25/01/2025
ИЛМУ МАОРИФ – МАСЪАЛАИ МЕҲВАРИИ
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат оид ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар назди аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми солонаи хешро ироа менамоянд. Дар Паёми хеш, Президенти кишвар соли сипаригардидаро ҷамъбаст намуда, муваффақиятҳо ва мушкилотҳои онро таҳлил менамоянд. Инчунин дар Паём доир ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон ва варзиш, занон, фарҳангу маънавиёт ва ғайра ҳамчун ҳадафҳои барномавӣ маълумот дода мешавад.
Паёми Пешвои миллат ҳамчун роҳнамои рӯйимизӣ барои ба роҳ мондани фаъолият дар ҳама соҳаҳои мамлакат маҳсуб ёфта, дастурамали мукаммал барои фаъолияти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Дар паёмҳои Пешвои миллат таҳлилҳои саҳеҳ ва асосноки барои хоҷагии халқ бениҳоят зарур пешниҳод гардида, нишондиҳандаҳои ҷумҳурӣ дар муқоиса бо солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат таҳлил гардида, манзури халқи тоҷик гардонида мешавад. Дар заминаи Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ дигар нақшаву барномаҳои давлатӣ тарҳрезӣ гардида, барои амалишавии онҳо дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд. Дар ин баробар, зимни ироаи Паём ба хотири рушди минбаъдаи кишвар як қатор вазифаҳо дар назди масъулини соҳаҳои мухталифи мамлакат гузошта мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як паёми солонаи хеш ба масъалаҳои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои бунёди корхонаҳои нав, аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои мошингард, бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии наврасону ҷавонон дар муассисаҳои илмиву таълимӣ, рушди неруи зеҳнии ҷомеа ва дар маҷмуъ ноил гардидан ба 4 ҳадафи стратегие, ки дар назди давлату ҳукумат гузошта шудааст:
аз бумбасти комуникатсионӣ баровардани кишвар;
таъмини амнияти озуқаворӣ;
ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ;
саноатикунониии босуръати кишвар, ки айни ҳол дар кишвари азизамон-Тоҷикистон заминаҳо барои расидан ба ин ҳадафҳои муҳиму стратегӣ тадбирҳои бузург амалӣ гардида истодаанд, таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир менамоянд.
Чун анъана, 28 декабри соли 2024, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” дар бинои нави Парлумони Тоҷикистон ба сокинони кишвар ироа гардид. Дар Паёми имсолаи хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумати кишвар қарор доштани соҳаи илму маорифро бори дигар таъкид намуданд. Пешвои миллат дар ҳар як паёмашон доир ба соҳаи илму маорифи кишвар ташаббусу пешниҳодҳои наҷибонае анҷом медиҳанд, ки эълони озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм -фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!”, ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, эълони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040”, эълони соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани музди меҳнати кормандони ин соҳа далели гуфтаҳои болост. Ҳадафи ягонаи Роҳбари давлат низ аз ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи саводнокию маърифатнокии мардум, хосса наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Воқеан, роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар дар муддати зиёда аз 33 соли соҳибистиқлолии ватанамон бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки иҷтимоии хеш қарор додааст, ки ин аз ғамхории давлату ҳукумат нисбат ба соҳаи илму маориф дарак медиҳад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди миллатро вобаста ба пешравии соҳаи маориф эътироф карда, ғамхорӣ нисбат ба онро сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободу дурахшони давлату Ватан меҳисобанд. Чи хеле ки медонем, Пешвои миллат барои рушди фанҳои дақиқ “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро барои солҳои 2020-2040” эълон намуда буданд. Инчунин, дар Паёми соли 2022 диққати роҳбарони муассисаҳои таълимиро ба омода кардани омӯзгорони фанҳои дақиқ бо забонҳои русию англисӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй дар ҳама зинаҳои таҳсилот ҷалб намуда буданд. Ҳамчунин доир ба ин масъала, ба Вазорати маориф ва илми кишвар супориш доданд, ки ҷиҳати омода намудани омӯзгорони фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ бо забонҳои хориҷӣ ва дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳида чораҷӯӣ намоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумориданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ, дар ҳама факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ ташкили гурӯҳҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шавад. Бояд гуфт, ки дар замони муосир омӯхтани забонҳои хориҷӣ барои ҳар як фарди солимфикр амри зарурист. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз намудаанд, ки Тоҷикистон имрӯз бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвари ҷаҳон муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад. Бинобар ин, масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таълимӣ хеле ҷиддӣ бояд ба роҳ монда шавад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳиммияти масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷиро ба инобат гирифта, фармони дахлдорро дар хусуси омӯзиши забонҳои хориҷӣ миёни кормандони вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба таври ҳатмӣ бароварданд.
