш ба ин минтақа дар чорчӯби баргузории кунфронсҳои байнулмилалӣ ин буд, ки ӯ бо 27 расонаи Ховари Миёна мусоҳибаи тахассусӣ анҷом дод. Вай дар ин гуфтугӯҳои маънодораш дар бораи шахсияти рӯзноманигор ва хидматаш барои муаррифии Тоҷикистон дар расонаҳои хориҷӣ ба хабарнигорон гузориш дод ва ҳамчунин ба баррасии масоили зиёде пардохт.
Ин ҳама натиҷаи талошҳои ин рӯзноманигори фарҳехтаи миллат мебошад, ки пайваста саъй мекунад хушхидматиаш ба ҳамаи касон кам нашаваду дар ҳоли афзудан бошад. Пайдост, ки рӯзномагироне чун Фатҳиддини Замон мудом барои бозтоби авзоъи сиёсии ҷаҳон ба мухотабони телевизионҳо гоме пойдор барои рушди бештари рӯзноманигорӣ дар кишвар ва тақвияти зеҳнияти сиёсии мардуми Тоҷикистон пайваста талош мекунанд. Дар ин замина дар барномаи сиёсию таҳлилии “Тоҷикистон ва ҷаҳон” таблиғи арзишҳои миллию мезандӯстӣ ва ҳифозат аз таҳдидҳои даврони ҷадид баҳсу баррасӣ мешаванд, ки ин яке аз васоили муҳими бедории бештари мардуми кишвар ба шумор мераванд.
Ёдамон наравад, ки дар ин барнома масоили дигаре чун ибтикороти ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи обу иқлим, ҷашнҳои куҳани Сада, Меҳргон ва Наврӯз, тақвияти саводи расонаии мардуми Тоҷикистон, тақдими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба якояки хонаводаҳои мамлакат ва соири мавзуъҳои дигар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.
Солҳои пеш барномаи мазкур бо мусоҳибаву гуфтугӯҳои тахассусии коршиносон таҳия мешуд ва бо иттилооти сареъ дар бораи мавзуъи барнома аз сӯйи муаллиф ба поён мерасид, вале тайи чанд соли ахир ин барнома бо ширкати меҳмононе таҳия мешавад, ки ҳар яке аз онҳо таҳлилгарони ҳавзаҳои мухталиф маҳсуб мешаванд. То ба имрӯз беш аз 800 шумораи барнома тариқи телевизиони “Тоҷикистон” пахш шудааст, ки ин боиси ҷазби бештари тамошогарон гардид.
Айни замон барномаи таҳлилии сиёсии "Тоҷикистон ва ҷаҳон" ба барномаи мавриди алоқаи мардуми Тоҷикистон табдил шудааст. Ин барномаи ҷолиб, ки муаллифаш Фатҳиддин Замон, рӯзноманигори муваффақи тоҷик аст, тайи дувоздаҳ сол аст, ки тариқи телевизиони “Тоҷикистон" пахш мешавад ва он барномаи дӯстдоштании бисёре аз тамошогарон ба шумор меравад.