Имрӯз масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ки ҷузъи соҳаи илму маориф маҳсуб меёбад, дар меҳвари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шудааст. Илова бар ин, дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат супориш доданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мамлакат аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад.
Яке аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки дар самти илму маориф баён гардид, ин бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Дарвоқеъ бо омӯхтани таҷрибаи давлатҳои пешқадами дунё дар самти ихтирооту навоварӣ, дарёфти ҷавонони лаёқатманд ва хушзеҳн барои мо маълум мегардад, ки омӯзиши таҳсилоти томактабӣ то чӣ андозае барои наврасону ҷавонон таъсиргузор аст. Бо дарки амиқи ин масъалаи муҳим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагонӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Бояд қайд намуд, ки рушди ҳама соҳаҳои мамлакат аз рушди бомароми соҳаи маориф сарчашма мегирад. Бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ва ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба таҳсилоти томактабӣ метавонад ба баланд бардоштани савияи дониши онҳо, махсусан майлу рағбати онҳоро ба омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ афзун намуда, ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҷомеа таъсири мусбӣ расонад.
Имрӯз, таҳсил дар муассисаҳои ибтидоии мамлакат аз синни 7 – солагӣ оғоз мегардад. Агар мо муассисаҳои томактабӣ надошта бошем, ин маънои онро дорад, ки 7 соли ҳаёти кӯдакон дар муҳити оила ва ҷомеа мегузарад. Албатта ҷомеаи имрӯза барои кӯдакон на он қадар таъсири мусбӣ мерасонад. Аз он ҷумла, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои мобилӣ, ки аз нигоҳи тиббӣ ба ҳолати рӯҳию равонии наврасон таъсири манфӣ мегузорад, хеле зиёд ба мушоҳида мерасад. Ҳар як оилаи кишвар имрӯз шоҳиди ин ҳолат аст ва хуб медонад, ки ин амал боис ба чӣ оқибатҳои манфӣ мегардад. Аммо новобаста аз ин бо лутфу муҳаббати падаронаву модаронаи хеш ба ташаккули кӯдакон монеа эҷод менамоянд. Яъне ба чунин хулосае омадан мумкин аст, ки 7 соли ҳаёти кӯдакон дар миёни оила ва ҷомеа бо таҳдиду хатарҳои муосири ҷаҳонӣ аз сар мегузарад. Пас дар ин сурат бунёди муассисаҳои томактабӣ дар кишвар ҳамчун маҳаки асосии таълиму тарбия маҳсуб ёфта, фарогирии зиёди кӯдакон дар онҳо ба рушди босуръати илму техника мусоидат менамояд.
Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро ба нақша гирифтааст.
Бунёд ва ба истифода додани ин муассисаҳо фарогирии кӯдакону наврасонро ба муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ афзун намуда, дар баланд гардидани сатҳи донишу малака, ихтироъкориву навоварӣ ва забондониии онҳо мусоидат менамояд.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дарназардошти омода намудани мутахассисон дар тамоми соҳаҳои муҳими ҷомеа муассисаҳои илмиву таълимӣ, техникӣ, информатсионӣ, лингофонӣ ва лабораториву таҷрибавиро таъсис дода истодааст. Дар қиёс ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои таълимӣ дар кишвар чанд баробар афзун гардида, сатҳи донишандӯзии наврасону ҷавонон низ чанд зина баланд бардошта шуд. Яке аз тадбирҳои муҳиме, ки ҳукумати мамлакат дар самти дарёфти дурусти кадрҳои лаёқатманд дар даврони соҳибистиқлолӣ амалӣ намуд, ин таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин Марказ бо иқтидори бузурги худ тавонист роҳу воситаҳои дохил шудан ба муассисаҳои таълимиро барои ҷавонон, махсусан ҷавонони минтақаҳои дурдасти кишвар осон намуда, низоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии Тоҷикистонро ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонад. Дигар иқдоме, ки дар ин самт амалӣ гардид, ин таъсиси Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо мебошад. Ҳамасола шоҳиди онем, ки раванди баргузории озмуну олимпиадаҳои фаннӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба таври шаффоф баргузор гардида, ҷавонони лаёқатманд дарёфт ва қадрдонӣ карда мешаванд. Ин тадбирҳои амалигардида тавонист сатҳу сифати донишандӯзии наврасону ҷавононро дар кишвар чанд баробар баланд гардонад.
Дар ин баробар, бояд иброз намуд, ки дар қиёс ба соли 1991 имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ҷумҳурӣ 3,7 баробар зиёд гардида, шумораи муассисаи таҳсилотии олии касбии мамлакат аз 13 адади соли 1991 ба 48 адад дар соли 2024 омада расидааст. Инчунин талабот ба донишомӯзӣ низ бамаротиб афзун гардида, шумораи донишҷӯён бошад аз 69 ҳазори соли 1991 ба 214 ҳазори соли 2024 баробар гардидааст.
Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ин соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумат қарор дорад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи хоси давлату ҳукумат аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат музди меҳнати кормандони соҳаи маорифи кишвар 22 маротиба зиёд карда шудааст. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо инобати муҳим будани масъалаи мазкур маоши вазифавии кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумиро аз 1-уми сентябри соли 2025 дар ҳаҷми 30 фоиз баланд намуданд.
Дар зарфи зиёда аз 33 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи илму маориф ботадриҷ рушд намуда, мушкилоти асосии соҳа бартараф ва низоми соҳа ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонида шуд. Аммо то кунун мушкилиҳои дигаре низ дар раванди бунёди маорифи миллӣ дар мамлакат вуҷуд доранд. Дарёфти кадрҳои лаёқатманд ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аз ҷумлаи мушкилиҳои асосии соҳаи маорифи мамлакат маҳсуб меёбад. Имрӯз масъалаи дарёфти кадрҳои соҳибкасбу ихтисосманд, забондон, навовар, эҷодкор ва суханвар дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, пайваста дар ин самт тадбирҳои зарурӣ рӯйи кор меоянд. Чи хеле ки дар Паёми Пешвои миллат дарҷ гардид, рушди маориф бо пешрафти соҳаи илм пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне рушди соҳаи маориф ба пешрафти илми ватанӣ мусоидат намуда, дар ин баробар рушди илми ватанӣ ба пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъсири мусбӣ мегузорад. Аз ин лиҳоз, мусаллаҳ гардонидани наврасону ҷавонон бо донишҳои муосир ва рушд додани неруи зеҳнии онҳо яке аз гомҳои устувор дар роҳи расидан ба ҳадафҳои асосии мамлакат маҳсуб меёбад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ҳамаҷонибаи илм бо истеҳсолот ва баланд бардоштани савияи касбии навасону ҷавонон тадбирҳои заруриро рӯйи даст гирифтааст. Яке аз тадбирҳои муҳиму саривақтӣ, ки аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардонида шуд, ин таъсиси Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” мебошад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008, №502 амал менамояд. Мақсади асосӣ аз таъсиси Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” ин дастгирии шахсони болаёқат ва бо назардошти талаботи иқтисоди миллӣ тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ буда, аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ амалӣ мегардад. Стипендияи мазкур ба шахсони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон дода мешавад. Бояд қайд намуд, ки ин тадбири андешидаи Роҳбари оқилу хирадманд ва маорифпарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кутоҳ натиҷаҳои дилхоҳ ба бор оварда, рушди босуръати соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъмин гардида истодааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди кишвар барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари мутараққии ҷаҳон фиристода шудааст. Имрӯз бошад 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати пешрафтаи ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки аз ин шумора 13 ҳазор ё беш аз 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки амалишавии ин тадбири муҳим дар оянда метавонад ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидати калон намояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироз намуданд, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд. Ҳамчунин, бо ин мақсад дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Дарки дуруст аз ин суханҳо дар он зоҳир мегардад, ки имрӯз Ҳукумати мамлакат барои рушди маорифи миллӣ ва тавссути он баланд намудани нишондиҳандаҳои иқтисоди миллӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда, бо инобати зиёд гардидани аҳолии мамлакат рӯз то рӯз бунёди муассисаҳои нави таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, инчунин миёна ва олии касбӣ дар кишвар афзун гардида истодааст. Қобили қайд аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ин нишондиҳанда, ки аз кӯмаку дастгириҳо ва сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифтааст, нисбат ба солҳои тоистиқлолият тавофути хеле калонеро ба миён мегузорад. Яъне, агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд, ки шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бунёди муассисаҳои таълимӣ дар кишвар ба ҳукми анъана даромада, қисме аз ҷониби ҳукумат ва қисми дигар аз ҷониби соҳибкорону саховатпешагони ватанӣ бунёд гардида, бо тарҳу усули муосир ба истифода дода мешаванд. Яъне, имрӯз дар баробари Ҳукумати кишвар шаҳрвандони мамлакат низ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии мамлакат, аз ҷумла дар бунёди маорифи миллӣ саҳми назарраси хешро гузошта истодаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханрониҳояшон миннатдории Ҳукумати кишварро ба шахсоне, ки ба корҳои хайру эҳсонкорӣ, аз ҷумла бунёди муассисаҳои таълимӣ, роҳу пул ва дигар амалҳои неки инсонӣ машғул ҳастанд, мерасонанд ва онҳоро пайваста дастгирӣ менамоянд.
Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат пешрафти минбаъдаи соҳаҳои илму маорифро аз вазифаҳои авлавиятдоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон дошта, рушди бомароми ин соҳаро василаи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ номиданд. Яъне рушди ҳамаҷонибаи илму маориф дар таҳкими пояҳои давлати ҳуқуқбунёд ва демокративу дунявӣ нақши калидӣ мебозад. Ба ин маънӣ шоир бисёр зебо фармудааст:
Пояи давлат набошад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ рӯй ба мактаб ор,
Дастовардаҳои соҳаи маориф ва илм дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат беҳаду канор аст. Ҳамасола дар Тоҷикистон муассисаҳои нави таълимӣ ва илмӣ бо дарназардошти талаботи байналмилалӣ бунёд гардида истодааст. Агар мо шумораи муассисаҳои таълимӣ ва илмии мамлакатро ба солҳои тозаистиқлолии мамлакат муқоиса намоем, он гоҳ дарк хоҳем кард, ки дар ин даврон халқи тоҷик таҳти сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чи гуна дастовардҳои бузург ноил гардидааст. Масалан дар соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият менамуд. Имрӯз ин шумора ба 4037 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ баробар гардидааст. Дар ин солҳо танҳо шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 33 адад зиёд гардидааст. Танҳо дар соли 2024 273 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ а бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 57 610 ҷойни нишаст дар як баст бунёд гардидааст. Яъне дар маҷмӯъ 2 миллиону 357 ҳазор хонанда дар соли 2024 ба таҳсил фаро гирифта шуд.
Дар ин баробар, таъсиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз тадбирҳои муҳиму саривақтӣ дар самти рушди маорифи миллӣ мебошад. Ба зиммаи ин Кумитаи навтаъсис амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вогузор гардидааст. Мақсади асосӣ аз таъсиси Кумита ин таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ, омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ, баланд бардоштани сатҳи касбомӯзӣ миёни наврасону ҷавонон ва умуман аҳли ҷомеа, инчунин рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар мамлакат мебошад.
Чи хеле ки дар Паёми навбатӣ иброз гардид, имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд.
Бояд гуфт, ки имрӯз норасоии кадрҳои баландихтисос, забондон ва ихтироъкору навовар мушкилоти рақами яки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии мамлакат мебошад. Донишманду босавод гардидани аҳли ҷомеа барои ҳар як давлат музаффарияти хеле калон мебошад. Зеро дониш сифати ҷомеа ва муаррифкунандаи давлат дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Пешвои миллат зимни ироаи Паём иброз доштанд, ки сатҳу сифати таълимро дар муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ зери назорати ҷиддӣ қарор дода, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявиро дар онҳо ба таври дуруст ҷорӣ намоем.
Имрӯз дар баробари муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар назди ҳар як донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ шуъбаҳои магистратураву докторантура, инчунин шуъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогӣ таъсис дода шудааст, ки мақсади асосии онҳо ин пеш аз ҳама омода намудани кадрҳои дорои дараҷаи илмӣ мебошад. Аммо хеле аён ба назар мерасад, ки имрӯз на ҳама хатмкунандагони ин муассисаҳо ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғул мегарданд. Моро зарур аст, ки бо дарёфти роҳу василаи муҳиму таъсирбахш дар ин самт тамоми кушишу талошҳои хешро дареғ надошта, барои ояндаи дурахшони миллат дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмат кашем.
Суҳбату вохӯриҳои пайвастаи Роҳбари давлат бо аҳли илму маорифи кишвар аз таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи илму маориф ва дар меҳвари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани онро дарак медиҳад. Танҳо дар соли 2024 Пешвои миллат бо аҳли илм ва маорифи мамлакат ду маротиба мулоқот намуда, мушкилот ва дурнамои соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ ва барои ислоҳи вазъ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Роҳбари давлат бо мақсади дарёфти кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи корҳои илмӣ дар мамлакат ба вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Дар умум бояд тазаккур дод, ки муҳимтарин ва арзишмандтарин хусусияти Паёми Пешвои миллат ин донистан, ҳаллу фасл кардани мушкилоти ҷомеа, пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ тавассути илму дониш ва маърифат мебошад. Зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни суханрониҳои хеш иброз намудаанд, ки ягона чизе, ки садди роҳи ҷоҳилият меистад ин маърифат аст. Ҷомеаи бомаърифату донишманд ҳамеша ба сӯйи пешравию тараққиёт ҳаракат мекунад. Аммо ҷомеаи бесавод бемаърифат аст ва ҷомеаи бемаърифат ҷоҳилият аст.
Имрӯз мо шоҳиди онем, ки хизматҳои ҷоннисорона, садоқатмандона ва раиятпарваронаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои бениҳоят чашмрас ба бор оварда истодааст. Инро натанҳо халқи тоҷик, балки аҳли башар имрӯз дарк намуда истодаанд. Эълон доштани маорифи миллӣ ҳамчун пояи асосии давлатдории миллӣ ин аз бузургии Пешвои миллат шаҳодат медиҳад. Муҳтарам Пешвои миллат ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро дар мактабу маориф ва илму дониш медонанд ва ин қишри ҷомеаро пайваста дастгирӣ менамоянд. Чи хеле ки зимни ироаи Паём иброз намуданд, сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд.
Профессор Саймумин Ятимов дар мақолаи худ хеле олӣ дарҷ намудааст, ки давраи роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба бахти миллати тоҷик, зиёда аз чоряк асрро дар бар мегирад, замони гул-гулшукуфоии асосҳои бунёдии давлати миллии тоҷикон, аз ҷумла, соҳаи мактабу маориф мебошад.
Дар ин радиф, мо – шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки Паёми Пешвои миллатро дастури рӯйимизии худ қарор дода, дар ҳалли норасоиҳо ва мушкилоти ҷойдоштае, ки дар паёмашон Пешвои миллат қайд намуданд, саҳми арзандаи хешро гузорем, ба қадри ин ҳама дастгириҳои роҳбарияти давлату ҳукумат расида, дар гулгулшукуфоии кишвари азизамон камари ҳиммат бандем. Хусусан, бардоштҳо аз Паёми Пешвои миллат мо – ҷавононро водор месозад, ки омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷиро дар сатҳи олӣ ба роҳ монда, ҷойгоҳи илму маорифи кишварро дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардорем.
Абдулхайр АБДУРАҲМОНЗОДА,
сардори Раёсати ташкили коргузорӣ, назорат ва кор бо кадрҳои Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон